• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМИ СУРАЙЁ БО ШАМСИДДИН ДУЭТ МЕСАРОЯД?

Шамсиддини Содиқи

Шамсиддини Содиқи

Шамсиддини Содиқӣ 1-уми августи соли 1990 дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Моҳикаҷи ҷамоати Роҳатӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 52-и ноҳияи мазкур аст. Баъди синфи нӯҳ ба коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуд. Имрӯз дар бахши чоруми он таҳсил мекунад.

— Шамсиддин, чӣ шуморо водор намуд, ки ба санъаткорӣ машғул шавед?

— Касе ба овозхонӣ водорам накардааст, балки меҳру муҳаббат нисбат ба санъат маро роҳнамо гашта, ба ин соҳа овард.

— Шояд барои ба ин сатҳ расиданатон касе саҳм гузоштааст…

— Албатта, ман пеш аз ҳама аз модарам миннатдорам, ки дар тарбияам шабҳои бехобиву заҳмати беандоза кашидаанд. Маҳз ба туфайли он кас ман орзуи санъаткор шуданро амалӣ гардонидам.

— Модаратон аз фанни мусиқӣ бохабаранд?

— Не-не, модарам ихтисоси мусиқӣ надоранд, лекин маро ҳамеша барои иштирок дар чорабиниҳои мактабӣ ва тайёрӣ ба он дастгирӣ намуда мадад мерасониданд.

— Дар оилаатон шумо фарзанди чандумед?

— Писари дуввуми оила ҳастам.

— Аз хонаводаатон касе ба санъаткор шуданатон зид нест?

— Не, баръакс, дастгирӣ мекунанд ва мефахранд. Ман низ кӯшиш мекунам, ки дар навбати хеш сазовори боварии пайвандонам бошам.

— Консерт барпо кардаед?

— Дар шаҳри Ваҳдат барномаамро пешкаши мардум намуда будам. Акнун орзуи саҳнаи калонро дорам.

— Ҳозир аз кӯмаки кадом устодон баҳра мебаред?

— Айни замон ба ман Саъдии Фахриддин нозукиҳои санъатро меомӯзонанд.

— Орзу доред, ки бо ягон сарояндаи маъруфи ҷумҳурӣ дуэт сароед?

— Бале, мехоҳам, ки бо ҳамдастии бонуи боистеъдоди шинохта Шабнами Сурайё таронае иҷро кунам. Агар матну оҳанги мувофиқе пайдо шавад, ҳатман аз пайи тараддуди кор мешавам.

— Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар байни дигар овозхонҳо шумо аввалин шуда дар бораи фарзанди Зафар Нозим Соҳибқирон тарона эҷод кардед. Сабаби рӯйи эҷод омадани тарона дар чӣ буд?

— Ҳарчанд ки ман бо он кас танҳо се моҳ ошно будам, аз ҳамкорӣ бо ӯ хотироти басо неку фаромӯшношуданӣ боқӣ мондааст. Як тарона сабаб гардид, ки мо ошно шуда дӯстиамонро идома бахшем. Хеле афсӯс мехӯрам, ки дӯстиамон дер напоид.

Аҷал риштаи умри ҳунарманди маҳбуби дилҳоро қайчӣ зад. Ҳарчанд ки бародари мо аз чашм рафта бошад, вале дар қалбҳо зинда аст. Эҷоди тарона дар бораи он кас армону қарзи ман буд.

— Бо кадом ҳампешагонатон ҳамкории қавӣ доред?

— Бо Зиёвуддини Нурзод, Шаҳзоди Даврон, Далери Хайриддин…

— Таронаҳои кадом сарояндагони гузаштаро гӯш мекунед?

— Кароматуллоҳи Қурбон, Аҳмад Зоҳир…

— Дар ансамблҳои давлатӣ кор кардан намехоҳед?

— Ман ҳоло донишҷӯ ҳастам ва низоми рӯзам барои аъзошавӣ ба ҳайати дастаҳои ҳунарӣ имкон намедиҳад. Вале ногуфта намонад, ки фаъолият дар гурӯҳҳо ҳунари овозхонро сайқал медиҳад ва таҷрибаашро зиёд мекунад.

— Андоз месупоред ба буҷаи давлат?

— Албатта, ман ҳар моҳ дар ҳаҷми 225 сомонӣ андоз месупорам.

— Кадом хотироти ғамангезеро то ҳол фаромӯш карда наметавонед?

— Дунё беғам намешавад ва ҳамаи инсонҳо бо ин марҳилаи зиндагӣ рӯбарӯ мегардад. Дар ҳаёти ман лаҳзаҳое буданд, ки аз марги дӯстонам беҳад рӯҳафтода шудам. Аслан гирем, шодиву андӯҳ ҷузъҳои ҷудонашавандаи ҳаёти одаманд.

— Агар имкониятҳои санъаткорӣ бароятон даст намедод, кадом касбро интихоб менамудед?

— Касби интихобнамудаи ман санъаткорӣ аст. Вале агар гуфти шумо, Худо накарда, барои овозхонӣ имкон намедоштам, тиҷораткор мешудам. Айни замон ҳам ба тиҷорат каме сарукор дорам, вале бештар вақтамро ба санъат мебахшам.

— Тасаввур кунед, ки дар даст сад ҳазор доллар доред. Бо ин миқдор пул аввал чӣ кор мекунед?

— Аввалан аз рӯйи шариати мусулмонӣ закот месупоридам. Қисми дигарашро ба хона-интернатҳо хайр менамудам. Боқимондаашро боз фикр мекардам…

— Агар ягон нафар бо сабаби нодорӣ аз шумо хоҳиш кунад, ки дар тӯяш ройгон хизмат кунед, ба инобат мегиред?

— Барои чӣ не? Ман ҳамеша дар хизмати мардумам ва мекӯшам, ки ба бечораҳолон дасти мадад дароз кунам. Агар ман аз соҳиби тӯй набинам, Худованд подоши некиҳоямро ҳатман мегардонад.

— Хуб, набошад ман шуморо ба тӯям даъват мекунам. Меоед?

— Агар даъват кунед, ҳатман хизмат мекунам.

— Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

-Мошини тамғаи «Лексус». Лекин ҳозир ҳар рӯз тамғаҳои гуногуни мошин баромада истодаанд, шояд дертар андешаам тағйир ёбад.

— Шамсиддин, оё шоҳдухтари орзуҳои худро пайдо кардаед?

— Шояд…

— Кай оиладор шудан мехоҳед?

— Ҳамон вақте, ки Худованд розӣ шуд. Фаромӯш набояд кард, ки сарнавишти ҳар яки мо дар дасти ӯ аст. Ман бовар дорам, ки Офаридгор бароям ҳамсафари якумраеро ҳадя месозад, ки маро дар зиндагӣ дастгирӣ намуда, барои пешравиям дар соҳаи санъат мусоидат мекунад.

— Субҳи шумо одатан бо кадом корҳо оғоз меёбад?

— Бо андешаи тавлиди таронаи нав…

— Шамсиддин, Соли наватон муборак бошад! Орзу дорем, ки сарояндаи беҳтарин, ифтихори санъати тоҷик гардед!

ДИЛКУШО

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: