• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ЮЛДУЗ УСМОНОВА БАРОИ ЧӢ ҲАБС ШУДА БУД?

Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова

Падари ман то охири умраш дар фабрикаи абрешим фаъолият бурд. Шумо тасаввур намоед, ки собиқаи кории ӯ 52 солро ташкил медиҳад. Қиблагоҳи ман инсони меҳнатдӯст буд ва ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда то охири умраш оддӣ монд. Аммо аз чӣ бошад, ки  ҳамсояҳо ва наздикон маро духтари бой меномиданд. Падарам дар кори устоӣ ҳамто надошт.

Юлдуз Усмонова. Касе нест дар ӯзбекистон ва шояд дар Тоҷикистон ҳам, ки нисбат ба зиндагӣ ва ҳунари ӯ бетафовут бошад. Номи Юлдуз аз ӯзбекӣ «ситора» аст ва ӯ воқеан ситораи нотакрори мусиқии ӯзбекистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ, кулли Шарқ шудааст.  Бо вуҷуди соҳибқиронии Юлдуз ӯ зани хоксору самимӣ боқӣ мемонад, ки дили саршор аз меҳр дорад.

Хоса, эҳтироми Юлдуз ба Тоҷикистону тоҷикон дар он зоҳир меёбад, ки ӯ ба диёри мо зуд-зуд меҳмон шуда хотири мухлисонашро шод мегардонад ва ба мо ҳарвақта бо худ дастовезе дар шакли таронаҳои тоҷикӣ меорад. Таваҷҷӯҳ кунед, ки бонуи ҳунарманди ӯзбек чӣ таърихи аҷиб дорад.

— Юлдуз, бо вуҷуди ба расонаҳои хабарӣ зиёд мусоҳиба доданатон аслу насабатон барои бисёриҳо пинҳон мондааст. Мехостем дар ин бора каме маълумот дошта бошем…

— Ман 12 декабри соли 1963 дар шаҳри машҳури Марғелон дар оилаи коргар ба дуне омадаам. Оилаи моро чор духтару чор писар ташкил медиҳанд ва ман фарзанди шашуми оила мебошам.

— Мегӯянд, ки падаратон шахсияти сарватманди машҳуре буд ва бо таъсири ӯ шумо дар сарояндагӣ муваффақ шудед…

— Падари ман то охири умраш дар фабрикаи абрешим фаъолият бурд. Шумо тасаввур намоед, ки собиқаи кории ӯ 52 солро ташкил медиҳад. Қиблагоҳи ман инсони меҳнатдӯст буд ва ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда то охири умраш оддӣ монд. Аммо аз чӣ бошад, ки  ҳамсояҳо ва наздикон маро духтари бой меномиданд. Падарам дар кори устоӣ ҳамто надошт. Лаҳзаҳои фориғ аз кор ӯ дар устохонаи ҳавлиамон катҳои бороҳат сохта дар рӯзҳои истироҳат мефурӯхт. Баъзан харидорон ба маҳсули дасти падарам ҳавас мекарданду вале барои харидан маблағ намеёфтанд. Дар ин ҳолатҳо ӯ катро ба онҳо тӯҳфа мекард. Бо ҳамин минвол падарам фарзандонашро ба меҳнати поку ҳалол ҷалб менамуд.

— Модаратон низ коргар буд?

— Бале, ӯ ҳам ҳамроҳи падарам дар фабрикаи мазкур тӯли 41 сол фаъолият бурд. Ҳамзамон ба тарбияи ҳашт фарзанд машғул буд, ки ин албатта, душвор аст. Бояд гуфт, ки хислатҳои ман ба модарам монандӣ доранд. ӯ низ ҳаргиз ранҷишро ба дилаш роҳ намедод, дар роҳи ҳадафаш собит  аст ва барояш хеле муҳим буд, ки мо фарзандон ба қадри меҳнат расем.

— Дар интихоби номатон кӣ саҳм гузоштааст?

— Бисёриҳо мепурсанд, ки барои чӣ маро Юлдуз ном гузоштаанд. Пас аз чанд рӯзи ба дуне омаданам волидонам ҳамроҳи бародари калониам Исмоил ба шӯъбаи қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ омадаанд. Ҳангоме ки масъулин аз волидонам мепурсанд, ки «Духтарчаро чӣ ном медиҳед?», бародарам пешдастӣ карда мегӯяд, ки дирӯз ман дар осмон ситораи дурахшон ва зеборо дидам, биеёд номи кӯдакро Юлдуз (яъне «ситора») мемонем. Исмоил чунон сахт хоҳиш кардааст, ки волидонам ба гапаш розӣ шудаанд.

— Ба олами санъат чӣ гуна ворид шудед?

— Аз айёми хурдӣ ман омода сохтани хӯрокҳоро, бахусус оши палав ва гречкаро дӯст медоштам. Лекин маро бештар дунеи ҳунар, дунёи мӯъҷизаосои мусиқиву суханҳои рангин мафтун мекард. Дар натиҷа ман дар хонаи маданияти фабрикаи абрешим ба фаъолият пардохта ансамбли дуторнавозонро таъсис додам. Дертар дар Омӯзишгоҳи омӯзгории вобаста ба мусиқӣ таҳсилро идома додам.

— Дар хотир доред, ки аввалин маротиба кай рӯйи саҳна омадед?

— Қариби хатми таҳсил ман бо Гавҳар Раҳимова вохӯрдам. Ҳамон сол ман бояд дар консерте, ки бахшида ба иди модарон буд, иштирок мекардам. Дар ҳамин барнома Гавҳархонум иштирок дошт. Он кас баромади маро бодиққат тамошо намуда, баъди консерт бо ман ҳамсӯҳбат шуда таклиф намуданд, ки дар дастаи «Хандаи Марғелон» ба кор дароям. Маҳз дар ҳайати ҳамин ансамбл ман суруди аввалинамро бо тамоми қонунияташ сабт кардам.

— Ба Тошканд чӣ гуна омадед?

— Боз Гавҳархонум сабаб шуданд. Он кас маро ба Тошканд даъват намуда бо профессори Консерватория Саодат Кобулова ошно сохта гуфтанд, ки «Саодатхон, шумо бояд аз ин духтарча сароянда созед». Саодатхон дар ин ҷода маслиҳатҳои муфид медоданд ва ҳангоми сурудхониам хатогиҳоямро гуфта роҳи дурустро нишон медоданд. Бо ҳамин тарз курси тайёрии чунин устодони ботаҷрибаро гузашта, ба Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд шомил шудам.

— Дар хотир доред, ки дар имтиҳони дохилшавӣ кадом сурудро сароида будед?

— Албатта, дар имтиҳон шеъри шоира Зебунисоро бо композицияи «Ушшоқи Самарқанд» иҷро кардам. Дар Консерватория ман дар шӯъбаи вокалӣ, баъдан дар шӯъбаи мақом таҳсил намудам.

— Бо хатми донишгоҳ ба ягон кори ғайрикасбӣ машғул шудед?

— Не, пас аз таҳсил роҳи карйераи касбиро интихоб намуда ба мухлисон ва пеш аз ҳама ба мардум хизмат карданро идома додам. Маҳз ҳамин интихоб ба ман қувват мебахшид, ки ба эҷод машғул шуда дар ин самт муваффақ шавам.

ҲАБСИ ЮЛДУЗ БА ХОТИРИ ЧӢ БУД?

11 январи соли равон Юлдуз Усмонова аз ҷониби пулис ба ҳабс гирифта шуда буд. Расонаҳои хабарӣ маълумот медиҳанд, ки ҳабс дар тӯйхонае ба амал омад, ки Юлдуз баромад мекард. Аз рӯйи гуфтаи ҳозирон, шахсиятҳои номаълум баромади сарояндаро вайрон карда бе ягон пурсишу кӯшиш ба дастҳояш дастбанд андохта, дар пеши чашми садҳо нафарон бурданд. Аз рӯйи маълумоти ғайрирасмӣ, ҳунармандро барои он ба ҳабс гирифтаанд, ки ӯ ба журналистони хориҷӣ мусоҳиба додааст. Чанд вақт пеш Юлдуз ӯзбекистонро тарк намуда дар хориҷа истиқомат мекард. Ҳолдонҳо сабаби инро дар муносибати сарди ҳукуматдорон ба сароянда мебинанд. Гӯё дар ҷараёни як мусоҳиба Юлдуз иброз доштааст, ки аз фишори мансабдорон монда шудааст, чунки онҳо ба фаъолияти вай халал мерасонанд. Баъди ду рӯзи воқеа дар сомонаи шахсии Юлдуз бо имзояш матне пайдо шуд, ки овозаҳоро инкор менамуд ва беш аз ҳангомае намедонист. Айни замон баъди ҳабс ҳунарманд ба ягон мақомоти боло муроҷиати расмӣ накардааст ва ба журналистон низ ҳарфе нагуфтааст.

“ДИЛКУШО»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: