• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ЧАШМОНИ ПАНҶОБИИ АКШАЙ КУМАР

Акшай Кумар

Акшай Кумар

Муддати бист соли фаъолиятам дар синамо ман танҳо 10-15 маротиба дар маҳфилу базмҳо ширкат кардааму халос. Ба чорабиниҳое, ки гурӯҳи калони одамон ҳузур доранд, хоҳиши рафтан надорам. Ҳар шаб соати нӯҳ хоб меравам, чунки рӯзи дароз сахт кор мекунаму беҳад хаста мешавам. Ҳангоме ки коргардон шабона навор гирифтан мехоҳад, ҳамеша барои корро ба рӯзи дигар мавқуф гузоштан хоҳиш мекунам.

-Вақтҳои охир чӣ шуморо барои ҷусту ҷӯи нав рӯҳбаланд месозад?

— Ман бозингари хуб ҳастам. Дар сарам ҳамеша идеяҳои филмҳои нав  чарх мезананд. Гумон мекунам, ки андешаи тоза ҳамеша барои меҳнат инсонро раҳнамун месозад.

— Субҳро одатан бо кадом корҳо оғоз мекунед?

— Бовар кунед, ҳар вақте ки аз бистар баланд мешавам, мехоҳам, ки зудтар ба мошин нишаста ба майдони наворбардорӣ расам. Панҷ сол пеш ман танҳо ба хотири маблағ  нақш меофаридам, лекин ҳозир дарк мекунам, ки бо гирифтани ҳаққи хизмати кам ҳам корам ба худам ҳаловат мебахшад.

— Ба назари шумо мардум филмҳоятонро чӣ гуна қабул мекунанд?

— Шодам, ки филмҳои ман харидорони худро меёбанд. Албатта, фикр намекунам, ки филмҳо танҳо маҳсули заҳмати мананд, балки худамро ба меҳнати коргардону дигар иштирокчиён ҳамшарик меҳисобам.

— Дар як сол дар чанд филм нақш меофаред?

— Айни замон дар муддати як сол навори чор филмро ба нақша мегирам. Лекин замоне мерасад, ки дар як сол аз ду филм зиёд ба навор намегирам.

— Мегӯянд, ки шумо муҳорибаи тан ба танро дӯст медоред? Рост аст?

— Шахсан ман фикр мекунам, ки дар ҳамин шароит ва синну сол омӯхтани ин намуди варзиш муҳим аст. Муддати бист соли охир ба омӯзиши муҳорибаҳо  ҷиддӣ машғул ҳастам.

— Шумо омода ҳастед, ки дар вақтҳои холӣ ба санъати рок машғул шавед?

— Намехоҳам, ки дар жанри рок карйера созам, зеро медонам, ки барои ман то кадом андоза сарҳад муайян шудааст. Лекин тасмим дорам, ки албоми сурудҳоямро, ки аз таронаҳои динӣ ва панду ахлоқӣ иборат аст, ба наздикӣ рӯйи сабт орам.

— Хабар доред, ки боре байни Шоҳруху Салман нофаҳмие ба амал омада буд?

— Онҳо кӯдакони хурд нестанд, ки ман байнашон даромада насиҳат карда гӯям, ки дигар набояд  ҷанг кунанд. Бо ҳардуяшон робитаи дӯстӣ дорам, вале ба масъалаҳои кориашон дахолат карда наметавонам.

— Рост аст, ки шумо аз шабнишиниҳо дурӣ ме ҷӯед?

— Муддати бист соли фаъолиятам дар синамо ман танҳо 10-15 маротиба дар маҳфилу базмҳо ширкат кардааму халос. Ба чорабиниҳое, ки гурӯҳи калони одамон ҳузур доранд, хоҳиши рафтан надорам. Ҳар шаб соати нӯҳ хоб меравам, чунки рӯзи дароз сахт кор мекунаму беҳад хаста мешавам. Ҳангоме ки коргардон шабона навор гирифтан мехоҳад, ҳамеша барои корро ба рӯзи дигар мавқуф гузоштан хоҳиш мекунам.

— Аз нигоҳи худатон кадом жанрҳо ба дилатон наздиканд?

— Дӯстонам мегӯянд, ки ман дар филмҳои ҳа ҷвӣ муваффақтарам. Вале барои он ки табъи мухлисонам пас аз тамошо шод шавад, розиям, ки симои манфиро низ офарам. Аслан мехоҳам дар филмҳое нақш офарам, ки ҳам кӯдакону  ҷавонон ва ҳам волидони онҳо тамошо карда тавонанд.

— Оё шумо медонистед, ки занҳо шуморо ҷаззоб мешуморанд?

— Не. Ман вақте хурдиам хеле безеб будам, вале ба як муаллимаам маъқул будам.

— Хислатҳои беҳтарини шумо кадомҳоянд?

— Ақли ман. Ҳамчунин ба занҳо синаи сермӯям писанд буд.

— Пӯшидани чӣ гуна либосро дӯст медоред?

— Костюмҳои дастидӯзи ширкати Grasim Narendra Kumar Ahmed-ро меписандам. Онҳо бароям якчанд костюм дӯхтаанд. Аз куртаҳо тамғ аи «Prada» беҳтарин аст. Барои либосҳои ҳаррӯза интихоби  ҷинсҳои «Versace»-ро авло мешуморам. Ҳамчунин шарфҳоро низ дӯст медорам ва бештар онҳоро аз Лондон харидорӣ менамоям.

— Пеш аз он ки бо ҳамсаратон Твинкл Хон вохӯред, шумо дар филмҳо бо занҳои зебову қадбаланд зиёд нақш офаридаед. Ба шумо чунин занҳо писанданд?

— Шояд онҳо ба ман писанд буданд, вале ҳоло ман бо ҳамсарам Твинкл хушбахт ҳастам.

— Занҳо дар шумо чӣ чизи ҷаззобро меёбанд?

— Чашмони пан ҷобии ман. Нигоҳи дидагонам занҳоро бовар мекунонад, ки ман ошиқи онҳоям. Фикр мекунам, ки барои ҳамин ҳам маро бо шариконам васл мекунанд. Дар филмҳо мо чунон ошиқу маъшуқ менамоем ва мардум фикр меронанд, ки берун аз саҳна низ   ишқварзӣ менамоем. Дар асл ман бо шарикони худ  ҷиддӣ мебошам. Шумо метавонед аз ҳар яки онҳо дар ин бобат пурсон шавед.

— Твинкл ва шумо аллакай ҳафт сол аст, ки оиладоред. Шӯълаи муҳаббатро дар муносибатҳоятон чӣ гуна нигоҳ медоред?

— Мо медонем, ки ба ҳамдигар чӣ гуна имконияти зиндагӣ карданро диҳем. Ҳамсарам доим дар пеши чашмони ман  ҷилвагар аст ва мемонад.

Оё медонед?

Твинкл дар як ҳафта як маротиба кулчақанди шоколодӣ мепазад. Акшай бошад ҳамаи онро то нонрезаи охирин мехӯрад. Акшай пойафзолҳояшро коллексия мекунад. Пойафзолҳои ӯ аз пойафзолҳои ҳамсараш ҳам зиёдтаранд. Ин  ҷуфт ҳар ҳафта шоми якшанбе ба тарабхонаи арзоне меравад, ки нархи умумии хӯроки хӯрдаашон 600 рупияро (қариб 30 доллари амрикоӣ) ташкил медиҳад. Акшай ва Твинкл 14-уми январи соли 2001 оиладор шуда, то имрӯз хеле хушбахтанд. Маслиҳати онҳо, ки ба издиво ҷи  ҷавонон тааллуқ дорад: «Шахсе, ки ба худ хислатҳои хос дорад, бояд онро то охири ҳаёт тағ ир надиҳад. Агар ду шахс комилан монанд бошанд, он гоҳ  зиндагии онҳо  ҷолиб нахоҳад шуд. Бояд фардияти худро нигоҳ дошт ва талаботҳои ҳамсафари ҳаётиро амалӣ кард».

«Дилкушо»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: