• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

АЙШВАРИЯ РАЙ: АҚДИ НИКОҲИ МАН БА ТАВРИ САРОСЕМАГӢ БА АМАЛ ОМАД

Айшвария Рай

Айшвария Рай

Айшвария… баробари ин номро ба забон гирифтан пеши назар чашмони кабуди соф, хандаи малеҳ ва нигоҳи беғашу чеҳраи дилкаш пайдо мешавад. Ин  бонуи зеботарини ҷаҳон аз оғози карераи худ ягон маротиба ҳам аз қуллаи шӯҳрат нафаромадааст.

Маҳз бо ҷаҳду талош дар синамо Айшвария тавонистааст, ки номи суперситораро ба худ касб кунад. Ӯ 1-уми ноябри соли  1973 дар оилаи нависанда ва офисери ҳарбӣ ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба мусиқии классикӣ ва санъати рақсро муҳаббат дошт. Бо забонҳои англисӣ, урду, ҳиндӣ озодона ҳарф мезанад. Дар шабакаи Интернет 17 000 сайт дар бораи ин бонуи серхаридори Болливуд маълумот медиҳад.

— Кадом хислатро дар одамони наздикатон бад мебинед?

— Дер монданро дӯст намедорам. Ин одат аз модарам ба ман мерос мондааст. Ӯ ҳамеша маро таъкид менамуд, ки ботартиб будан баробари маълумоти олӣ ва дониш барои ҳар духтар хеле муҳим аст.

— Оғози ба шӯҳрат қадам монданатонро дар хотир доред?

— Ростӣ, ман ҳамеша ба наворгирӣ, мусоҳиба бо журналистон ва фотосессияҳо банд ҳастам. Бо ҳамин тартиб аз соли 1994, аз ҳамон айёме, ки дар чорабинии «Miss World» ба сарам тоҷи ифтихориро ниҳода, маро бонуи зеботарини ҷаҳон эълон доштанд, зиндагӣ мекунам. Пас аз даҳ сол журнали «Time» маро ба рӯйхати «100  одамони таъсирбахши ҷаҳон» дохил намуд.

— Пас аз чунин ғолибият тамоми ҷаҳон донист, ки шумо ҳиндудухтари зеботарин дар олам ҳастед. Қобилият ва ҳусни шуморо дар синамо чӣ гуна пазируфтанд?

— Бале, баъди чунин шӯҳрати азим маро натанҳо дар филмҳои ҳиндӣ, балки дар филмҳои истеҳсоли Бритония ва ИМА даъват мекардагӣ шуданд. Дар филмҳои хориҷӣ албатта, ман бо забони англисӣ ҳарф мезадам.

— Аз баргузории ақди никоҳи худ бо Абхишек Баччан розӣ ҳастед?

— Ростӣ, баргузории маросими издивоҷи ман ба таври саросемагӣ сурат гирифт. Ман қариб, ки ба иҷрои баъзе корҳо фурсат наёфтам. Дар Ҳиндустон тӯй ин рӯзи аз ҳама беҳтарин ва муҳим дар ҳаёти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Барои ин бо тамоми қоидаҳо арӯс муддати зиёд омодагӣ мебинад, шояд се-чор моҳ… Дар ҷараёни тайёрӣ аҳли хонавода бояд арӯсро бо таомҳои беҳтарин ва сервитамин нигоҳубин кунанд, либосҳои зебо дӯзанд ва маводҳои қиммати ороишӣ харанд.

Ман ба Ҳиндустон омада ба модарам изҳор доштам, ки метавонам ҳамаашро дар як ҳафта анҷом диҳам. Ёд дорам, ки модарам ба ман ниқоби тароватбахши рӯйро омода сохта буд, ки муддати як ҳафта истифода бурдам. Метавонам онро ба дигар бонуҳо барои нигоҳдории назокати рӯй пешниҳод созам. 2-3 қошуқ асал, равғани бодом ва бананро бо ҳам омехта ҳар субҳ ба рӯй молед. Натиҷаашро худатон эҳсос хоҳед кард.

— Агар шуморо барои истироҳат ба ҷазираи кашфнашуда даъват кунанду танҳо ҳамроҳ гирифтани як намуди кремро иҷозат диҳанд, чӣ кор мекунед?

— Худо нишон надиҳад! Хайр, агар иҷозати як кремро иҷозат диҳанд, ман маҳсули ширкати «L’Oréal» интихоб мекунам, зеро бо ин ширкат ҳамкорӣ дорам.

— Мегӯянд, ки шумо пас ғолиб омадан дар озмуни ҷаҳонии зебоӣ танҳо дар кино ширкат меварзед ва аз касби моделӣ батамом даст кашидаед. Рост аст?

— Бо тиҷорати моделӣ дар даврони донишҷӯиам машғул будам ва ин машғулият асоси зиндагии маро ташкил намедод. Ростӣ, ман аз хурдӣ орзуи ҳунарманд шуданро доштам. Гап дар сари он ки барои ман ба санҷидани ҳар коре, ки аз дастам меояд, шавқовар аст.

— Ихтисосатон чӣ аст?

— Дар шӯъбаи архитектура таҳсил намудаам. Гумон мекунам, ки дар ин самт қобилият дорам, вале барои фаъолият дар ин соҳа вақт надорам.

— Мухлисони филмҳои ҳиндӣ дар гӯшаву минтақаҳои хурди олам кам нестанд ва онҳо метавонанд зуд-зуд филмҳои навтарини ҳиндугиро дастрас гардонанд. Агар шумо шунида бошед, мегӯянд, ки дар Ҳиндустон ҳар ҳафта як филм ба навор мегиранд. Нуқтаи назаратон дар ин мавзӯъ чӣ гуна аст?

— Ҳаргиз ин тавр нест. Аз таҷрибаи худам медонам, ки дар болои як филм кор кардан то як соли идома меёбад ва заҳмати зиёд металабад. Лекин айёми пеш, ки ҳоло ман ягон унвон надоштам, дар филмҳои осон ва дақиқаҳои камдошта, ки дар мӯҳлати кам рӯи сабт меомаданд, ширкат меварзидам.

— Чӣ гуна мардҳо ба шумо писанданд?

— Мардонагӣ ва ҷасорати ҷинси муқобилро дӯст медорам. Агар дар мардон чунин хислат ёфт шавад, вай аллакай шарики ман аст. Аз мушоҳидаҳоям дарёфтаам, ки дар Голлувуд чунин ашхос зиёданд. Дар воқеъ ман дар хурдӣ бисёр филмҳои Шӯравиро тамошо мекардам, ки ҳунармандонаш маъқулам буданд.

— Мо бошем филмҳои «Танцор-диско» ва «Оворагард»-ро тамошо менамудем…

— Медонам, медонам, ба мо волидон ва омӯзгорон дар мактаб мегуфтанд, ки русҳо ва тоҷикон филмҳои ҳиндуро хеле дӯст медоранд ва барои тамошо дар як рӯз панҷ-шаш бо ба кинотеатр меоянд. Шунидани чунин суханҳо бароямон гуворо буд, зеро асосан дар олам дар бораи филмҳои ҳиндӣ ақидаҳои манфӣ меронданд.

— Мегӯянд, ки дар Ҳиндустон одамони харобро намеписанданд…

— Медонед, Ҳиндустон дар муддати даҳ сол бисёр тағир ёфтааст ва масалан дар чеҳраи наврасон шумо метавонед чанд асрори дигари зебоиро кашф созед, ки дар волидонашон таҷассум наёфтааст. Гуфтаи шумо дуруст аст, ки дар мо одамони беҳад харобро аниқ намеписанданд ва ин андешаро ман ҳамеша дар сари хӯроки бегоҳрӯзӣ ба хотир меоварам (механдад).

— Гули дӯстдоштаатон…

— Савсан.

— Мошини орзуҳо…

— Ба мошинронӣ ва интихоби он чандон шавқу ҳавас надорам. Бароям басанда аст, мошине, ки аз дохилаш мӯи бади бензин набарорад, зеро аз бӯи бензин дилам беҳазур мешавад.

— Орзуе, ки бароятон дастнорас менамояд…

— Медонед, ба фикрам дар дили ҳама кас чунин орзуҳо пайдо мешаванд, ки барои инсоният тамоман дастнорасу амалинашаванда метобанд. Вале Офаридгор метавонад барои бандагони худ онро амалӣ созад. Албатта, намегӯям, ки чӣ гуна орзуҳо дорам, вале ҳастанд  ва ман то рӯзи охирини ҳаётам ба он умед мебандам.

— Комёбӣ ёратон бод!

«Дилкушо»

Один ответ

  1. Класс!класс!👳

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: