• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

МАНИЖА ДАВЛАТОВА: «ДИГАР МУБОРИЗА НАМЕБАРАМ…»

Манижа Давлатова

Манижа Давлатова

Ба вохӯрӣ бо хабарнигори «АП» М. Қурбонова Манижа Давлатова – ситораи эстрадаи тоҷик, ки се сол боз тарки саҳна карда бошад ҳам, аз дили мухлисони ҳунар заррае ҳам берун нарафтааст – ҳиҷобу айнаки сиёҳ пӯшида ҳозир шуд. Қисмате аз суолу ҷавобҳои онҳоро бо баъзе ихтисорҳо пешкаши хонандагони «Мушфиқӣ» месозем.

-Манижа, ҳиҷобпӯш шудаӣ?

— Ман на ҳама вақт ҳиҷоб пӯшида мегардам. Аз тарафи дигар, хиҷобро на бо талаби мӯд мепӯшам, ин эҳтиёҷи ботинии ман аст. Бисёриҳо маро бо ҳиҷоб дида ҳайрон мешаванд, «акнун мусулмон шудаӣ?» мегӯянд. Ман кайҳо боз намоз мехонам ва инро бисёр касон медонанд. Таваҷҷӯҳам ба Ислом баъди он боз ҳам амиқтар шуд, ки ҳангоми яке аз намозҳои таровеҳи Рамазон қироати Каломи Шарифро аз забони духтари ҷавоне шунидам. Ман аз одамон дур шудаам. Ҳиҷобпӯшӣ боз як бурди дигар дорад – маро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намешиносанд. Дар таксӣ ва ҳатто «тангем», ки ба он боре нишастан лозимам омад, маро одамон нашинохтаанд.

— Дар зиндагии ту дар ин байн чӣ дигаргуниҳое рух додаанд?

— Тамоми ҳаётам 180 дараҷа чаппа гаштааст. Пеш ба чӣ гуна мушкилие дучор нашавам, ҳама – мансабдорон, милитсия, табибон – бо камоли шодӣ ба ман ёрӣ мерасонданд. Доимо бо хушнудӣ аз дил мегузарондам, ки чӣ гуна мардуми хуб дорем мо. Лекин аз замоне, ки таронахониро бас кардаам, афсона ба охир расид – ман фаҳмидам, ки ҳаёти воқеӣ чист.

Боре як зан, хешовандам, ки дар меҳмонии ман буд, бемор шуд. Ман ӯро фавран ба беморхонаи Қарияи Боло бурдам. Вақте ки лаҳзаи ба духтур барои табобат пул додан расид, ба бадии кор ошкор шуд, ки ман бо худ маблағе надорам. Духтур (вай маро он замон нашинохта буд) беибо ба рӯям дӯғ зад: «Пул надошта бошед, куҷо омадед?!» Ман рафтаму ним соат баъд пул гирифта овардам. Вақте ки рӯзи дигар дар он бинои беморхона овоза паҳн шуд, ки дирӯз Манижа инҷо буд, табиб аз кори кардааш шарм дошт. Ин гуна мисолҳо чашми маро ба воқеияти зиндагӣ кушоданд. Дар ҳаёти ҳаррӯза нуқсу камбудиҳоеро дидам, ки замони дар саҳна буданам аз онҳо тамоман хабар надоштам.

— Манижа, чаро намесароӣ?

— Дилам аз саҳна сард шудааст. Истеъдод атои Худованд аст. Вақте имрӯз мебинам, ки эстрадаи тоҷикро ба чӣ табдил додаанд,  «хайрият, ки ман дар байни онҳо нестам» гуфта худро таскин медиҳам. Дар телевизион консерти ҳунарпешаҳои номиро эълон мекунанду дар асл ҳамроҳи онҳо сарояндаҳои беовозе баромад мекунанд, ки онҳоро умуман ба саҳна наздик набояд монд. Магар ин тавр кардан мумкин аст? Таронаҳои пастсифат, ки ба он шунавандагони мо одат кардаанд, боиси он мегарданд, ки фарҳанги волои миллии мо аз байн меравад. Ва онҳоро тавассути шабакаҳои миллӣ намоиш медиҳанд, ки оинаи ҷомеа мебошанд, завқи бинандаҳоро тарбия мекунанд.

-Имрӯз ба кадом корҳо машғулӣ?

— Кӯшиш мекунам бекор нашинам. Ман маълумоти мусиқавӣ надорам, лекин баъзан оҳанг эҷод мекунам. Гарчанд худам сароидан наметавонам, мехоҳам он чиро, ки дар дил дорам, дигарон замзама кунанд. Воқеан, барои оҳангҳои худ худам сароянда интихоб менамоям. Масалан, таронаи «Беҳтар аз дунё» дар иҷрои Ҳабиб Ҳакимов шунавандаи худро пайдо кард. Суруди «Ватан», ки онро духтари ҷавон месарояд, низ маҳсули ранҷи ман аст. Лекин, афсӯс, вай он чиро, ки ман ба шунаванда расондан мехостам, ифода кардан натавонист.

— Се сол пеш дар мусоҳибае гуфта будӣ, ки ба ту халал мерасонанд, ба саҳна роҳ намедиҳанд…

-Акнун проблема тамоман дигар аст. Ин ба вазъи ботинии ман вобаста аст. Ман намедонам чӣ кор кунам, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаам. Аз як тараф, хабар ёфтаам, ки таронасароӣ барои дилхушии мардум назди Худованд гуноҳ аст. Инро ба ман устодам гуфт, ки ба ман Қуръонро таълим медиҳад. Аз тарафи дигар, шиносҳоям илтиҷо мекунанд, ки сароям, зеро тарки пеша намуда, ба ақидаи онҳо, ба гуноҳи бештар роҳ медиҳам, чунки мардумро аз имкони  шунидани сурудҳои дӯстдоштаашон маҳрум месозам. Ба фикри ман, агар одам донад, ки коре гуноҳ аст ва ин корро кунад, гуноҳаш дучанд мешавад. Аммо агар насароям, зиндагӣ карда наметавонам, чунки суруду мусиқӣ маънии  ҳастиям аст.

— Маънии ҳастӣ метавонад чизҳои дигар бошад: муҳаббат, оила, фарзандон…

— Ин гуфтаи шумо дуруст аст. Лек муҳаббат шахсро танҳо муддати муайян метавонад хушбахт гардонад. Садои дили ман, ки дар шакли тарона хориҷ мешавад – аз ҳама муҳим барои ман дар зиндагӣ ин аст ва танҳо ин метавонад маро то абад хушбахт созад…

— Наметарсӣ, ки метавонӣ бе мухлис монӣ?

— Кӣ мехоҳад, ки ҷавонии ӯ, солҳои беҳтарини ҳаёташ миёни чор девор гузаранд? Кӣ мехоҳад дар авҷи шӯҳрат ба фаромӯшӣ қадам ниҳад? … Тайи ин се соле, ки рӯи саҳна наомадаам, ҳаргиз бекор нанишастаам, беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаам, мусиқӣ эҷод кардаам, матн интихоб намудаам. Ин сурудҳо шояд рӯзе сабт шаванд. Аз ин рӯ дар пеши мухлисонам сархам нестам. Вале агар онҳо аз ман рӯ гардонанд ҳам, ғам намехӯрам. Муҳимаш, Худо аз ман рӯ нагардонад.

— Ту кайҳо боз намесароӣ, дар ягон ҷо кор намекунӣ. Рӯзатро чӣ хел мебарӣ?

— Дар ин байн тамоми пасандозҳоямро сарф кардаам. Акнун манзилу мошини зебо надорам. Ҳатто буданд лаҳзаҳое, ки нонро ба об тар карда хӯрдаам. Вале аз ду сар аз Парвардигор барои ризқи додааш шукргузор будам. Ман, албатта, бегуноҳ нестам, вале ба хотири шӯҳрату пул номуси худро нафурӯхтаам ва нахоҳам фурӯхт. Дӯстоне дорам, ки медонанд, манбаи даромад надорам ва ба ман беғаразона кӯмак мерасонанд.

Ҳатто мухлисоне ҳам ҳастанд, ки маро фаромӯш намесозанд. Баъзан худам ба тиҷорат машғул мешавам, чизеро арзонтар харида, баъд қиматтар мефурӯшам. Ва боз ин ки ман дарк кардаам: агар ягон корам барор нагирад, ин амри Худованд аст. Мехостам албом сабт намоям, нашуд, хостам ба Канада сафар кунам, боз нашуд. Мо нақша мекашему амалӣ шудан ё нашуданаш дар дасти Офаридгор аст.

-Овозаҳое паҳн шуда буданд, ки ту бо марди афғоне издивоҷ кардаӣ

— Ман, албатта, аз доираи шоиру оҳангсозони афғон дӯстоне дорам, ки ҳурматашон мекунам, лекин издивоҷам овозае беш нест.

— Медонам, ки 31 декабр, рӯзи ҷашни Соли Нав, зодрӯз дорӣ. Онро чӣ гуна қайд хоҳӣ кард? (Мусоҳиба пеш аз Соли Нав сурат гирифта буд – «Мушфиқӣ».)

— Қайд намудани зодрӯзро дӯст намедорам. Ҳарчанд медонам, ки дӯстони наздикам инро фаромӯш намекунанд ва барои табрик меоянд. Мухлиси чандинсолае дорам, ки ҳар 8-уми март ва зодрӯзам ба ман сад дона садбарги ҳолландӣ мефиристад. Ин рӯз барои ман як рӯзи оддӣ хоҳад буд. Ид барои мардум асос барои майнӯшию хушнудӣ мегардад, онҳо то саҳар ба корҳои ношоиста машғул мешаванд. Ман бошам кӯшиш мекунам ин рӯзро бо рӯзаю ибодат гузаронам.

— Агар туро ба консерти ҳукуматӣ даъват намоянд ҳам, қабул намекунӣ?

— Ба хонандагон мехоҳам самимона иқрор шавам. Ман муддати тӯлонӣ насароида,  беморӣ пайдо кардаам. Ин беморӣ тарс аз саҳна аст. Ба кӯмаки мутахассиси равоншиносе ниёз дорам, ки маро аз ин ҳолат бароварда тавонад. Мегӯянд, ки мунтазири марг будан аз худи марг бадтар аст.

Наметавонам санаи баромадҳои худ, ҳатто санаи мусоҳибаи оддиеро бо журналистон таъин намоям, чунки баъди ин шабҳо хобам намебарад, аз изтиробу хавотирӣ девона мешавам. Бехобӣ бе ин ҳам кайҳо боз ба ман ёр шудааст ва агар санаеро таъин созам, дучанд ҳолам бад мешавад, зеро ададҳо маро безобита мекунанд. Бинобар ин вақти чорабиниҳоро номбар намекунам. Ба касе аз ин пеш инро намегуфтам, ҳатто ба аҳли оилаи худ, лекин акнун хомӯш буда наметавонам. Тавре мебинед, мушкили аз ҳама калони ман дар худи ман аст.

Дар меҳмонии Манижа. Манзили оддии дуҳуҷрагӣ дар наздикии марказ, дарунаш зебою озода. Ҳама чизҳо дар ҷойҳои худаш, ҳис мешавад, ки Манижа соҳиби завқи хосае аст. ӯ гирди ман парвона шуда, меҳмондориям мекунад. Ба ман таоми писандидааш – гӯшти ба тарзи мексикоӣ пухташударо пешкаш месозад.

— Ту хонаатро худат оро додаӣ ё дизайнерро барои ин даъват кардӣ?

— Дар саҳнаю дар зиндагӣ ман худам барои худам дизайнер ҳастам. Тозагии хона аз хурдӣ ба ӯҳдаи ман буд, аз ин сабаб эҳтиёҷ ба тозагӣ дар хунам нишастааст. Интихоби мебелу гилемҳоро ҳам худам анҷом медиҳам. Дар паҳлӯям нафаре нест, ки ин корҳоро ба зиммааш гирад. Таъмир, сантехника ва ғайра – аз пайи ҳамааш худам медавам. Фаромӯш кардаам, ки зан астам ё мард. Солҳои беҳтаринам миёни чор девор мегузаранд.

— Мегӯянд, ки ту бисёр нозукӣ

— Медонед чаро? Дар одамон инсоф, масъулиятшиносӣ, вафодориро қадр мекунам ва агар шахсоне, ки ба онҳо бовар доштам, ба ман хиёнат кунанд, оташин мешавам. Метавонед хандед, аммо рӯҳи ман коммунистӣ аст. Агар бо касе дӯстӣ кунам, масъулияти баҷоории шартҳои дӯстиро ба дӯш мегирам Ба дӯстон хиёнат намекунам. Агар ба мушкилие дучор шаванд, ба кӯмакашон мешитобам. Мехоҳам, ки дигарон низ ҳамин гуна масъулиятшинос бошанд.

«АП» Дилкушо

Один ответ

  1. Офарн Апаи Манижа Манхам яке аз мухлисон ва мехохам тамоми умр хаминхел мони ва агар зид Набошед шуморо чои апа кабул менамоям ва хамеша дастгиратон бошам ва мехохам бо шумо аз назлик хамсухбат бошам ва ташакур мекунам аз сомонаи дилкушо ва хохиш менамоям сомони дилкушоро агар малумте ё ягон тарзи бо апаи манжа пайвас карданро дошта бошад моро бо у хамсухбат намояд ин хаст ракамхои ман 988797676боки дар амони худо ва дар охир гуфтаниям ки.
    ——————————————————————————-
    Худоро бин ки олам офарида аст,
    Аз хоки ти ра одам офарида аст
    Барои санчиши бандаи худ,
    Хазорон шодву гам офарида аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: