• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Иззат ШАРИФӢ ҶЕНТЛМЕНИ ЭСТРАДАИ ТОҶИК

Иззат Шарифи

Иззат Шарифи

Пул чизи безеб аст. Одами хуба вайрон мекунад, инсони вайрона вайронтар. Аввал маҷаллаи «Дилкушо»-ро сарпарастӣ карда, барои ранга шудани саҳифаҳояш мусоидат менамудам. Пасон шояд бо маблағ клип ва суруд сабт мекардам. Боз шояд студияе, ки бо асбобҳои муосир таҷҳизонида шудааст, таъсис медодам.

— Мегӯянд, ки имрӯзҳо шумо дар чорабиниҳои давлатӣ кам баромад мекунед. Сабаб чист?

— Ба ин андешаҳо розиям. Лекин ман дар ҳамин чорабиниҳо вазифаҳои дигарро ба анҷом мерасонам. Дар идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳайси коргардон ва продюсер фаъолият мебарам.

— Мегӯянд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳунармандон дар пушти қумондону боевикҳо паноҳ мебурданд. Агар чунин намекарданд, шояд ки кушта мешуданд. Шумо ба ҳамин ҳолатҳо рӯбарӯ шудаед?

— Ростӣ, дар ҳамин даврони нофаҳмиҳо ман аз марзи Душанбе берун набаромадам ва дар зери дасти ягон кас ҳам набудам, бо ин табақа шинухез ҳам надоштам. Танҳо машғули фаъолияти хеш, дар хизмати мардум будам.

— Ба андешаи шумо имрӯз барои ҳар як санъаткор дар ҳайати ансамблҳои давлатӣ фаъолият бурдан осон аст ё алоҳида?

— Саъаткор бояд дар вуҷуди хеш озодиро ҳамеша эҳсос кунад. Бидуни ягон фишор бошад. Агар касе фишор биёрад, ҳунарманд хаста мешавад. Ба андешаи ман, агар сароянда дар ҳайати дастаҳои давлатӣ фаъолият барад ҳам,  бояд озод бошад.

— Барои шӯҳратманд шудан чӣ муҳим аст? Пул, симои зебо ё истеъдод?

— Медонед, маҳорату истеъдодро бо ягон чиз харида намешавад ва бе ин ду мафҳум касе ба ҷое намерасад. Санъаткор аз касе муттаҳам нест. Бинобар ин ӯ метавонад бо заҳмати худ рӯи саҳна омада, исбот созад, ки дар ин пайроҳа шахси тасодуфӣ нест.

— Новобаста аз он, ки имрӯз бо қарорҳои давлатӣ истифодаи фонограммаро манъ кардаанд, овозхонҳо аз он даст накашидаанд. Шумо ҳамчун коргардони барномаҳои ҳунарӣ ин падидаро мушоҳида намудаед?

— Шахсан консертҳое, ки ман ташкил намудам, ба таври зинда гузаштааст. Саъаткор бояд ҳатман дар назди мардум зинда сарояд, то ҳунари ӯро эътироф кунанд. Ман беҳад зидди фонограмма ҳастам.

— Шумо ба матну оҳангҳое, ки насли охирини мо интихоб намуда, рӯи саҳна меоянд, чӣ андеша доред? Оё ягон маротиба дар таронаашон бемаврид истифода бурдани матн ё оҳангро пай бурдаед?

— Ҳамаи мо хатогӣ дорем. Ин хатоҳо ҳатто дар эҷодиёти Аҳмад Зоҳир низ буданд. Як-ду хато шояд ки ба назар нонамоён бошад. Вале аз ҳад ки зиёд шуд, аллакай ба чашм метобад. Ман ҷавононро рӯҳафтода карданӣ нестам, зеро ки ин хатоҳоро ислоҳ карда мешавад. Ҷавонон бигзор аз устодон ва таҷрибадорони соҳа маслиҳат пурсанд.

Мо низ ба маслиҳати калонсолон ниёз доштем, дар ҳар кор мадад мепурсидем, сабақ мегирифтем, ҳавобаланд набудем. Ҳар қадаре ки суруди наву ҷавобгӯи талаботи маънӣ рӯи эҷод ояд, ҳамон қадар аз комёбию пешравии ҳунармандон дарак медиҳад. Аз таронаи нав мурғи дил ба шӯр меояд, зиндагӣ хуб ва рангин метобад ва он нишони осудагии амонист. Бигзор сабкҳои нави мусиқӣ тавлид ёбад ва ҷавонони мо дар дигар жанрҳо қобилияти худро санҷида пеш раванд.

— Барои Манижаву Эҳсон кӣ бештар матну оҳанг интихоб мекунад?

— Оҳангсоз Амирбеки Мӯсо, шоир Сафар Аюбзодаи Маҳзун… Ҳозир таклиф  ба миён омад, ки барномаи Эҳсону Манижа бо услуби нав омода шавад. Имрӯз барои офаридани образи онҳо мо кор карда истодаем.

— Мегӯянд, ки бисёр ҷавонони мо ба он хотир сароянда мешаванд, ки падар ё умуман дар оилаашон касе санъаткор аст. Ба ҳамин гуфтаҳо розӣ мешавед?

— Себ дар зери дарахти себ меғалтад ва кошкӣ ҳамин тавр низ мешуд! Нафароне, ки  волидонашон ҳунарманданд, дар муҳити шеъру мусиқӣ ба воя расидаанд. Боз мегӯянд, ки дар хуну раги онҳо аллакай истеъдоди санъаткорӣ ҷараён дорад. Лекин боз баъзе ҷавонон аз ноҳияҳои дурдастанд, ягон узви оилаашон аз дунёи мусиқӣ тасаввурот надорад, аммо соҳиби овози хубанд ва имрӯз дар ҷомеа мақоми устувор доранд.  Истеъдод тӯҳфаи Худованд аст. ӯ вобаста ба иродаи худ ба инсон сифатҳои гуногунро ато менамояд.

— Тасаввур кунед, ки Худо ба шумо дар ҳаҷми сад ҳазор доллар маблағ дод. Аввалин коре, ки бо он анҷом медодед, кадом аст?

— Пул чизи безеб аст. Одами хуба вайрон мекунад, инсони вайрона вайронтар. Аввал маҷаллаи «Дилкушо»-ро сарпарастӣ карда, барои ранга шудани саҳифаҳояш мусоидат менамудам. Пасон шояд бо маблағ клип ва суруд сабт мекардам. Боз шояд студияе, ки бо асбобҳои муосир таҷҳизонида шудааст, таъсис медодам. Аслан санъаткорро дар ин бобат агар савол диҳед, сарфи маблағро бо эҷоди суруд ва ташкили студия нисбат медиҳад. Боз нисфи ҳамон маблағро ба тарбия ва зиндагии аҳли хонавода масраф мекардам.

—  Аз нигоҳи худатон кадом хислататон ба худатон писанд нест?

— Каме танбалам… Лекин агар меҳнат кунам, метавонам шабонарӯз истироҳат накунам ва хоб наравам. Вале агар танбалӣ ғалаба кунад, қариб ду ҳафта барои кор кардан намекӯшам. Аслан ҳама одам хислатҳои манфӣ дорад, ки ба худаш аён нест. Аз ин лиҳоз камбудиҳои маро бояд аз берун гӯянд.

— Янгаам айбатонро ба рӯятон мегӯянд?

— Албатта, «ин тавр не, он тавр кун» гуфта, бисёр маро ислоҳ мекунад.

— Китоби охирон хондаатон кадом аст?

— Охирин асари хондаам «Ҳусн ва дил»-и Нишопурӣ мебошад. Боз таваҷҷӯҳам ба чаҳоркитоб ва навиштаҳои шайх Аттор зиёд аст.

— Саволи охирин. Шумо чанд сол пеш бо Шабнам дуэт сароидед, ки хеле хуб садо дод. Вале мухлисон ба он назари кунҷкобона доранд, ки дуэт фақат як маротиба дар рӯи саҳна садо додааст. Сабаб чист, ки бо Шабнам таронаро пешкаши мухлисон намегардонед?

—  Намедонам… Шабнам имрӯз хеле серкор шудааст. Ин таронаро дар хонаи ман сабт кардем ва барои сабт мо фақат се ё чор маротиба машқ намудем. Аз ин ман хеле хурсанд шудам. Шабнам зеҳни тез ва истеъдоди асил дорад. Аввалин бор мо сурудро дар Кохи Борбад сароидем.

Боз дар шаҳри Кӯлоб консерти нахустини Шабнам баргузор гардид ва мо низ ба он ҷо даъватӣ будем. Дуэт дубора дар Кӯлоб садо дод. Ҳамчунин дар ресторани «Клеопатра» дар иҳотаи доираи наздик шаби эҷодии Шабнам ва муаррифии албоми нахустини ӯ баргузор гардид, ки дар он ҷо низ мо суруд хондем. Ҳар суруд ҷои худро дорад ва баъд аз ин ман гумон мекунам, ки ҷои ин дуэт пеш наомадааст, ки бо Шабнам рӯи саҳна биёем.

— Аз сӯҳбататон хушнудам. Саломат бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: