• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Ҷонибек МУРОДОВ БА ҲАЁТИ ОИЛАВИАМ ДАХОЛАТ НАКУНЕД

Чонибек МУРОДОВ

Чонибек МУРОДОВ

Ў аллакай ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Танҳо ба забон овардани номаш басанда аст, ки симо ва садои ҷаззобаш ба ёди ҳаводорони мусиқӣ ояд. Ҷонибек дар муддати кӯтоҳ эстрадаи тоҷикро ба дуриҳои дур бурда, муаррифгари санъати тоҷик гардид.


Ҷонибек, кадом хислататон ба худатон писанд нест?

— Медонед, баъзан худам ба худам маъқул намешавам. Баъзан хотирпарешониам маро маҳзун мекунад, зеро боиси гапу калоча мегардад. Масалан, агар рафта истода бошаму аз пешам одами шиноси баромадаро набинам, он шахс дар бораи ман зуд андешаҳои нохуб меронад. Аслан ман инсоне нестам, ки салом накарда, аз назди одамон гузарам. Худамро аз касе боло намеҳисобам.

Чунки ҳама назди Худованд баробаранд. Ростӣ, ман дар куҷое бошам, дар фикри кору бори худ ва эҷодам ҳастам. Бо ҳамин сабаб баъзан шахсони дар паҳлӯям қарордоштаро ҳам намебинам. Вале одамон рафтори маро ба ҳавобаландӣ нисбат медиҳанд.

— Вақтҳои холиатонро ба чӣ мебахшед?

— Бештар ба бозии футбол машғул мешавам. Футбол яке аз варзишҳои дӯстдоштаи ман ҳаст. Ҳангоми ба он машғул шудан тамоми хастагӣ ва ҳолати ноҷӯрам рафъ мешавад. Ману Шабнам албатта, барои нигоҳ доштани намуди зоҳирӣ аз намудҳои гуногуни варзиш бархудор ҳастем. Ба толорҳои варзишӣ, клуби шейпинг ва фитнес меравем ва соатҳо машқ мекунем, ки  ин барои обутоби бадан кӯмак мерасонад.

— Одатан аз кадом саволи журналистон мегурезед?

— Медонед, вақте ба ҳаёти оилавӣ дахл мекунанд, ман ҷавоб додан намехоҳам.

— Қуввати худро дар дигар жанрҳои мусиқӣ санҷидаед?

— Албатта, ман таронаҳои классикӣ, шашмақом низ иҷро кардам. Бовар дорам, ки дар ҳолати давом додани фаъолият дар ин жанр бо дастгирии устодон комил мешавам. Лекин медонам, ки ман барои ин кор нестам. Худамро дар жанри эстрада комилтар эҳсос мекунам.

— Одатан шахсиятҳои машҳур бе муҳофиз намегарданд. Шумо аз чунин усули таъмини бехатарӣ истифода мебаред?

— Не, ман бовар дорам, ки Худованд маро дар паноҳаш нигоҳ медорад. Барои ҳамин аз хизмати махсуси муҳофизон истифода намебарам. Вале дӯстоне дорам, ки ҳамеша да паҳлӯям ҳастанд, маро дар ҳама гуна кор дастгирӣ мекунанд. Ростӣ, дар ин бобат ягон маротиба ташвиш накашидаам.

—  Дар бораи ҳамкасбонатон, ки имрӯз хомӯширо ихтиёр кардаанд, чӣ гуна андеша доред?

—  Медонед, ман ба ҳеҷ кас кор надорам ва аз ҳамин лиҳоз дар ин бобат чизе гуфта наметавонам. Вале як чиз аниқ аст, ки агар одам дар болои ҳунари худ кор накунад, истеъдоде, ки аз ҷониби Худованд ба ӯ зоҳир шудааст, хомӯш мегардад. Инсон бояд ҳамеша дар мубориза бошад ва ҳунари худро сайқал диҳад.

— Боз чӣ гуна нақшаҳо доред? Шояд консерти худро барои мухлисони ватании худ барпо менамоед?

— Не, ҳоло боз бисёр консертҳои мо дар дигар давлатҳо баргузор нашудааст. Аз ҷумла дар Русия, Австрия, Канада….

Ҷонибек, дар дигар давлатҳо сарояндагон дар ҳар муддати муайян ба кӯдакони маъюбу бепарастор дасти мадад дароз мекунанд. Шумо низ омода ҳастед, ки дасти фитодаеро бигиред?

— Албатта, мо қариб ҳар моҳ нақша тартиб дода ба хона-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон кӯмаки моддӣ мерасонем. Иҷрои ин кори хайр нафақат қарзи сарояндагону дигар шахсиятҳои машҳур аст, балки фарзи ҳар як инсони соҳибкасб аст. Лекин аслан гуфтани он, ки «ман ба ин ё он нафар кӯмак мерасонам» аз рӯйи шариат нест, зеро ин худнамоишдиҳӣ мешавад.

— Медонем, ки бо овозхонҳои афғон ҳамкории зич доред. Ин ҳамкорӣ бароятон кадом дарвозаҳои муваффақиятро кушод?

— Бале, мо бо бисёр сарояндаҳои ҳамзабон, аз қабили Ҳангома, Фаттона, Наҷиб Навобӣ ва боз бо бисёр нафарони дигар робитаи наздик дорем. Сараввал ин ҳамкорӣ метавонад дӯстии байни кишварҳоро густариш диҳад, ба инкишофи фарҳангӣ мусоидат кунад.

Тавассути ҳамкорӣ мо метавонем аз якдигар чизҳои нав омӯзем, ба ҳам кӯмак расонем. Мо дар консертҳо якҷоя баромад намудем, ки ин аллакай муносибати наздики моро нишон медиҳад. Алҳол нақша дорам, ки бо баъзе аз онҳо онҳо дуэт сароям. Вале, муттаассифона, фурсат даст надода истодааст.

— Ғайри шумо дар Амрико дигар овозхонони болаёқат ба монанди Садриддину Баҳром Ғафурӣ низ сафарҳои ҳунарӣ доштанд. Бо онҳо вохӯрӣ доштед?

— Аввал ин ки дар ин бора мо бо касе гуфтугузор надоштем. То он ҷое, ки ман медонам, Садриддину Баҳром ба Амрико барои клипсабткунӣ рафта буданд, на ба хотири барпо намудани консерт. Бо онҳо ягон маротиба дар Амрико вонахӯрдаем. Ҳатто хабар надоштем, ки Садриддин ё Баҳром низ дар Амрико қарор доранд.

Сафари ману Шабнам аввалин сафаре буд, ки ба баргузоршавии силсилаконсертҳо мусоидат намуд. Ман ҳунари Садриддину Баҳромро қадр мекунам  ва барояшон барор мехоҳам.

— Бисёриҳо Панҷшерро ҳамчун зиёратгоҳи бузург мешиносанд. Дар робита ба ин мегӯянд, ки сабаби маҳбубият ёфтани таронаи «Ҳама қарсак бизанем» дар он аст, ки дар матн калимаи Панҷшер дарҷ шудааст. Шумо ба ин андешаҳо розӣ мешавед?

— Гумон намекунам, ки сабаби маҳбубияти суруд дар калимаи Панҷшер аст. Аз нигоҳи ман тарона бо оҳанги ҷаззоб ва тарзи хониши зебо рӯйи навор омадааст.

— Барои чӣ дар ноҳияҳои хурд консерт барпо намекунед?

— Мо ҳамеша омода ҳастем, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ консерт барпо намоем. Танҳо бояд дар ин маврид продюсерони шаҳру ноҳияҳо барои ташкили барнома даъват ба амал оранд.

— Агар шӯҳрататон ҳамин тавр идома ёфтан гирад, барои зиндагонии оянда куҷоро интихоб менамоед?

— Бовар кунед, ман хоки ватанамро ба ягон ҷойи дигар иваз намекунам. Дар Тоҷикистон ба воя расидам ва чунин мавқеъро низ дар ҳамин ҷо бо дастгирии мухлисон ёфтам. То имрӯз дар якчанд гӯшаи ҷаҳон будам, вале андешае дар дилам пайдо нашудааст, ки бояд ҷойи иқоматамро тағйир диҳам. «Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам…».

— Намехоҳед, ки дар дигар жанрҳо низ қобилияти худро санҷед?

— Ман қувваи худро дар Шашмақом санҷидаам, вале аз он лиҳоз ба ин жанр таваҷҷӯҳи зиёд намекунам, ки барои он офарида нашудаам. Қобилияти ман бештар дар эстрада зоҳир мегардад.

— Саволи охирин. Шиори шумо…

— Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,

Бо неку бади аҳли ҷаҳон кор надорем.

Андешаҳо

ҶӯРАБЕК МУРОДОВ

— Сабаби қатъи ҳамкории дуҷонибаи Ҷонибеку Шабнамро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Оё ин ҳамкорӣ аз манфиат холӣ буд?

— Хоҳари азиз, ба таври инфиродӣ фаъолият бурдани онҳо маънои онро надорад, ки байнашон ҳодисае рух додааст. Онҳо ба хотири сайқал додани санъат ва муаррифӣ намудани чеҳраи худ ҳунарнамоии алоҳидаро авлотар донистанд ва дар ҳамин сурат низ ҳамкору ҳамкасб мемонанд.

Бигзор худ ба саҳна бароянд, қуввати худро дар сафарҳои хориҷа санҷанд ва агар Худо хоҳад, боз ҳамкории дутарафа пеш мебаранд. Бе ин ҳам дар атрофашон овозаҳои бесару нӯг зиёд буд. Бигзор мардум хомӯш шавад. Ногуфта намонад, ки барои ҷудошавии Ҷонибеку Шабнам душманон низ хеле саъй карданд. Шумо медонед, ки одамон барои дарёфтани шӯҳрату вазифа якдигарро ҳатто мекушанд, зарбаҳои сахт мерасонанд.

Лекин онҳо тавонистанд бисёр ҳамкориҳои судманд анҷом диҳанд, дар бисёр кишварҳое, ки ҳоло суруди тоҷикӣ садо надода буд, консерт барпо созанд.

— Устод аз сатҳи баргузоршавии чорабинии муқаддамотии «Интервидение. Панҷ ситора» розӣ будед?

— Асосаш ин ки шумораи чорабиниҳо зиёд шавад. Миллатро ба воситаи фарҳангаш мешиносанд. Фарҳанг рушд ёбад, чорабиниҳо зиёд шавад, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия меёбанд. Асос дар чорабиниҳо ҷуръат пайдо намуда ҳунари худро нишон додан аст. Ҷойи аввал аст ё дуюм, он қадар муҳим нест. Рӯйи саҳна баромадан ин худаш як қаҳрамонист.

— Фикри шахсии шуморо донистан мехостем…

— Фикри шахсии ман бо худам мемонад…

ДИЛКУШО

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: