• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

БАҲРОМ ҒАФУР Ӣ АЗ АМРИКО Ч Ӣ ДАСТОВЕЗ ОВАРД?

Бахром Гафури

Бахром Гафури

Ба наздикӣ Баҳром Ғафурӣ, яке аз сарояндагоне, ки бо маҳсули эҷоди худ кайҳо дили мардуми форсизабонро тасхир карда буд, аз сафари Амрико баргашт. Албатта, ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани ҳунармандони маҳбуби мо барои ҳар як тоҷикзабони дунё боиси сарфарозӣ ва ифтихор хоҳад буд.

Мо тасмим гирифтем, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда, аз дастовардҳои нав, таассуроти бардошта аз ин давлати абарқудрат ва ниҳоят аз дастовези мухлисонаш пурсон шуда, ба хонандагони маҷаллаи «Дилкушо» пешниҳод кунем. Чун ба Баҳром занг задам, ӯ бо хушнудӣ изҳор дошт, ки омода аст, ба ҳар суоли мо ҷавобҳои қаноатбахш диҳад. Сӯҳбати мо чунин радду бадал шуд.

— Баҳром, аз зиндаву саломат дидани шумо хеле шодем. Амрикоро он гунае ки тасаввур мекардед, дарёфтед?

— Бале, маданият ва фарҳанги Амрико дар сатҳи баланд қарор дорад. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки орзуи деринаи ман ҷомаи амал пӯшид ва ман аз ин бениҳоят хурсандам. Аз Амрико ҳамчун дастовез ба мухлисонам панҷ-шаш тарона ва клип сабт карда омадам ва гумон мекунам, ки таронаҳо, ки бо дастгирии коргардони хушсалиқа Коҷӣ Задорӣ рӯи сабт омадааст, ба шунавандагон писанд меояд.

— Хориҷиён дар сафари аввал шуморо чӣ гуна истиқбол гирифтанд?

— Новобаста аз он ки ин қадамҳои аввалини ман буд, мардуми форсизабон маро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, изҳори миннадорӣ карданд. Дар он ҷо як бонуи сароянда, ки Фарзона ном дошт, барномаи ҳунарии худро пешниҳод кард ва аз ман хоҳиш намуд, ки дар шоми эҷодии ӯ таронае бихонам. Дар консерти Фарзона ман тавонистам ба мухлисони таронаҳои тоҷикӣ шаш суруди худро пешниҳод созам.

— Шуморо барои нақшофарӣ ба ягон филм даъват накарданд?

— Не, лекин агар чунин даъват ба амал ояд, чаро напазирам?

— Ба фикри шумо барои чӣ майли ҳунармандони мо ба лаҳҷаи эронӣ бештар аст ва баъзан чунин метобад, ки онҳо мехоҳанд фақат бо форсӣ сухан гӯянду сароянд…

— Медонед, бо лаҳҷаи эронӣ сароидан ягон ҷои бадӣ надорад. Баръакс тавассути таронаҳои эронӣ мо метавонем фарҳангу санъати асили тоҷикиро ба дигар мардуми кишварҳои ба мо дӯсту бародар муааррифӣ намоем. Лекин баъзан овозхонҳои мо баъзе калимаҳоро дар ҷараёни сурудхонӣ нодуруст талаффуз мекунанд ё хато гап мезананд, ки бо ин восита шунавандагон аз асли сухани воқеӣ дур мемонанд.

— Дар хориҷа клип сохтан чӣ қадар маблағро талаб менамояд?

— Барои ҳар як клип 4-5 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мегардад.

— Дар бораи фонограмма чӣ ақида доред?

— Рисолати ҳунарманди асил дар он аён мегардад, ки ӯ бо овози табиии худаш истеъдоди худро муаррифӣ намояд. Истифодаи таҷҳизоти техникӣ, бахусус компютор бар зарари овозхонҳост. Охир то кай сароянда бо воситаҳои дурӯғ ба саҳна баромада ҷавлон мекунад? Рӯзе мешавад, ки умри ин саҳнафиребӣ ба поён мерасад. Худованд овозро бо хосту иродаи худ ба каси мехостааш медиҳад.

Сарояндае, ки овози дилнишину ҳунари саҳнаороӣ дорад, ҳеҷ гоҳ аз мадди назари ҳаводорони санъат пинҳон намемонад. Охир шабонгоҳ ба осмони беканор нигаред, магар ситораҳои дурахшон аз назар пинҳонанд?

Ман дар ҳайати гурӯҳам ёздаҳ нафар навозанда дорам, ки ҳамаашон зинда менавозанд ва устоди касби хешанд. Аз ин лиҳоз дар тӯю маъракаҳо бе фонограмма месароям. Ин чӣ хел мешавад, ки ҳунарманд маъракаи мардумро обод месозам, гуфта маблағи калонро мегирад ва боз бо фонограмма баромад мекунад?! Ин ба шаъни ҳунарманди асил иснод меоварад.

— Хоҳиш надоред, ки фарзандонатон аз пайроҳаи шумо қадам зананд?

— Ростӣ,  ман намедонам, ки фарзандонам дар кадом соҳа касбро интихоб намуда, барои ободии Ватани азиз хизмат мекунанд. Лекин агар дар пайроҳаи падар қадам зананд ҳам, зид нестам.  Чунки санъаткор шаванд ҳам Худованд барояшон чунин интихобу хоҳишро дар дилашон мегузорад. Ихтиёр дар дасти бахтиёр аст.

— Баҳром, дуэте, ки бо Шабнами Сурайё бо номи «Чак-чаки борон» сароидед, моли кист?

— Матн ва оҳанги тарона моли худам аст. Чун суруд омода шуд, чанд нафар дӯстонам маслиҳат доданд, ки онро бо Шабнам сароям. Ман ин хоҳишро ба инобат гирифта ба Шабнам занг задам ва мо якҷоя рӯи саҳна омадем.

— Бо ягон бонуе, ки дар хориҷа фаъолият мекунад, хоҳиши дуэтсароӣ надоред?

— Медонед, дуэт сароидан мушкил нест. Аз ҳама муҳим ин дастгирӣ ва кӯмак расонидан аст. Барои нафароне, ки дар ҷодаи санъат қадамҳои нахустини худро мегузоранд, роҳнамо шудан баробари ҳаққи устодиро дорад.

— Медонед, суруди «Мусофир» байни мухлисон маҳбубияти  зиёдро дорост. Он моли кист?

— Суруди «Мусофир» хеле бо эҳсосоти баланд сароида шудааст. Шояд сабаби маҳбубияти зиёдаш дар ҳамин бошад… Ин таронаро оҳангсоз Файзалӣ Умаров ба ман бо оҳангаш тӯҳфа карда буданд. Муаллифи шеърашро намедонам, лекин мазмуни баланди матн гувоҳӣ медиҳад, ки он моли шоири касбисту аз китоб гирифта шудааст.

Мусиқии холӣ мисли як тани беҷони мурда аст. Агар ба он сатрҳои дилошӯбу равонро корбаст намоем, эҳсос мекунед, ки суруд як таровату ҷони тоза, рӯҳи тоза мегирад.

— Оё сароянда бо фурӯшандагони клипу фиттаҳояш шартнома баста манфиат мебинад?

— Бовар кунед, ана, ҳамин дард маро рӯзҳои охир сахт ба ташвиш овардааст. Дар хориҷа барои ҳар сароянда аз ҳисоби фурӯши маҳсули эҷодаш дар асоси шартнома маблағи муайян медиҳанд. Мо барои эҷоди як тарона заҳмати бениҳоят мекашем, маблағи беҳисоб сарф мекунем, аммо натиҷаи меҳнатҳои дуру дароз ва шабонарӯзии моро мебинем, ки диску фиттаҳоям дар кӯчаю бозорҳо ба маблағи се-чор сомонӣ фурӯхта мешавад. Ва боз дар дохили он диск натанҳо моли як сароянда, балки панҷ-шаш нафар ҷой шудааст.

Бар ивази ин сароянда ақаллан аз ҳисоби ҳар як дискаш як дирамӣ ҳам намегирад. Ба масъулини дахлдор гуфтаниам, ки фурӯши диску фиттаҳоро дар асоси шартнома ба роҳ монанд, то ҳунарманд аз пушти заҳматҳояш нон ёфта хӯрад.

Лекин ман дилу ҷонамро дар касбам ниҳодаам. Агар аз ҳаққи фурӯши клипҳоямро нидиҳанд ҳам, бо ҳар роҳу восита рӯзгорамро таъмин мекунам ва барои офариниши суруди нав низ маблағ меёбам.

— Ҳамсаратон дар куҷо кор мекунад?

— Ҳамсари ман хонашин аст. Барои писаронам чун модари меҳрубон хизмат мекунад. Анҷом додани корҳои хона баробари корҳои ҷамъиятию давлатӣ аст.

— Саломат бошед. Мо аз номи хонандагон ба шумо парвози баландӣ эҷодӣ ва сафарҳои дигари Амрикову Аврупоро таманно дорем.

ДИЛКУШО

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: