• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМ: ҶОЙИ ФАРЗОНАҶОН ХОЛИСТ…

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Ман зодаи шаҳри Кӯлоби бостониам. Давраи таҳсили мактабӣ ва донишҷӯиам ҳамонҷо паси сар шудааст. Аз доштани чунин модари санъаткор, ки тамоми мардуми ҷумҳурӣ мешиносанд ва пасон аз ҷиҳати хислат меҳрубону ҳалим ифтихор дорам. Мо дар оила се духтар ва як писарем. Бибирӯзигул духтари калонии хонавода аст, оиладор, соҳиби як кӯдак аст. Ман фарзанди дуввумам, ки духтарчаи нӯҳсолае бо номи Шарифамоҳ дорам.

Сарояндаи номӣ Шабнами Сурайё, ки шӯҳрати ҷаҳониро ба даст овардааст, пас аз ҳабси хоҳараш Фарзонаи Хуршед ба радиои «Озодӣ» мусоҳиба дод. Аз оҳанги гуфтораш эҳсос мегардид: новобаста аз он ки ҳунарманди маҳбуби дилу дидаҳо дар саҳна баромад мекунаду бо мухлисонаш аст, аз нохушие, ки бо Фарзона рӯй дод, ба худ наомада дили бирёну дидаи гирён дорад.

— Шабнам, медонем, ки соли гузашта аз нигоҳи ҳунарӣ дар хориҷа барномаҳои фаровон доштед. Дар ин маврид чӣ андеша доред?

— Он санаҳое, ки дар хориҷа бо барномаҳои ҳунарӣ гузаронидам, бароям дар лавҳи хотир наќш бастаанд. Тамошобинон маро бо чеҳраи кушод истиќбол мегирифтанд, дастгирӣ мекарданд, ки хеле хушҳолам менамуд. Мардуми хориҷа санъати тоҷикро дӯст медоранд.

— Алҳол чӣ наќшаҳои нави эҷодӣ доред?

— Албоми навам таҳти унвони «Бобуна» ба фурӯш мебарояд. Он ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст. Инчунин барои Фарзона оҳанге бахшидаам. Мехоҳам, ки ӯ зудтар озод шаваду ӯро дар назди падару модарам бинам… Ман хушбахтии ҳамаи одамонро орзу дорам. Чун суруду оҳанг ҳаёти ман аст, минбаъд таронаҳоям боз ҳам пурдардтар садо медиҳад, чунки хеле дарду андӯҳ дидам. Бигзор Худованд касеро бо ин рӯбарӯ накунад.

— Шабнам, мехостем дар бораи ҳаёти шахсии худатон бишнавем…

— Ман зодаи шаҳри Кӯлоби бостониам. Давраи таҳсили мактабӣ ва донишҷӯиам ҳамонҷо паси сар шудааст. Аз доштани чунин модари санъаткор, ки тамоми мардуми ҷумҳурӣ мешиносанд ва пасон аз ҷиҳати хислат меҳрубону ҳалим ифтихор дорам. Мо дар оила се духтар ва як писарем. Бибирӯзигул духтари калонии хонавода аст, оиладор, соҳиби як кӯдак аст. Ман фарзанди дуввумам, ки духтарчаи нӯҳсолае бо номи Шарифамоҳ дорам. Фарзона духтари кенҷагӣ аст ва баъди ӯ писари яккаи мо Эмомалӣ меояд. Дар байни инќадар оилаи мо танҳо ҷойи Фарзонаҷон холист.

— Пеш аз он ки ба санъаткорӣ рӯй оваред, фикр намекардед, шояд муваффаќият бароятон даст намедиҳад?

— Асло чунин андеша надоштам. Модари маро Тоҷикистон мешиносад ва фахр дорам, ки бо номи ӯ, яъне Шабнами Сурайё ба тамоми гӯшаҳои олам сафар кардам.

— Имрӯз бо киҳо риштаи ҳамкорӣ доред?

— Одатан бо Баҳрому Садриддин ва Фарзонаҷон ҳамкорӣ мекунам. Ҳоло як трио омода намудаем, ки бахшида ба НОБ-и Роғун аст. Умед дорам, ки тарона доираи шунавандагони худро меёбад.

— Сару садоҳо дар мавриди муносибати сарди шумову Манижа зиёд аст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Медонед, санъаткор, ки шудӣ, дар бораат ҳар гуна овозаҳоро паҳн мекунанд. Бисёр лаҳзаҳои ҳаёти ман бо Манижа гузаштааст. ӯ овозхони соҳибистеъдод аст. Ҳар касе, ки дар бораи ману ӯ ҳар чиз мегӯяд, асос надорад.

«Дилкушо»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: