• Статистика

  • Blog Stats

    • 432,470 hits
  • Flag Counter

САИДА: “ШАХСЕ, КИ ДОРОИ РАФТОРИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК ВА ПИНДОРИ НЕК БОШАД…”

Саида - Шон-МС

Саида — Шон-МС

-Саидабону, чаро яку якбора имиҷи худро иваз кардед? Шумо барои зебоии зоҳир заҳмати бисёр мекашед?

-Ҳар як сароянда дар талоши он аст, ки дар ҳар як клипаш ба таври дигар намоядбаҳри мухлисонаш мекӯшад, ки тафовут дошта бошад. Чун асри 21 аст ва ҳар як одам метавонад дар кораш як таҳавулоти нав пайдо кунад. Ба хотири суруду клипҳо дигар кардам. Аз он як саидаи ҷавон ба Саидаи мукаммал, ки устуворона гом мезанад дар ҷодаи ҳунар. Дар клипи Бачаи ғармӣ майда майда бисёриҳо пайхас карданд, ки ӯ куллан дигар шудааст. Барои ҳунарманд муҳим аст дигар шудан чун имрӯз бинандаи имрӯз хеле дигар шудааст. Читать далее

САДРИДДИН: ПИСАРАМ ОРЗУИ ФУТБОЛБОЗ ШУДАНИ МАРО АМАЛӢ МЕСОЗАД

Ба ҷойи сарсухан

Садриддин - Хайфа Вахби

Садриддин — Хайфа Вахби

Мактаби ҳунарии Садриддини Наҷмиддин сазовори омӯхтану ба ӯ пайравӣ кардан аст. Ба андешаи Шоираи Раҳимҷон бигзор дигарон бинишинанду аз Садриддин биомӯзанд хоксор буданро ва таҳаммул кардани он ҳама шӯҳратҳое, ки ба сари инсонӣ мерезад. Садриддин ҳунармандест, ки солиёни зиёд  рӯи саҳна мондагор аст . Читать далее

РУСТАМИ НУР: «АГАР ДАР ОИЛА МАРД САХТГИР НАБОШАД…»

Рустам - Манижа

Рустам — Манижа

17 декабри соли 1976 дар ноҳияи Хуросон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 16-и ҳамин ноҳияро хатм намуда, таҳсили худро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода, дар шуъбаи актёр-режиссёри драма ва кино давом додааст. Фаъолияти ҳунарии худро ба ҳайси актёр дар театри «Оина» оғоз кардааст. Читать далее

МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ: ТОБИСТОН БАРОЯМ ФАСЛИ САФАРҲО БУД

Мехрнигор - Акшай

Мехрнигор — Акшай

Меҳрнигори Рустам 12 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст.  Ин духтари наҳифпайкари нозукадо бори нахуст соли 2000 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» бо суруди “Куртаи чакани ман” рӯи саҳнаи бузург омад ва маҳз аз иштирок дар ҳамин озмун ғунчаи умеди Меҳрнигор ба шукуфтан сар кард. Читать далее

СУРУШ ХОЛОВ: АГАР ДӮСТОНАМРО НОМБАР КУНАМ, САФҲАИ ШУМО НАМЕРАСАД

Суруш - Рия Сен

Суруш — Рия Сен

Суруш Холов бо лаҳни гуворову ба худ хосаш дерест, ки дилу дидаҳои мардуми ҳунардӯстро тасхир намудааст. Номаҳои пур аз меҳру ихлоси хонандагони ҳафтаномаи мо гувоҳи ин суханонанд. Мо намунае аз номаҳои сершуморро пешкаши Суруш намуда, посухашро бо меҳру ихлос пешниҳоди хонандагони хеш мегардонем. Читать далее

ВАЛИҶОН АЗИЗОВ: ШӮҲРАТ БАРОЯМ ОСОН БА ДАСТ НАОМАДААСТ

Ноздонаи хонадон

Ненси Ачрам - Валичон Азизов

Ненси Ачрам — Валичон Азизов

Табиати биҳиштосову афсункори кӯҳистон, боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои софу зулоли деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ  ба ӯ накҳату ғановати афзун бахшида, садои форамаш ато кардаанд. “Ӯ аз хурдӣ ноздонаи хонадон, писари кенҷагии оила  буд.  Ҳама ба суханҳояш гӯш медоданд. Падар ба хона бозичаву ҳар гуна тӯҳфаҳо меоварданд, мошини аз ҳама зебову калон насиби Валиҷони эркаю чарогӯяк мегардид”, — нақл мекунад бародараш Абдуҷалил Азизов. Читать далее

«ИШҚ ВА ҶАЗО»-И ЗИНДАГИИ НУРГУЛ ЕШИЛЧАЙ

Нургул Ешилчай - Сирочиддин Фозилов

Нургул Ешилчай — Сирочиддин Фозилов

Нургул Ешилчайро тамошобинон дар силсилафилми туркии «Ишқ ва ҷазо» дар нақши Ясмини нилгунчашм дида мафтуну шефта гардиданд.  Дар ин филм Ясмин дар арафаи ҷашни арӯсиаш азизи дили хешро бо каси дигар дида, дилаш аз зиндагиву ишқу муҳаббат сард мегардад. Читать далее

Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.