• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Гулбаҳор ҒАФФОРОВА 20 000 СОМОН Ӣ — НАРХИ «СУПЕРКЕЛИНЧАК»-И ТОҶИКӢ

Гулбахор Гаффорова

Гулбахор Гаффорова

— Ман аз як ҷиҳат шодам, ки ҳунармандам ва хотири мардумро шод мегардонам. Вале баъзан сахт озурда мешавам, ки барои чӣ ҳаҷвнигор шудам, зеро баъзан маро намефаҳманд, суханамро ҷиддӣ қабул намекунанд ва аз ин сахт аламам мекунад. Пас маҷбур мешавам, ки бо одамон бо дуруштӣ гап занам. Лекин ҳаргиз намехоҳам, ки дили касероранҷонам.


— Гулбаҳор, хабар доред, ки «Наша Раша» тоҷиконро таҳқир мекунад? Оё хаҷвнигорони тоҷик нисбат ба ин ягон чора меандешанд?

— Медонед, онҳо аз пашша фил сохтаанд. Лекин мо инкор намекунем, ки пашша ҳаст. Масалан, тоҷикони мо ба минтақаҳои гуногуни Русия мераванд, лекин аз маданияту урфу одат бехабаранд ва аз ҳама асосаш, забони русиро намедонанд. Охир вақте ба ягон давлат барои кор ва зиндагӣ меравед, бояд забони онҷоро донед-ку! Мо дар мавриди ба ҳангомаҳои «Наша Раша» посух гардонидан фикр карда будем, вале ростӣ, шароит надорем, нафари хайрхоҳе нест, ки ба мо дасти мадад дароз кунад. Дар бобати таҳқири тоҷикон бисёр бачаҳо низ шикоят намуда изҳор доштанд, ки саривақт чораҷӯӣ кунем. Мо ҳозир дар сомонаи интернетии «Хандинкамон» видеоролик ба навор гирифта ҷой додаем. Агар масъулони «Наша Раша» онро тамошо кунанд, ба фикрам, аз рафтору гумонҳои худ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик даст мекашанд.

— Магар дастаи шумоён сайти худро дорад?

— Бале, ба наздикӣ мо дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сайти худро сохтем. Дар онҷо аксҳо ва барномаҳои беҳтаринамон ҷой дода шудаанд.

— Шумо ба Русия сафари ҳунарӣ доштед?

— Ду сол пеш муддати ҳабдаҳ рӯз бо ҳайати команда ба шаҳрҳои гуногун сафари ҳунарӣ доштем.

— Дар «Хандинкамон» чӣ навигариҳо ба вуқӯъ омадааст?

— Мо ҳозир тасмим дорем, ки ба шарофати иди Рамазон дар шаҳри Хуҷанд охири моҳи сентябр консерт барпо кунем ва ҳамзамон ба муносибати Соли нави 2010 ба шаҳри Душанбе сафари ҳунарӣ анҷом диҳем. Ҳамаи барномаҳое, ки пешкаши мухлисон мегарданд, ба тозагӣ таҳия шудаанд.

— Ягон маротиба аз касби пешанамудаи худ пушаймон шудаед?

— Ман аз як ҷиҳат шодам, ки ҳунармандам ва хотири мардумро шод мегардонам. Вале баъзан сахт озурда мешавам, ки барои чӣ ҳаҷвнигор шудам, зеро баъзан маро намефаҳманд, суханамро ҷиддӣ қабул намекунанд ва аз ин сахт аламам мекунад. Пас маҷбур мешавам, ки бо одамон бо дуруштӣ гап занам. Лекин ҳаргиз намехоҳам, ки дили касеро ранҷонам.

— Ба фикри шумо барои чӣ ҳунармандони тоҷик наметавонанд ба монанди филмҳои ӯзбекии «Суперкелинчак», «Бойбача» ё дигару дигар филм ба навор гирем?

— Барои чӣ наметавонем?! Бовар кунед, агар шароит ва маблағ дошта бошем, аз ӯзбекфилмҳо ҳам мегузаронем. Шумо дар киноҳои ӯзбекӣ аҳамият диҳед, ки чӣ гуна сарулибос интихоб мекунанд, хонаву дар, мошин ва дигар чизҳое,  ки барои сабти филм заруранд. Мо на сарпараст дорему на дастгирӣ мебинем.

— Пас барои ҳамин ҳаҷвнигорони тоҷик дар бораи сабти филми босифат фикр намекунанд?

— Не, фикр мекунанд. Шахсан худи мо ҳозир дар болои ду сенарияи филми нав кор карда истодаем. Агар шахсони саховатманди фарҳангдӯст пайдо шаванд, ҳатман пешкаши тамошобинон мегардонем.

— Барои сабти як филм чӣ қадар маблағ лозим мешавад?

— Инро аниқ гуфта намешавад… вале агар филми босифат ба навор гирифтан хоҳед, тахминан бист ҳазор сомонӣ лозим мегардад.

— Худатон мухлиси чӣ гуна филмҳоед?

— Филмҳои таърихиро беҳад дӯст медорам. Чунин филмҳоро пайваста аз шабакаи «Россия» намоиш медиҳанд. Ҳамзамон ба наздикӣ филми «Рустаму Сӯҳроб»-ро аз телевизиони тоҷик намоиш доданд, ки писандам омад.

— Шумо бо даъвати кӣ ба гурӯҳи «Хандинкамон» шомил шудед?

— Ман бо Муқимҷон асосгузори «Хандинкамон»-ем гӯям, хато намекунам. Мо ҳамроҳи он кас якҷоя ташкил кардем ва шукри Худо, хато накардем, чунки ҳар як хандаи одамон хушбахтии ҳаёти мо мебошад.

— Маротибае дар бораи сароянда шудан фикр накардаед?

— Ман рақсу сурудхониро хеле дӯст медорам. Агар Худованд овози хуб медод, ҳатман дар болои истеъдоди худ кор мекардам. Лекин афсӯс, ки овозам гӯшхарош аст.

— Гулбаҳор, оё ягон мухлиси ашаддие доред, ки ба шумо тӯҳфаи қимматбаҳо кардааст?

— Ман ҳамаи мухлисони худро дӯст медорам, ҳурмат мекунам. Дидор, дастгириву қарсакҳои онон ба ман рӯҳу илҳом мебахшад ва ҳаминро тӯҳфаи беҳтарин меҳисобам. Асос тӯҳфа не, асос ин ҳисси эҳтиром ва аҳамият додан аст.

— Ман ягон лавозимотро дар назар дорам…

— Агар ангуштарини тиллоиро тӯҳфаи қиммат гуфтан мумкин бошад, пас як мухлисам ба ман чунин тӯҳфа тақдим намуда буд.

— Оё шоҳзодаи орзуҳои худро пайдо кардаед?

— Ман интизори шоҳзода нестам. Ман интизори ҳамон нафареам, ки дар зиндагӣ дасти маро мегирад, ҳунарамро қадр мекунад ва ҳаргиз кӯшиши маро аз саҳна дур сохтан намекунад.

— Мошин доред?

— Мошини ман аспи саманди Рахш аст (механдад).

— Ба фикри шумо дар ҳавлӣ зиндагӣ кардан беҳтар аст ё дар биноҳои баландошёна?

— Аслан гирем, ман дар биноҳои баландошёна калон шудаам. Акнун чор сол мешавад, ки бо волидонам дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Ба ман зиндагии ҳавлӣ писанд аст, чунки дар инҷо баҳри дили инсон кушода мешавад. Боғу дарахт, ҳавои тоза… Он тарафаш ба худатон маълум.

— Ба фикри шумо давраи истиқлолият беҳтар аст ё давраи Иттиҳоди Шӯравӣ?

— Ҳарду давра ҷиҳатҳои мусбату манфии худро доранд. Равиши истиқлолият дигар аст ва ҷаҳони Шӯравӣ равияи худро дошт. Лекин ман як чизро махсус қайд карданиам, ки истиқлолият натанҳо дар рӯйи қоғаз бошад, балки дар воқеият зуҳур кунад. Мехоҳам, ки ҳама нафароне, ки бо ҚОНУН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ва ДЕМОКРАТИЯ сарукор доранд, софдил бошанд. Мӯйро аз хамир ҷудо карда тавонанд.

— Саломат бошед. Мо ба шумо муваффақият мехоҳем.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: