• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Баҳодури ҒАФФОРЗОД: «ЧОР», ФУТБОЛ ВА ҒАРИБШО

Баходури Гаффорзод

Баходури Гаффорзод

Ў ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Зеро Баҳодур аллакай дар саҳифаи маҷаллаи мо бо мухлисони доимиаш мулоқоти ғоибона гузаронида, ба саволҳои зиёди онҳо посух гардонида буд. Ба наздикӣ албоми нави ин овозхони маъруф ба диққати ҳаводорони савту наво расид. Албоми нав номи ғайриоддии «Чор»-ро гирифта, даҳ таронаи навтарини сарояндаро гирд овардааст.

Баҳодури Ғаффорзод сабаби бо чунин унвон рӯйи сабт овардани албомро шарҳ дода мегӯяд, ки ӯ дар болои ин албом чор соли пурра заҳмат кашидааст ва маҳз ба ҳамин хотир онро «Чор» номгузорӣ намудааст. Бовар дорем, ки албоми Баҳодур аллакай дар дасти ихлосмандони шеъру суруди воло қарор дорад. Ин навбат бо Баҳодур сӯҳбати кӯтоҳи телефоние доштем.

— Баҳодур, шуморо ба муносибати сабти албоми навбатиатон шодбош мегӯем. Бигӯед, ки айни замон ба чӣ кор машғулед?

— Чун ҳамешагӣ барои эҷоди таронаҳои нав мекӯшам ва дар хизмати мардум қарор дорам.

— Шабнаму Ҷонибек, Садриддину Баҳром Амрикову Аврупоро тай намуданд. Шумо нияти ба ягон гӯшаи дунё сафар кардан надоред?

— Дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай ман ба Озарбойҷон сафари ҳунарӣ доштам. Мардуми озар, ки қабл аз ман низ таронаҳои тоҷикиро шунида буданд, ин навбат ҳам бо хурсандии тамом гурӯҳи моро пазироӣ намуданд. Албатта, ҳар як овозхон орзу дорад, ки ба давлатҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳад. Ман низ орзу дорам ва дар ин самт ҳаракат намуда истодаам. Истеъдоду кӯшишҳои Шабнаму Ҷонибек ва Садриддинро қадр мекунам, барояшон фатҳи қуллаҳои баландтарини санъату ҳаётро таманно дорам.

Тавассути онҳо дар гӯшаҳои дури дунё суруди тоҷикӣ садо дод ва ҳамзабонони мо таҳти навоҳояшон хурсандӣ намуданд. Сарояндаҳое, ки дар асри бисту як қитъаҳои Амрикову Аврупоро сайругашт намуданд, дар таърихи эстрадаи тоҷик номи худро ҷовидонӣ сабт мекунанд.

— Баҳодур, мегӯянд, ки садои шумо аз Садриддини Наҷмиддин ягон фарқияте надорад. Ба ин ақида розӣ мешавед?

— Аввал бояд гӯям, ки Садриддин устод ва бародари ман аст. Бисёр нозукиҳои касбро ман аз ӯ омӯхта, дар ҷодаи санъат комилтар шудам. Агар овозам ба Садриддин монанд бошад, пас ин амали Худованд аст. Ман ягон тақлидкориеро раво намебинам.

— Вақтҳои охир вобаста ба танзими тӯю маъракаҳо оид ба фаъолияти санъаткорон низ қонунҳои нав зуҳур мекунанд. Шумо аз ин огоҳ ҳастед?

— Намедонам, шумо кадом қонунҳоро дар назар доред, зеро аз ба тасвиб расидани ягон қарор хабар надорам. Аз масъулони Вазорати фарҳанг хоҳиш дорам, ки аз ҳар қонуни имзошуда  тариқи садову симо мардумро огоҳ кунанд.

— Баҳодур, ғайри санъат ба кадом соҳа дилбастагӣ доред?

— Ба футболбозӣ таваҷҷӯҳам зиёд аст. Дар хурдиам аз ояндаи худ бехабар ҳатто «футболбоз мешавам» гӯён орзу менамудам.

— Кадом саволи рӯзноманигорон ба шумо хуш намеояд ва ба он ҷавоб додан намехоҳед?

— Вақте журналистон аз ман дар бораи ин ё он сароянда маълумоте гирифтан мехоҳанд. Ман баҳодиҳии ҳамкасбонамро ба худ раво намебинам. Чунки ҳар кас дар санъат ҷои худ ва мухлиси худро дорад. Агар дар бораи ҳунари онҳо суханҳои манфӣ гӯям, онҳо низ метавонанд дар навбати худ айнан чунин суханҳоро нисбати ман гӯянд.

— Одамизод то охири умраш аз ин ё он чиз пушаймон гашта, изҳори таассуф мекунад. Пушаймонии сахттарини шумо аз кадом кори анҷомдода ё анҷомнадода буд?

— Рӯзи гузаштаро баргардонида намешавад. Барои ҳамин коре бояд кард, ки аз он пушаймон нашавию кӯшиши баргардондани рӯзи рафтаро накунӣ. Он рӯзҳое, ки ман сарфи эҷод кардам, бароям азизу фаромӯшнопазиранд. Вале аз он рӯзҳои гузаштае, ки худамро ба эҷод набахшидам, эҳсоси пушаймонӣ дорам.

Садриддини Наҷмиддин, сароянда:

ТАҚЛИД НИЗ ҲУНАР АСТ

— Садриддин, садои чанд нафар шогирдонатон ба шумо монанд аст ва баъзе ашхоси дигар ба шумо тақлид мекунанд. Назари шумо ба ин падида чӣ гуна аст?

— Ман фикр мекунам, ки тақлид кардан низ як ҳунар аст. Аслан гирем ҳар як нафаре, ки ба овозхонӣ шурӯъ мекунад, ба ягон сарояндаи машҳур тақлид мекунад ё аз ягон манбаъ истифода мебарад. Ман хушҳолам, ки ба ман тақлид мекунанд ва ба тақлидгарон таманно дорам, ки дар санъат роҳи худро пайдо созанду аз қолаби тақлид зудтар берун оянд, зеро оянда онҳо низ соҳиби шогирд ва номи устодӣ хоҳанд гашт.

Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигор:

БАҲОДУРРО ЧУН ИНСОНИ ХОКСОР МЕШИНОСАМ

— Шумо як таронаи Баҳодурро ба риштаи ҳаҷв кашидаед. Аз ин қаҳри ӯ наомад? Ба шумо норозигӣ баён накард?

— Агар гап дар бораи он равад, ки ба кадом хотир суруди Баҳодурро тақлид кардам, гуфтаниам, ки ман аз хурдӣ ин таронаро дӯст медоштам ва доимо зери лаб замзама менамудам. Дар даврони Шӯравӣ ин сурудро ҳунарманди маъруфи ӯзбек Насиба Абдуллоева месароид. Чун Баҳодур дубора таронаро пешкаши мардум гардонид, муҳаббати ман ба ин тарона тоза шуд ва ҳамин идея ба сарам омад. Дар ин бобат бо Баҳодур ва коргардони бомаҳорати клип-консертҳо Улуғҷони Султонзода сӯҳбати телефонӣ доштем.

Баҳодур барои сабт ҳамаи асбобҳои мусиқиашро ба Кохи Ҷомӣ оварда монд ва дар ҷараёни наворбардорӣ ӯ дар ҷои нишасти тамошобинон истода ҳаракатҳоеро, ки аз онҳо огоҳ набудам, иҷро менамуду ба ин восита ман ҳам суруд мехондаму ҳам ба Баҳодур нигариста рақс мекардам. Ҳангоме ки баъзе лаҳзаҳо писандам намеомад, бори дигар такрор менамудам, ки аз ин, ба ростӣ, роҳат ҳам кардам. Дар бораи шахсияти Баҳодур қайд намуданиам, ки ӯ инсони хоксор, боандеша ва оддӣ аст.

ДИЛКУШО

комментария 2

  1. маладец гап нест Баходури Гаффорзод да чои 1

  2. ТАК ДЕРЖАТЬ БРАТ МЫ БУДЕМ ЗА ТЯ БОЛЕТЬ ДАВАЙ ДАЛЬШЕ ЕЩЕ ВЫШЕ!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: