• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Исмоили ШАРИФЗОД АЗ ТОҶИКИСТОН НАМЕРАВАМ

Исмоили ШАРИФЗОД

Исмоили ШАРИФЗОД

Исмоили Шарифзод 15-уми декабри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Дар мактаби №52 таҳсил намуда, пасон ба Коллеҷи техникӣ дохил шудааст. Ҳамзамон ӯ хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст.


— Исмоил, чӣ шуморо водор намуд, ки ба сарояндагӣ рӯ оваред?

— Ҳар нафаре, ки соҳиби касбу коре мегардад, нисбати ихтисоси худ аз хурдӣ дар дил як меҳру муҳаббат парваридааст. Ман аз хурдӣ мехостам, ки санъаткор шавам ва маҳз ҳамин муҳаббат ба шеъру мусиқӣ маро водор намуд, ки ба пайраҳаи орзуҳои кӯдакӣ қадам занам.

— Маълум аст, ки бе сарпараст дар кӯи сарояндагӣ муваффақ шудан душвор аст. Шумо сарпараст доред?

— Ман аз хизмати ягон нафар истифода набурдаам. Ҳамаи он таронаҳое, ки то имрӯз сабт намудаам, аз маблағи заҳмати худам кардаам.

— Сарояндаҳои мо ба хотири дарёфти шӯҳрат ба лаҳҷаи эронӣ суруд мехонанд. Шумо низ ин падидаро дар фаъолиятатон мепазиред?

— Ман боре ҳам бо лаҳҷаи афғониву эронӣ насурудаам, эҷодиётам танҳо бо забони модарии тоҷикиамон аст. Баъзе овозхонҳои мо бо лаҳҷаи эронӣ мехонанд, ба онҳо мезебад. Масалан, Садриддини Наҷмиддин яке аз онҳоест, ки таронаҳои марғубу шӯх сароида эътиқоди мардуми форсизабонро ба даст овардааст. Бо дигар лаҳҷа ё забон суруд сароидан кори ҳар кас ҳам нест.

— Ин хуб аст ё бад?

— Агар хуб сароида бошанд, бад нест. Ман ба иззати нафси касе расиданӣ нестам. Вале на ҳар сароянда лаҳҷаи эрониро хуб талаффуз намуда суруд мехонад.

— Мегӯянд, ки байни сарояндаҳо дӯстӣ вуҷуд дошта наметавонад. Оё шумо ин гуфтаҳоро тақвият медиҳед?

— Ман бо Садриддини Наҷмиддин, Сӯҳроби Сафарзод, Баҳром Ғафурӣ ва дигару дигарҳо муносибатҳои хуби дӯстонаву бародарона дорам. Бо ҳамдигар кор мекунем, маслиҳат мепурсем ва ин барои комилтар шудани эҷодиёти мо кӯмак мерасонад.

— Ҳар нафаре, ки рӯй ба ҷодаи санъат меорад, дар аввал ба ягон кас тақлид мекунад. Шумо дар аввал ба кӣ тақлид менамудед?

— Ман аз аввал ба пайравии Садриддини Наҷмиддин суруд мехондам, зеро он кас устоди ман ҳастанд ва нозукиҳои ин касбро ба ман омӯхтаанд. Ман бовар дорам, ки дар оянда сабки худро пайдо мекунам ва дар ин самт кӯшиш карда истодаам, зеро ҳар сароянда бояд соҳиби равияи худ бошад. Бигзор мардум ӯро бо сабки худаш шиносанд.

— Агар матн ва оҳанги ҷолиб медоштед, бо кадом бонувони сароянда дуэт месароидед?

— Шояд бо Манижа… Чунки ӯ инсони хуб, соҳиби садои дилнишин аст, саҳназеб, тамоми ҳаракатҳои саҳнавиаш ба суруду оҳангаш мувофиқанд. Бо Баҳром низ аллакай бобати сароидани дуэт нақша кашидаем. Ин барои мухлисонам тӯҳфаи ногаҳонӣ хоҳад буд.

— Таронаҳои нав доред?

— Худо хоҳад, албоми навам пас аз анҷоми Рамазон ба дасти мухлисон мерасад.

— Бо кадом шоирону оҳангсозон ҳамкорӣ намудан шуморо хуш меояд?

— Бо Ҳасан Чиллаев, акаи Ҳикматулло, Бахтиёри Бегиҷон…

— Ба тӯй меравед?

— Албатта!

-Ҳозир барои ба танзим даровардани фаъолияти сарояндаҳо қонунҳо ба тасвиб расидаанд. Хабар доред?

— Бале, хабар дорам. Ба наздикӣ дар тӯе ширкат доштаму масъулони танзим иттилоъ доданд, ки ҳар сарояндае, ки барои табрикот ба маърака омадааст, бояд танҳо се суруд хонад. Аммо байни мардуми мо як мақол ҳаст, ки агар овозхон як-ду суруд хонда саҳнаро тарк кунад, мегӯянд, ки суруд хонда натавонист. Бигзор овозхон 7-8 суруд хонад, ки одамон дар ҳавои он рақс кунанд, саҳна гарм шавад.

— Ин пешниҳоди шумо аз тариқи «Дилкушо» ҳатман ба маълумоти  ҳамагон мерасад… Хуб, Исмоил, китобҳои рӯйимизии шумо кадомҳоянд?

— Китобҳои шеърӣ бисёр мехонам, зеро ҳамеша дар ҷустуҷӯи матну идеяҳои нав ҳастам.

— Агар имконият медоштед, кадом гӯшаи дунёро ба худ маскан ихтиёр менамудед?

— Агар миллионҳо доллар медоштам ҳам, боз ҳам дар ватани худ мемондам. Дар ин ҷо ман таваллуд шудам, ба воя расидам, давраҳои беҳтарини кӯдакиам дар табиати нотакрори Тоҷикистон паси сар шудааст.

— Ба варзиш машғул ҳастед?

— Бале, бештар ба фитнес-клуб меравам. Варзиш ба солимии бадан, ҳаракати мӯътадили хун, кори узвҳои нафас кӯмак мерасонад, ки барои сароянда муҳим аст. Алҳол бо сабаби фарорасии рӯза варзишро мавқуф гузоштаам.

— Фарзҳои мусулмониро ба ҷой меоред?

— Бале, рӯза мегирам, намозамро тарк намекунам.

— Шумо нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунед?

— Бовар кунед, ман то имрӯз на шароб ба даҳон бурдааму на таъми сигору носро чашидаам. Истеъмоли ин чизҳо ба инсон ягон фоида надорад ва обрӯ ҳам намеорад. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки худро аз ин маводҳо дур гирам.

— Дар бораи оилаатон донистан мехостем. Чанд фарзанд доред?

— Бо фарорасии Рамазон Худованд ба ман як писарчаи дӯстрӯяке ҳадя намуд. Номашро Фирӯз гузоштем. Алҳол ӯ фарзанди ягонаам аст.

— Шумо мулоқоти аввалинро бо ҳамсаратон дар хотир доред?

— Бо ҳамсарам аз рӯйи ишқу муҳаббат хонадор шудем. Вохӯрии мо дар маркази шаҳр сурат гирифта буд. Рӯзе бо мошини шахсиам дар кӯчаи марказӣ мерафтам, ки бонуи шиносамро бо дугонааш дида, таваққуф намудам. Ҳамон духтари шиносам сабаб гардид, ки ман ҳамсари ояндаи худро вохӯрам. Насиб будааст, ки мо хонадор шудем.

— Он кас хонашинанд?

— Ҳамсарам хатмкардаи Консерваторияи миллӣ аст, вале айни замон хонашин аст. ӯ агар дар хона нишаста, фарзандони солеҳ тарбия кунад ва ҳурмати аҳли оиларо ба ҷо оварад ҳам, кори бузурге хоҳад буд.

— Саломат бошед, Исмоил!

ДИЛКУШО

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: