• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Катрина КАЙФ МЕХОҲАМ, КИ ШАВҲАРАМ ОРОМТАБИАТ БОШАД

Катрина Кайф

Катрина Кайф

Модари Катрина анлис ва падараш ҳинду мебошад. Ин бонуи зебо аввал мехост муҳандис шавад. Баъди ним сол фаҳмид, ки дили ӯ дар интихоби ин касб оромии амиқ надорад. Дар синни чордаҳсолагӣ Катрина ба тиҷорати моделӣ оғоз кард. Дар чунин намуди фаъолият ӯ бо Кейзад Густад шинос шуд ва ҷавон Катринаро барои нақшофарӣ даъват намуд.

Яъне ин шиносоӣ ҳаёти минбаъдаи Катринаро ба куллӣ тағир дод. Катрина духтари устувор, ҳозиразамон аст. Маҳз ҳамин сифатҳояш барои мо лозим аст, — мегӯянд коргардонҳо. Бисёриҳо ӯро маликаи Болливуд ном мебаранд.

— Катрина, шумо барои иштирок дар ҳама ҷо фурсат меёбед. Сабаби асосӣ чист?

— Ростӣ, худам эҳсос намекунам. Вале аз ҷониби шумо ҳаргиз  интизор набудам, ки инро пай мебаред. Бештар барои ҳар коре, ки ба ман бо эътиқод месупоранд, заҳмат мекашам, танбалӣ намекунам. Гуфта метавонам, ки боз қисми муваффақияти ман ин ҳадяи Худовандист.

— Коргардонҳо ва ҳамкасбонатон мегӯянд, ки бо шумо кор кардан осон аст. Шумо низ ин андешаро тасдиқ мекунед?

— Намедонам аниқ. Вале он нафароне, ки ҳамроҳам кор мекарданд, беҳад хушбахт буданд. Гумон мекунам, ки дар бобати он ки барои чӣ аудитория шуморо новобаста аз камбудиҳо дӯст медоранд, эҳтиёҷоти фаҳмонидан надорад.

— Маълум мешавад, ки шумо ба хислатҳои манфиатон иқрор мешавед…

— Ҳар инсон камбудӣ дорад ва ман низ гумон намекунам, ки инсони бехатою комил ҳастам. Бехато ва комил фақат Худованд буда метавонад. Боиси хушбахтии ман аст, ҳангоме ки одамон маро дар экран дидан мехоҳанд. Ман орзу дорам, ки мухлисонам ҳамеша муштоқи диданам бошанд.

— Шумо фақат дар филмҳо нақши дугонаро иҷро мекунед. Сабаб чист?

— Худи коргардонҳо маро барои иҷрои ин нақш интихоб мекунанд ва худам низ эҳсос кардаам, ки дар иҷрои он таҷрибаам зиёдтар аст. Яке аз орзуҳои ман ин дар филмҳои романтикӣ иҷрои нақшҳои манфӣ аст. Аслан пеш аз ба ӯҳда гирифтани нақш ман инстинкти худро гӯш мекунам. Агар ҳис кунам, ки нақш барои ман нест, ҳаргиз ба гардан намегирам. Бо мурури замон шумо Катринаро дар симоҳои гуногун хоҳед дид.

— Пеш аз он ки навори аввалини филмро оғоз бахшед, чӣ кор мекунед?

— Дар кӯча оҳиста-оҳиста қадам зада бо Худо фикронӣ гуфтугӯ мекунам.

— Шунидем, ки бо Шоҳрух Хон нақш меофаред…

—  Ҳоло ягон чиз аниқ нест. Вале барои иҷрои нақш мушкилоте ҷой надорад, метавонам бо Шоҳрух ҳамкорӣ кунам.

— Кадом хислататон ба худатон писанд нест…

— Ғурурам. Иқрор мешавам, ки ҳамин хислатам ба худам писанд нест. Масалан агар ба касе муроҷиат кунам, қариб ки калимаҳои мебахшед ё илтимосро истифода намебарам. Чанд маротиба аз паси ҳавобаландиам бо дугонаҳои наздикам ҷанг шудаам.

— Дар давраи донишҷӯ буданатон ҳам мехондеду ҳам кор мекардед. Барои шумо он замон душвор набуд?

— Шояд ҷиҳати мусбиаш зиёдтар бошад. Зеро назария бе амалия устувор нест ва зуд фаромӯш мешавад. Агар инсон чизи омӯхтаашро зуд-зуд ба кор барад, абадан дар хотираш нақш мебандад. Ман бисёр ҷавонони ҳамсинну соламро медонам, ки фақат бо таҳсил машғул буданд, аммо донишашонро дар амал татбиқ карда наметавонистанд.

— Дар бораи наврасони ҷомеаи имрӯза, ки ахлоқашон коста шудааст, чӣ гуфта метавонед? Ба фикри шумо дар тарбияи фарзанд нақши кӣ зиёдтар аст?

Имрӯзҳо дар бораи нақши модар дар тарбияи фарзанд ақидаҳои гуногун зуҳур мекунанд. Бархе аз одамон андеша доранд, ки зани бемаълумоту хонашин кӯдакро тарбияи солим дода наметавонад, зеро худ ба андӯхтани саводу гирифтани маслиҳат ниёз дорад. Гурӯҳе ибрози назар менамоянд, ки занҳои маълумотноку корманд на ҳама вақт имкон доранд бо фарзандони худ вақт гузаронанд ва шояд тамоман натавонанд.

Дигарон мегӯянд, ки аслан барои  бо ахлоқи шоиста ба воя расидани насли наврас бемаълумотию серкории волидон сабаб шуда наметавонад. Кӯдаконеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар оилаи нодор ба воя расидаанд ва умуман аз меҳру муҳаббати модар дур афтодаанд, вале одоби ҳамида доранд, бо ғайрати худ ба мақсадҳои баланд ноил гашта, дар зиндагӣ манзалати худро устувор кардаанд.

Аммо ҷавононе ҳастанд, ки дар хонадони сарватманд бе камию костӣ калон шуда, назди устоди хонагӣ  ё дар макотибҳои боқувват таҳсил кардаанд, вале аз ҳақиқати ҳаёт ва зиндагии осуда фарсахҳо дуранд ва бо вуҷуди саводомӯзии зиёд барои ба кор қабул шудан ҳатто аризаеро пур карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз ман низ наметавонам вайроншавии ахлоқи кӯдакон ва бесаводии ҷавононро ба дӯши падар ё фақат модар гузорам.

— Бисёриҳо занро ба гул шабоҳат медиҳанд ё фариштаи ҳусн меноманду ҳаёти худро ба онҳо вобаста мешуморанд. Шумо ҳамчун намояндаи ҷинси латиф дар бораи бонувон чӣ андеша доред?

Яке аз подшоҳони донишманди дунё Сулаймон ибни Довуд дар китоби масалҳои худ дар васфи ҷинси латиф суханони ҷалбкунандае овардааст, ки «Ҳикмати зан хонаи варо бунёд мекунад, вале зани аблаҳ онро бо дасти худ вайрон мекунад» ё ки «Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад? Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард». Зане, ки ба рӯзгори хонаи худ назорат мебарад, нони коҳилиро намехӯрад. Бинобарин ҳама хушбахтию бадбахтиро зан бо хиради худ ба амал меоварад.

— Сухане, ки зуд-зуд такрор мекунед…

— Медонед, ман баъзан чунон шитобкорона рафтор мекунам, ки номи одамон аз хотирам меравад. Дар ҳамин ҳолат ба ҳамон нафаре, ки гап заданӣ мешавам, «Эй» гӯён муроҷиат мекунам.

— Хӯроки дӯстдошта…

— Ошхонаи итолиёвӣ ва хитоиро меписандам.

— Саволи охирин… чӣ гуна шавҳар доштан мехоҳед?

— Дар интихоби ҳамсар асос барои ман ин табиати ором доштани марди орзуҳоям аст. Чунки бо шахси хашмгину баддаҳон ҳаргиз корҳои ман пеш намеравад.

— Хушбахт бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: