• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ВИВЕК ОБЕРОЙ ШОДАМ, КИ ДАСТУ ПОЯМ ИМРЎЗ МЕҶУНБАНД

Вивек Оберой

Вивек Оберой

Вивек Оберой дар шаҳри Лондон курси актёриро ба итмом расонидааст. Дар он ҷо ӯ бо директори донишгоҳи Ню-Йорк ошно мешавад. Директор истеъдоди худододи Вивекро дида, ӯро ба донишгоҳ даъват мекунад. Баъди ин Вивек ихтисоси пурраи ҳунармандиро соҳиб мешавад. Аввалҳо ӯ ба навиштани сенарияҳои филмҳо машғул буд. Пасон соли 2002 ӯро барои нақшофарӣ даъват мекунанд.

Коргардонҳо дар мавриди он ки аз Вивек нақши дилхоҳ мебарояд, шубҳа доштанд. Вале Вивек бо ғайрати тамом филмро ба анҷом расонид ва ҳатто сазовори мукофот гардид. Вивек боз истеъдоди раққосӣ низ дорад.

Агар гӯем, ки Вивек чой, қаҳва наменӯшад ва сигор намекашад, шояд шумо бовар накунед. Вале, дар ҳақиқат чунин аст.

Вивек бо аҳли оилаи худ ташкилоти «Yashodhara Oberoi Foundation»-ро кушодааст. Ҳадафи асосии ташкилот ин кӯмаки моддӣ расонидан ба оилаҳои камбизоат аст.

Дар муносибатҳои ошиқона ҳунарманд онқадар хушбахт нест. Вивек бо духтараке фотиҳа шуда буд, вале баъдан дилдодагон ҷудо шуданд. Мегӯянд, ки сабаби асосии ҷудошавӣ ин аст, ки гӯё Вивек бо Айшвария муносибати наздик пайдо намудааст.

Вивек дар бораи худ мегӯяд:

Ман барои пул ё унвон дар филмҳо нақш намеофарам. Барои ман кино ҳамчун хобби аст. Бештар бо коргардон Риту (Ritu) кор кардан мехоҳам. Тамошои филмҳои Голливудро дӯст медорам. Вақтҳои холиамро ба мутолиаи китоб ва дуо мегузаронам.

Сӯҳбати сарироҳӣ:

— Вивек, барои чӣ шумо номи худро иваз намудед?

— Вивек Ананд Оберой номи пурраи ман аст. Гап дар сари он аст, ки вақте ман ба олами синамо омадам, хостам номи худро кӯтоҳтар кунам. Вале модарам ба ин қарори ман розӣ набуд.

Чун дар кино каме мавқеи худро ёфтам, тасмим гирифтам, ки барои шод гардонидани модарам боз аслу насаби аввалаи худро барқарор мекунам ва имрӯз модарам аз ин беҳад хурсанд аст.

— Шунида будем, ки шумо ба садама дучор шудаед…

—  Бале, ин воқеаи нохуш ҳангоми ба наворбардории филм ба вуқӯъ пайваст. Дар саҳнае ман бояд медавидам ва аз пасам нафари дигаре бо мотосикл таъқиб менамуд. Дар дақиқаи охир мо самти давиданро дигар намудем. Ногоҳ ба қафо нигоҳ карда дидам, ки мотосикл бо суръати баланд ба тарафам омада истодааст.

Худро ба даст гирифта ба дигар сӯй ҷаҳидам. Худоро миннатдорам, ки ҳамон лаҳза маро аз фалокат нигоҳ дошт. Вагарна имрӯз бо ду пойи шикаста ва ҷисми маъюб дар бистар хоб будам. Ба ҳар ҳол, ман натавонистам худро пурра наҷот диҳам. Зеро поям осеб дид.

Ин як воқеаи нохуш буд. Барои ҳамин ман дигаронро бовар кунонидам, ки ба ронандаи мотосикл ягон хел даъво надорам. Маро саросема ба беморхона оварданд, баъдтар аз он ҷо бо чархбол ба госпитали Мумбай паридем. Ҷарроҳӣ хуб гузашт ва ман имрӯз шодам, ки боз дасту пойҳоям меҷунбанд, чашмонам дунёи рӯшанро мебинанд. Ба одамоне, ки шабу рӯз барои шифо ёфтанам дуо карданд, ташаккур мегӯям.

Ман ҳатто сахт ба ҳайрат омадам, ки чӣ тавр шумораи зиёди одамон аз фалокати бо ман рухдода дар ташвишу ҳаяҷон буданд. Ростӣ, пас аз ин каме ботамкину хоксор шудам. Ҳамеша мехоҳам, ки ба он нафароне, ки бароям ғамхорӣ зоҳир карданд, посухи муҳаббаташонро гардонам. Бовар кунед, дӯстонам занг зада ашк мерехтанд. Дар мусоҳибаи худ дар телевизион ман ҳамаро бовар кунонида гуфтам, ки ман қариб сиҳат мешавам, метавонанд ором бошанд.

— Одатан ба ҷинси муқобил чӣ тӯҳфа мекунед?

— Ин вобаста ба он аст, ки ман ба кӣ тӯҳфа мекунам. Масалан, агар зодрӯзи модарам бошад, ман чанд муддат пеш имтиҳон мекунам, ки дили ӯ чӣ мехоҳад. Пасон мувофиқи хоҳиши модарам тӯҳфа интихоб мекунам ва албатта, ҳамроҳи як дастагули хушбӯй ба ӯ тақдим месозам.

Дар мавриди хоҳарам низ чунин рафтор мекунам. Агар ба ҳамкасбонам тӯҳфа карданӣ шавам, бештар ба мағозаи ҷавоҳирот меравам. Гумон мекунам, ки анҷомҳои ороишӣ барои ҳар як бону тӯҳфаи беҳтарин аст.

— Одатан шахсиятҳои машҳур бо мошини бодабдаба ва ронандаи шахсӣ мегарданд. Ҳамзамон онҳоро муҳофизон иҳота мекунанд. Шумо низ аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаред?

— Ростӣ, ман худамро шахсияте намешуморам, ки ба ин тарзи бехатарӣ ниёз дорад. Барои ман бо мошини оддӣ низ ба ин ё он сӯ рафтан ҳаловат мебахшад. Худамро аз ягон инсон боло намеҳисобам. Муҳофизи шахсӣ низ надорам. Фақат худамро аз баъзе ашхоси шубҳаангез эҳтиёт мекунам. Бовар дорам, ки Худованд низ маро дар паноҳаш нигоҳ медорад.

— Шиори шумо…

— Фақат ба Худо бовар кардан!

— Худатонро бо як ҷумла тасвир кунед…

— Инсоне, ки ҳама таънаю мазамматҳоро бо фурӯтанӣ қабул мекунад.

— Филмҳоеро, ки худатон дар онҳо ширкат меварзед, тамошо мекунед?

— Гоҳ-гоҳ… Тамошо кардан албатта, хуб аст. Чунки хатоҳои худро мебинӣ ва барои дуюмбора такрор накардан кӯшиш мекунӣ. Баъзан модараму хоҳарам ба ман ҳаракатҳои ноҷоямро нишон медиҳанд.

Ҳаргиз фикри касеро рад намекунам. Ман бояд кӯшиш намоям, ки нақши иҷрокардаам натанҳо ба худам, балки ба тамошобинон ҳам писанд ояд. Баҳодиҳандиҳандаи ҳақиқии ҳунари ман мухлисонам мебошанд.

— Вивек, саломат бошед. Ба шумо парвози баланди эҷодиро таманно дорем.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: