• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МУИН ДАР ҲАЁТИ ШАХСӢ НОКОМ АСТ?

МУИН

МУИН

Муин аз машҳуртарин сарояндагони Эрон мебошад. Сурудҳои ӯро дар Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, мамолики Арабу Туркия ва Амрикову Аврупо гӯш мекунанд. Ҳарчанд ки шумораи зиёди сарояндагони эронӣ, бо сабаби он ки дар кишварашон дар мавзӯи озод таронаҳои гуногун сароидан мамнӯъ аст, тарки ватан карда, бо ёди пайвандону дӯстон ва зодгоҳи азизи худ дар ғурбат умр ба сар мебаранд.

Масалан, Гугуш, Лайло, Андӣ ё худи Муин низ аз қабили овозхонҳое ҳастанд, ки ба қонунҳои кишвари худ тоб наоварда, истеъдоди худро дар мадди аввал гузошта, рӯ ба шаҳрвандии дигар давлатҳо овардаанд. Вале новобаста аз он, ки нисбат ба ин овозхонҳо аз ҷониби қонунҳои зидди ҳунарнамоию қобилияти онҳо фишору таҳдидҳо зиёд аст, онҳо паст наомада, дар рӯйи саҳна ҷавлон мекунанд ва маҳз бо чунин шуҷоатнокиашон маълуму машҳури олам гаштаанд.

Даврони наврасӣ ва ҷавонии Муин дар маҳаллаи Наҷафободи шаҳри Исфаҳони Эрон гузаштааст. Исфаҳонро он замон шаҳри ҳунармандону санъаткорон мешинохтанд. Муин зодгоҳашро хеле дӯст медорад. Замоне, ки Теҳрон маркази санъату ҳунар гардид, Муин ба он ҷо нарафт. ӯ дар Исфаҳон, дар меҳмонхонаи «Шоҳ Аббос» ҳунарнамоӣ мекард, то даме ки бо сабабҳои сиёсӣ тарки ватан кард. Дар бораи муҳаббати беандозаи Муин ба зодгоҳаш мо аз рӯи сӯзу гудозаш ҳангоми иҷрои суруди машҳури «Боз ҳам мехом ба Исфаҳон баргардам» тасввурот пайдо карда метавонем.

Дар мавриди нобино будани сароянда фарзияҳои гуногун вуҷуд доранд. Мегӯянд, ки ба замми чунин шӯҳрати беканор ва дастовардҳои беназири эҷодӣ Муин дар ҳаёти оилавӣ хушбахт нест. Шунавандагони доимии Муин иброз менамоянд, ки сарояндаи дӯстдоштаашон дар хурдӣ аз тарбияи волидон маҳрум мондааст. Наздикон Муин ва хоҳарашро аз ҳам ҷудо намуда, ба интернатҳои гуногун медиҳанд. Кӯдакони хурдсол, ки ҳанӯз ба фарқи неку бад сарфаҳм намерафтанд, якдигарро зуд фаромӯш месозанд. Ҳамин тариқ Муин ба воя расида, дар зиндагӣ мақоми худро меёбад.

Ба таври тасодуф ӯ хоҳари худро вохӯрда, бехабар аз он ки аз камари як падар ба дунё омадаанд, издивоҷ мекунад. Пас аз чанд сол ҳангоме, ки соҳиби духтарча мешаванд, чӣ гуфтугузоре пеш меояду духтар дар бораи гузаштаи худ нақл мекунад. Муин пай мебарад, ки ҳамсараш хоҳари ӯст ва шояд аз боиси эҳсоси ногувору ҳисси гунаҳкорӣ назди Офаридгор ба чашмонаш сирко мерезад. Мегӯянд, ки пас аз ин Муин аз ҳамсараш ҷудо мешавад, лекин то ҳол дар ишқи ӯ месӯзад. Дигар ҳолдонҳо мегӯянд, ки Муин модарзод бо чашмони хира таваллуд шудааст. Дар бораи ин фарзияҳо баъд аз сафари ин ҳунарманд пурсон хоҳем шуд.

Инак, дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ин хунёгари бузурги Шарқ бо кӯлбори таронаҳои «Ин чӣ ишқе…» ба Душанбе омада, бо мухлисони тоҷики худ дидор мебинад. Барномаи ҳунарии ӯ дар Кохи Борбад баргузор мегардад. Бо ҳамдастии Муин яке аз бонувони ҳунарвари тоҷик Фарзонаи Хуршед низ рӯйи саҳна меояд. Боиси ифтихор аст, ки Муин ба сарояндагони тоҷик таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро барои ҳамкорӣ даъват мекунад.

Дар ин бобат продюсери Фарзонаи Хуршед Диловари Мизроб ба мо посух дод, ки баромади Фарзона бо Муин ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Лондон аниқ шуда буд. Ҳарду ҳунарманд аз ҳамкорӣ бо ҳамдигар хеле шод ҳастанд ва пайваста тариқи шабакаи Интернет ва телефон ҳамсӯҳбат мешаванд. Ҳамзамон дар назар аст, ки силсилаконсертҳои Муину Фарзона дар шаҳрҳои Амрикову Аврупо баргузор гардад.

Муин соли 1982  баъд аз сурудани суруди «Якеро дӯст медорам» аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират кардааст. Дар яке аз мусоҳибаҳо ӯ иброз доштааст, ки ин сурудро пас аз Ҳоида (сарояндаи машҳури он замон) сурудааст. Вале Муин ин сурудро ба таври худ сурудааст ва маҳз он ба ӯ шӯҳрат овардааст.

Дар солҳои минбаъда албомҳои Муин аз сабаби ошкорбаёнияшон (ки дар Эрон мамнӯъ буд) ва дар мавзӯи муҳоҷирату ғарибӣ буданашон диққати муҳоҷирини эрониро бештар ба худ ҷалб карданд. Албомҳои «Каъба», «Ҳавас», «Исфаҳон», «Мепарастам», «Паричеҳр» пазирои ҳамагон гардиданд. Тарзи сурудани Муин чунон марғуб буд, ки сурудаҳояш натанҳо дар Эрон, балки дар Аврупову Амрико, ки аз муҳоҷирони эронӣ пур шуда буданд, машҳур гардиданд. Дар айни замон Муин 23 албом ва як суруди берун аз албомҳояшро (суруди «Танини сулҳ» бо ҳамроҳии Муртазо, Андӣ, Куруш ва Фаттона) пешниҳоди мухлисонаш гардонидааст.

Боиси хушнидист, ки ба Тоҷикистон сарояндагони давлатҳои ба мо дӯсту бародар бо барномаи ҳунарии хеш қадам ранҷа мекунанд. Масалан, чанд сол пеш Саттор, Андӣ ва Лайло омада бо мухлисони тоҷики худ вохӯрданд. Инак, Муинро низ одамон метавонанд аз наздик бинанду шунаванд ва шояд ба саволҳои хеш посух гиранд. Алҳол овозаҳое ҳастанд, ки Гугуш низ ба Тоҷикистон меояд. Интизор бошед!

“ДИЛКУШО»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: