• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Амир ХОН: МАН ДУ БОР ИЗДИВОҶ КАРДААМ

Амир

Амир

Шумораи зиёди мардум ба филмҳои ҳиндӣ таваҷҷӯҳи махсус доранд. Инро аз меҳри онҳо ба филму қаҳрамонҳои ҳиндӣ ва бесаброна интизор шудани дискҳои нав пай бурдан мумкин аст. Ин муҳаббат ҳанӯз солҳои Шӯравӣ пайдо шуда то имрӯз идома дорад.

Бовар дорем, ки шумори мухлисони ҳунарпешаи машҳури ҳинд Амир Хон низ кам нест. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки ин ҳафта аз кору пайкори ӯ ба хонандагони маҷалла маълумот диҳем. Зеро ин ҳунармади дар касби хеш моҳир дили ҳазорон нафарро тасхир кардааст. ӯ дар филмҳое, ки бештар мавзӯи ошиқона доранд, нақш бозида диққати мардумро ба зиндагиву рӯзгораш ҷалб сохтааст.

Номи пурраи ӯ Амир Ҳусейн Хан буда, 14-марти соли 1965 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон таваллуд ёфтааст. Падараш Тоҳир Ҳусейн, модараш Зинат, бародараш Фейзал, хоҳаронаш Никҳат ва Фарҳат мебошанд. Амир Хон ба навиштаҳои нависандаи рус Лев Толстой таваҷҷӯҳи махсус дорад. Рӯзҳои истироҳат, яъне шанбеву якшанбе ӯ чун қоида  ба корҳои дигар машғул нашуда, вақташро ба мутолиа, бозии шоҳмот, шунидани мусиқии форам ва оила мебахшад.

Ў дар ишқ марди сӯзон аст. Зеро дар қалбаш зуд-зуд шӯълаи муҳаббат мунаввар мегардад. Бори аввал Амир дар синни 17-солагӣ, яъне соли 1982 хонадор шуд буд. Вақте ки вай ҳамчун муштзан дар Олимпиадаи Афина ширкат варзида, бо медали тилло ба хона баргашт, аҳли хонавода гӯшрас намуданд, ки вақти хонадоршавиаш фаро расидааст. Волидон дӯсти духтари покистониашонро хуш намуданд. Духтарак ҳамсоли Амир буда, Рани ном дошт. Пеш аз ин ҷавон боре ҳам чеҳраи духтарро надида буду ба вай танҳо сабти видеоиро нишон доданд, ки арӯс наворбардорӣ шуда буд. Хулоса, Амир розигӣ дод.

Ҳамон вақт яке аз хешони оила ба журналистон изҳор дошта буд, ки Амир хеле гапгир асту ҳаргиз муқобили хоҳиши волидон рафтор намекунад. Бо мурури замон оилаи ҷавон соҳиби як духтару як писар шуданд. Вале бахти онҳо дер напоиду кор ба ҷудоӣ расид. Баъдан Амир ба духтари ҳамкораш Киран Рао хонадор шуд. Аммо аз бахти дуюм фарзанд надид. Зиндагии ҳунарманд ҳоло оромона ҷараён дорад. Вале бархе ҳангомаҷӯён иддао менамоянд, ки Амир Хон дар ҷараёни наворбардоӣ бо ҳампешаҳояш ишқварзӣ менамояд. Лекин ҳамсараш ва худи ӯ ин овозаҳоро инкор менамоянд.

Амир факултаи коргардонии Донишгоҳи киноро хатм намудааст. Бори аввал дар экрани кино дар синни 15-солагӣ намудор шуд. Дар аввал филмҳои Амирро шумораи ками  мухлисон фаро мегирифтанд. Ин то даме идома ёфт, ки филми ҳунарии «Дил» рӯйи навор омад.

Ҳоло Амир Хон дар филмҳо кам нақш меофарад.

Ба андешаи вай, агар ҳунарманд дар экран дер-дер пайдо шавад, мухлисонаш ҳамеша пазмонаш мешаванд. Шояд ин ақидаи ӯ дуруст бошад. Зеро мегӯянд, ки дур пурнур аст. Амир мехоҳад, ки коргардон ва ҳунарманди чирадаст бошад. Аз ин рӯ дар чанд сол дар як филм нақш офарида, тамоми қоидаҳои наворбардориро риоя менамояд.

— Бисёр ҳунармандон танбаланд, зеро вақте коргардон дубора гирифтани дублро хоҳиш менамояд, онҳо асабонӣ мешаванд. Баъзеашон дар як маврид мехоҳанд, ки дар чанд филм нақш офаранд. Ман бояд ҳамон тавр дар филм нақш офарам, ки мардум онро интизорӣ кашанд, — мегӯяд Амир.

Мукофоту унвонҳо барои Амир фарқе надоранд. Вале худ иқрор мешавад, ки саркашӣ аз гирифтани онҳо нишони камақлӣ мебошад. То имрӯз дорандаи ҷоизаи «Ҳунарманди беҳтарин» аст. То имрӯз ин ҳунарманди маҳбуб дар зиёда аз 30 филм нақш офаридааст.

ЛАҲЗАЕ БО Ў

— Амир, дар ҳолати маҳзунӣ ба чӣ кор машғул мешавед?

— Ба ҳеҷ кор! Танҳо дар рӯйи ҷойгаҳ дароз кашида, ба фикру хаёл ғӯтавар мешавам. Зеро дар чунин вазъият корҳоям зиёд бошанд ҳам, аз боиси асабоният ягон нақшаам барор намегирад. Дар ҳамин ҳолати андеша хобам бурда мемонад.

— Агар хурсанд бошед чӣ?

— Роҳравон суруд хонда мегардам.

— Ба ишқ бовар доред?

Намедонам… Агар росташро гӯям, ҳангоме ки бори аввал ошиқ шудам, чунон сахт ба ишқ бовар доштам, ки… Гумон мекардам, ки бо ишқ ба зиндагии ман нокомие ворид намешавад. Вале чун муҳаббати мо ба анҷом расид, дар чашми ман дунё фурӯ рафт. Ман аз боиси қаҳру ғазаб ишқу муҳаббатро лаънат хонда будам.

— Хислати манфиатон дар чӣ зоҳир мешавад?

— Медонед, ман баъзан аз сари қаҳру ғазаб метавонам одамонро беҳад сахт ранҷонам. Худам инро ба хубӣ пай мебарам, вале афсӯс, ки дили одаткарда балои ҷон аст. Боз бахшиш пурсида наметавонам, чунки аз амали содиркардаам хиҷолат мекашам.

— Пул дар зиндагии шумо чӣ гуна мавқеъро дорад?

— Ман онқадар дилбохтаи маблағ нестам. Дар зиндагиам буданд лаҳзаҳое, ки дар ҳақиқат ба пул мӯҳтоҷ будам, вале дар хотир надорам, ки аз ин ғамгин шуда бошам.

— Орзуи деринаи шумо…

— Дидани тӯйи хонадоршавии фарзандонам ва таваллуди кӯдакони онҳо.

— Шумо зидди…

— Ноадолатӣ.

— Дар як шабонарӯз чанд соат хоб меравед?

— Хеле кам… Шаш-ҳафт соат. Рӯзона хоб рафтанро дӯст намедорам.

— Нӯшокиҳои спиртӣ менӯшед?

— Фақат ҳангоме ки дӯстонам маро маҷбур мекунанд. Аслан ман дар танҳоӣ хӯрдан ё нӯшиданро намеписандам.

— Филмҳои худро тамошо мекунед?

— На ҳама вақт. Бештар ба ман нақл мекунанд, ки ман дар филм чӣ қадар комёбӣ доштааму чӣ қадар хатоҳо содир намудаам.

ДИЛКУШО

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: