• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Дилноза КАРИМОВА ДАР АМРИКО КОНСЕРТ ДОД

Дилноза Каримова

Дилноза Каримова

Дилноза аз  қабили ҳунармандони ҷавоне мебошад, ки аз болои худ кор кардан ва ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ шуданро дӯст медорад. Таронаҳояшро одамони синну соли гуногун гӯш мекунанд ва акнун садои Дилноза ба Амрико рафта расидааст. Ҳар вақте ки ба ин бонуи ҳунар занг мезанам, ӯро серкор меёбам. Вале ин навбат ҳунарманди маҳбуб даъвои серкориро накарда, ба саволҳои хонандагони «Дилкушо» посух дод.

— Дилноза, оё тасмим надоред, ки ба Амрикову Аврупо сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳед?

— Ба фикрам шумо бехабаред, ки ман аллакай дар Амрико барномаи консертӣ барпо намудам. Сафари мо дар арафаи ҷашни мусалмонони дунё Иди Қурбон ба амал омад. Дастаи ҳунарии мо дар шаҳри Вирҷиния ва Вашингтон барнома таҳия намуд.

— Аз нигоҳи шумо тамошобинон шуморо чӣ гуна истиқбол намуданд?

— Консерти мо дар сатҳи олӣ гузашт. Ман аз истиқболи гарм ва қарсакзании толориён дарк кардам, ки дар хориҷа мардум ҳамеша пазмони таронаҳои тоҷикианд. Аз сафари нахустини худам ба хориҷа сад фоиз розиам.

— Яъне сафарҳои худро дар оянда идома доданиед?

— Албатта, сафари мо аввалин буду охирин нест. Худо хоҳад, ҳамкориро бо овозхонҳои берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта мустаҳкам хоҳем кард.

— Дар иҷрои кадом жанр худро комилтар эҳсос мекунед?

— Ман мехоҳам, ки дар ҳама жанрҳо қобилияти худро санҷам ва ҳунари худро сайқал диҳам. Ба андешаи ман ҳунарманд бояд аз мафҳуми санъат пурра бохабар бошад. Барои ман ҳамаи жанрҳои санъат як маъниро ифода мекунанд.

— Мухлисонатон мегӯянд, ки шумо дар иҷрои таронаҳои Шашмақом маҳорати зиёд доред…

— Шояд… чунки ман аз хурдӣ нозукиҳои Шашмақомро омӯхтаам. Дар донишгоҳ низ дар шӯъбаи Шашмақом таҳсил мекунам. Лекин фалакро низ дӯст медорам.

— Кадом орзуи деринаи худро дар соли 2010 ба сомон расонидан мехоҳед?

— Аслан орзуро инсон набояд пешакӣ ба ҳама гӯяд. Ба гумони ман аввал бояд орзу амалӣ гардад, пасон гуфтан мумкин аст. Масалан, ман орзу мекардам, ки ба Амрико равам. Шукри Худованд, ки соли 2009 бароям дари ин имкониятҳоро кушод.

— Яъне алҳол чӣ орзу доштанатонро ба мо намегӯед?

— Бале, хоҳишҳои ман амалӣ гардад, дар мусоҳибаи навбатӣ бобати ин сӯҳбат мекунем.

— Шуморо ҳаҷвнигорон тақлид мекунанд. Аз ин хафа намешавед?

— Не, намеранҷам. Агар тақлид кунанд, пас маълум мешавад, ки ман шахсияте ҳастам, ки нисбатам таваҷҷӯҳ мекунанд, фаъолияти ман барои атрофиён бетаъсир нест. Ман аз доираи ҳунармандони жанри ҳаҷв дӯстони зиёд дорам. Байни мо ягон сардие наафтодааст.

— Агар барои зиндагӣ шароитҳои беҳтарини дунёро дошта бошед, барои истиқомат кадом гӯшаи дунёро ихтиёр мекунед?

— Бовар кунед, се ҳафтае, ки дар Амрико будам, Тоҷикистонро беҳад ёд кардам. Чӣ хеле ки набошад, ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаам ва аз ҳамин рӯ обу хокаш дар куҷое, ки набошам, маро ба сӯйи худ мекашад. Ман метавонам ба хотири машҳур намудани санъати тоҷикӣ ба дигар минтақаҳои дунё равам, лекин намехоҳам, ки дар хориҷа зиндагӣ кунам.

— Медонед, Дилноза, дар хориҷа мард ҳангоми таваллуд кардани ҳамсараш иштирок мекунад. Ин падидаро дар байни тоҷикон тарафдорӣ мекунед?

— Ман муқобили чунин кор ҳастам, чунки дарду азобе, ки зан ҳангоми таваллуд мекашад, ба психологияи мард таъсири манфӣ мерасонад.

— Ҳоло кӯдакдор нашудаед?

— Не, ҳоло фарзанд надорам, лекин рӯзи 31-уми декабр додарам Зайниддин соҳиби писарча гардид. Ман дар вақти таваллуд дар бари янгаам будам ва дидам, ки ба дунё овардани фарзанд чӣ гуна душвор аст. Бародарам хост, ки ба назди ҳамсараш дарояд, лекин мо нагузоштем.

— Табрик! Тифлакро чӣ ном гузоштед?

— Ҳоло дар ҷустуҷӯйи номи зебо ҳастем.

— Мегӯянд, ки тайи чанд сол дар осмону замин ва бадани тифлу гӯсфанд калимаи оллоҳ пайдо мешавад. Шумо ба чунин ҳангомаҳо чӣ гуна менигаред?

— Дар ин бобат бисёр шунидаам, ҳатто дар шабакаи Интернет зиёд хабару аксҳо пахш мекунанд. Боре дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ баррачае таваллуд шуд, ки дар баданаш калимаи Оллоҳ навишта шуда буд. Ман худам рафта бо чашмонам дидам.

— Бовар доред, ки ин амали дасти Худованд аст?

— Медонед, ҳамаи мо ба Худованди яккаву ягона имон дорем ва аз рӯйи дину мазҳабҳои гуногун ба ӯ саҷдаву дуо мекунем. Лекин ман маротибае ҳам дар бораи чунин пайдоишҳо чуқур андеша нарондаам. Умуман, ин муҳокимаи дурударозро металабад.

— Мошини орзуҳоятон кадом аст?

— Ҳама гуна нақлиёт воситаи хизматрасонии мардум маҳсуб меёбанд. Хоҳ маршрутка, хоҳ таксӣ бошад, барои ба анҷом расонидани кор мадад мерасонанд. Аз ин лиҳоз ман кӯшиш намекунам, ки мошини боҳашамат харам. Як мошини тамғаи хориҷӣ дорам ва шукри онро мекунам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: