• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МУСТАФО ЗАМОНӢ: АЗ МАН ЗЕБОТАРҲО ЗИЁД БУДАНД

Мустафо Замони

Мустафо Замони

— Дар бораи интихоби иҷрокунандаи нақши Юсуф ҳар рӯз ахбори мухталифе чоп мешавад. Як бори дигар бароямон бигӯед, ки чӣ тавр барои ин нақш интихоб шудед?

— Иттилоъ доштам, ки барои нақши Юсуф тест мегиранд. Ҳатто як бор аз канори идораи ин лоиҳа гузаштам, аммо нарафтам тест бидиҳам. Ҳафтае баъд яке аз дӯстонам акси маро ба оқои Фараҷуллоҳ Силаҳшӯр нишон дода буд ва бо пешниҳоди ӯ 83 аввалин тестро додам ва се рӯз баъд дуто аз лаҳзаҳои сериолро аз ман тест гирифта, ки баъдҳо фаҳмидам душвортарин лаҳзаҳо будааст. Пас аз як моҳ тести грим додам ва баъд бо ман қарордод бастанд бо ин шарт, ки агар номзади беҳтаре пайдо шавад, бо назари коргардон ман канор биравам.

То он ҷо, ки иттилоъ дорам, аз ҳудуди се ҳазор нафар тест гирифтанд ва замоне манро интихоб карданд. Аз тирмоҳи соли 2001 то шурӯъи филмбардорӣ дар аввали баҳмани ҳамон сол шароити бисёр сахте доштам. Бархе масъулони аслии кор саъй дар интихоби яке аз бозигарони касбиро доштанд. Ҳатто муддате дунболи як бозигари хориҷӣ гаштанд. Вале ҳамаи мо медонем ва таҷрибаи офаридани филми «Масоиби Масеҳ» тавассути Мел Гибсон собит кард, ки ифогари нақши паёмбар бояд як бозигари ношинохта бошад. Бо ҷаласоте, ки гузоштанд ва ҳимоятҳои оқои Силаҳшӯр пас аз як ҳафта бозигари ин нақш шудам.

— Чаро дар сериол ин қадар чеҳраатонро иваз кардаанд?

— Назари коргардон ин буд. Вақте ба ман гуфтанд, ки интихоб шудам, тасаввур кардам ба хотири ранги чашмҳоям маро қабул карданд, дар ҳоле ки коргардон тести грими манро бо линзи қаҳвагӣ писандида буд. Мӯй ва чашмҳоямро тира карданд, то ба чеҳраам маъсумият бубахшанд.

— Фикр мекунед, чеҳраатон чӣ вижагии хосе барои ифои ин нақш доштааст?

— Қиссаи Юсуф як қиссаи ботинӣ аст. Баъзе чеҳраҳо ҳастанд, ки бидуни доштани зебоии зоҳирӣ самимият доранд. Одамҳо ба онҳо бо эҳсос наздикӣ мекунанд. Фикр мекунам, коргардон бештар дунболи ҳамин будааст. Аз тарафе бояд ин чеҳра барои мардум боварпазир шавад, аммо номзадҳои дигаре ҳам буданд, ки чеҳраҳои бисёр зебое доштанд, аммо он нерӯи даруниро, ки коргардон дунболаш буд, надоштанд, вагарна ман худамро аз назари зебоӣ дар ҳадди одамҳои маъмулӣ мебинам.

— Шояд дар синамо ва телевизион солҳо бояд бозӣ мекардед, то ба ин маҳбубият ва шӯҳрат бирасед, вале бо як интихоби дуруст роҳи чандсоларо якшаба рафтед?

— Лутфи Худо буд, вале он қадар ҳам содда набуд, ки роҳи чандсоларо якшаба биравам.

— Дар ин замина мутолиаи динӣ ҳам доштед?

— Мутолиаи динии зиёде надоштам, аммо китобҳои мухталифе хондам аз ҷумла худи Қуръонро. Аз тарафе, филмнома бар асоси шароит навишта мешавад, на воқеият. Байни он чӣ дар филмнома ҳаст ва он чӣ мумкин аст бо мутолиаи амиқ ба даст биёяд, гоҳ дугонагие вуҷуд дорад, ки иваз карданаш сахт аст. Воқеият гоҳ боварпазир нест. Мисли воқеияти рӯ гардонидани Юсуф аз зеботарин зани Миср. Бояд онро ба зеҳни мардуми ҷомеа наздик кард, ба мардуме, ки дорои табиат ва ғаризаи инсонӣ ҳастанд. Ман саъй кардам филмномаи навишташударо ба худам биқабулонам.

— Аввалин саҳнае, ки бозӣ кардед, кадом саҳна буд?

— Аввалин саҳна дохили зиндон буд, ки хабаре барои ман меоварданд, ки Зулайхо дастур дода, то маро шиканҷа кунанд. Ин аввалин плоне буд, ки бозӣ кардам.

— Пеш аз ин лоиҳа машғули кадом кор будед?

— Дар риштаи мудирияти саноатии донишгоҳ таҳсил мекардам ва ҳисобдори як ширкати кӯчак будам.

— Таҷрибаи синамоӣ ҳам доштед?

— На. Фақат чанд бор дар театрҳои мадраса ва донишгоҳ бозӣ карда будам.

— Аммо иттилоотатон дар ин замина хуб ба назар мерасад?

— Ҳеҷ чиз ба андозаи таҷриба ба одам иттилоот намедиҳад.. Шумо ҳазор бор ҳам, ки як матлаби синамоиро хонда бошед, то вақте вориди майдони амал нашавед, чизе аз он мафҳум дарк нахоҳед кард. Ҳатто таҷрибаи театрӣ наметавонад дар синамо муассир бошад.

— Баъд аз Юсуф дилатон мехоҳад чӣ нақшеро бозӣ кунед?

— Дӯст дорам нақши яке аз мардони бузурги иронӣ бо тафаккуроти ирониро бозӣ бикунам.

— Фарди хосе дар назаратон ҳаст?

— Бале. Аммо чун қарор аст сохта шавад, исми онро намеорам. Ба ҳар ҳол дӯст дорам бозӣ кунам.

Бекориро намепазирам.

— Ба назари шумо омори Маркази таҳқиқоти садо ва симо ё нақдиҳое, ки бар сериол ворид шуда, кадоме ба воқеият наздик аст?

— Мунаққидони ин маҷмӯа ду дастаанд, ки ба назари ман як идда мунаққидоне ҳастанд, ки комилан дуруст мегӯянд ва ҳақ доранд. Ба ҳар ҳол ҳар сериол ё ҳар асаре метавонад беҳтар сохта шавад, вале чизе, ки ман аз он мутмаин ҳастам, ин аст, ки тими созандаи ин сериол саъйе карда содиқона корашро анҷом диҳад.

Мо наметавонем назари мунаққидонро нодида бигирем, вале аз қисме аз нақдҳое, ки ман хондаам, ба роҳатӣ бӯйи даъвоҳои шахсӣ, ки бархе бо коргардони пружа ва ё тими созандаи ин маҷмӯа доранд, ҳис мешавад ва комилан машҳуд аст. Инро фақат ман намегӯям, балки хеле аз мунаққидоне ҳам, ки ба муқобили сериол навиштаанд, унвон кардаанд, ки баъзе аз нақдҳо воқеан ноодилона аст. Бештар нақдҳо ба ин сериол қобили нақд нест. Чорчӯби достони қуръонӣ аст ва бештар нақдҳое, ки шуда, нақдҳои фаннӣ буда, ки мунаққидон ба он пардохтанд.

— Ба унвони як мухотаб ин маҷмӯаро таъид мекунанд ё ба он интиқод доред?

— Изҳори назари ман наметавонад бетарафона бошад. Ман заҳматҳоеро, ки барои он кашида шудааст, дидаам ва шоҳиди мавридҳое будаам, ки албатта далеле надорад, ки мунаққид бо мухотаб аз он матлаъ шавад. Бинобар ин, наметавонам назари бетарафона дар мавриди ин кор дошта бошам. Бинобар ин, фақат метавонам бигӯям, ман ин маҷмӯаро хеле дӯст дорам. Албатта, аксари каму костҳое дар ҳар коре иҷтинобнопазир аст ва бояд бипазирем, ки салиқаҳои мухталифе ин осорро месозанд. Салиқаи оқои Силаҳшӯр ё ҳар коргардоне нақди худашро металабад.

— Беҳтарин бозигари муқобили шумо дар лоиҳа ба назаратон чӣ касе буд?

— Хонум Катоюн Раёҳӣ буд ва шариф будани ин бозигар буд, ки ин лаҳзаҳоро бозӣ бикунам.

— Мустафо Замонии камсиннусол дар муқобили Катоюни Раёҳӣ, ки корномааш пур аз таҷриба аст.

Наметарсидед, ки бозиатон нодида нашавад?

— Абадан. Тавозеъи хонум Раёҳӣ он қадар буд, ки асло ҳис намекардам, тозакорам. Албатта, эътиқоди ман фарсангҳо бо назарияи шумо фарқ мекунад.

— Далели ин фарсангҳо тафовут чист?

— Ман мӯътақид ҳастам, агар бозигар битавонад бо тамрин ва илми кофӣ бозӣ кунад, бозигарон ба ӯ эҳтиром мегузоранд ва кӯмакаш мекунанд, то заъфҳои кориаш дида нашавад. Хонум Раёҳӣ ин кӯмакро ба ман кард ва боис шуд, агар заъфе ҳам дар кори ман буд, дида нашавад. Дуруст мисли навохтани симфонӣ дар гурӯҳи оркестр аст. Ҳатто агар як тан аз аъзои гурӯҳ хуб ё бадтар аз ҳама бинавозад, симфонӣ хуб иҷро намешавад. Ҳама бояд дар як радиф бинавозанд.

— Пушти саҳнаи сериол чӣ гуна буд?

— Шояд гоҳе ҳарфе назанам, аммо вақте тасмим мегирам ҳарфе бизанам, воқеиятро ба забон меоварам. Агар пушти саҳна заъфҳое дошт, ҳатман мегуфтам, аммо пушти дурбин пур буд аз сафову маърифат. Тақрибан наваду панҷ дарсади бозигарон бо ҳам дӯст буданд. Се сол бо ҳам зиндагӣ кардем. Шӯхиҳо, хандаҳо ва ҳатто гиряҳо, ҳамаро дӯст доштам.

— Бо кадоме аз бозигарон самимитар будед?

— Бо ҳама, аз коргардон то бозигар. Масъули тадорукотамонро хеле дӯст дорам. Ҳамеша ба ёдаш ҳастам. Ошиқи инсонҳое ҳастам, ки заҳматкаш ҳастанд.

— Чанд сол доред ва аҳли куҷоед?

— Бисту чаҳор сол дорам ва аҳли Фаридуни канор ҳастам.

— Шунидам давраи кӯдакии хубу ширин доштаед?

— Комилан дуруст шунидед. Давраи кӯдакии бисёр ширину нобе насибам шуд. Хонаводае дорам пур аз эҳсоси муҳаббат. Ҷолиб аст бидонед, ҳеҷ вақт чизе набуда, ки битавонад моро аз ҳам ҷудо кунад. Ҳатто издивоҷ ва таҳсил. Ҳамеша дар камоли эҳтиром дар канори ҳам ҳастем.

Хонаводаатон бо шуғли бозигарӣ мушкиле надоштанд?

— Дар хонаводае бузург шудам, ки фарзандашонро дар кӯдакӣ тарбият мекарданд ва медонистанд, чӣ шахсиятеро ба ҷомеа медиҳанд. Дар бораи нақшаҳои кориам ба аъзои хонаводаам мушовара мекардам ва мекунам. Ҳеҷ гоҳ манро манъ накарданд, балки ташвиқ мекарданд, то ба орзуҳоям бирасам.

Дилкушо

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: