• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Махима ЧАУДХАРИ МОДАР ШУДАН МЕХОҲАМ

Махима Чоудхари

Махима Чоудхари

Махима пеш аз он ки ҳунарпеша шавад, модел буд. Вале ғайри ҳусни расою қомати зебо вай боз истеъдоди асили нақшофарӣ дошт ва чун  ин қобилиятро дар худ ошкор кард, ба кӯйи актрисагӣ қадам овард.

— Махима, ту дар филми машҳури “Мне нужна только любовь” нақши хоҳари калониро иҷро намудӣ. Аз нигоҳи худат ин рол дар ҳақиқат ба ту мувофиқ буд?

— Аз рӯйи нақли коргардон, ман аз ӯҳдаи  иҷрои ин нақш ба хубӣ баромадаам. Маънии филм дар он ифода мешуд, ки ду хоҳар якбора ба як ҷавон ошиқ мешаванд… Нақши дар ин филм офаридаам бигзор чандон калон набуд, вале ҳамаи ҳунармандон аз нақшҳои хурд фаъолияташонро оғоз намуда, баъдан ба иҷро нақшҳои калон даст мезананд.

— Дар кадом филмҳо иштирок кардан бароят писанд аст?

— Ба худ аҳд мекунам, ки дар филмҳое, ки фарогири ҳаёти донишҷӯён аст, нақш наофарам. Чи хеле ки Шоҳрух Хон низ дар ин маврид мегӯяд: «Вақте ки ба олами синамо ворид шудам, қарор қабул намудам, ки  дар чунин филмҳои наврасӣ ширкат намеварзам, чунки ба ман шавқовар нестанд». Нақш офаридан дар филмҳои ҳаёти донишҷӯйӣ берун аз қудрати ман аст.

— Ҳолатҳое мешаванд, ки филмҳо тамошобини худро пайдо намекунанд. Барои ту муваффақият то кадом андоза муҳим аст?

— Муваффақият барои ман муҳим аст. Ду филми аввалини ман “На чужбине” ва “В огне” нигоҳ накарда ба хурд будани нақши офаридаам маро ҳамчун ҳунарманд муаррифӣ намуданд. Агар ман аз ҳамаи филмҳоям шӯҳрати ҷаҳониро интизор шавам, ин каме ба ҳарисӣ монанд мешавад. Худованд ҳамон вақте, ки лозим шуморад, шӯҳратро ба кас медиҳад. Ба ҳар ҳол ман бо тамоми қувват кӯшиш карданро идома медиҳам.

— Агар нақш табъи дилат набарояд, чӣ кор мекунӣ?

— Дар ҳолати бад иҷро кардани нақш хаёлан ба сарам мушт занам. Лекин агар ман вазифаамро хуб ба ҷой оварда бошаму дар филм боз ягон мушкилӣ пайдо шавад, дар дилам хоҳиши ба сари каси дигар мушт задан пайдо мешавад.

— Аз нақши офаридаат боре пушаймон шудаӣ?

— Не, ягон бор фикр накардаам, ки интихобам нодуруст буд.

— Бо филмҳое, ки то имрӯз дар онҳо нақш офаридаӣ, шартнома баста фикр мекардӣ, ки байни мардум эътибор пайдо мекунӣ?

— Ҳаргиз не! Ҳунарманд набояд дар ин бора фикр кунад. Вале ман мехоҳам амалеро ба сомон расонам, ки одамон диданашро интизор нестанд.

— Нақша надорӣ, ки дар филмҳои ҳаҷвомез нақш офарӣ?

— Филмҳои ҳаҷвиро дӯст медорам. Бахусус бо Говинда кор кардан бароям хурсандиовар аст. Ҳаҷв имкон медиҳад, ки инсон хатогиҳои худро ислоҳ ва гузаштаашро фаромӯш созад. Пас аз наворбардорӣ худро чусту чолок ҳис мекунӣ. Лекин пас аз филмҳои ҷиддӣ, ки ҳангоми наворбардорӣ ҳамеша оби чашмонам қатор мешавад, худро рӯҳафтода эҳсос мекунам. Коргардонҳои ман мегӯянд, ки пас аз гиря кардан ман зебо ба назар менамоям. Лекин худи ман гиристанро дӯст намедорам. Аз рӯйи мушоҳидаҳои ман, филмҳои фоҷиавӣ бештар ба гирифтани ҷоизаву мукофотҳо ноил мегарданд.

— Дар кор ба ягон мушкилӣ дучор шавӣ, аз кӣ маслиҳат мегирӣ?

— Ман фикр мекунам, ки беҳтар аст агар танҳо хостаи дилатро анҷом диҳӣ. Шахсан ман аз навори филми якумам қарор кардам, ки ҳаргиз ба шитобкорӣ роҳ намедиҳам. Барои ин дар аввал кам шартнома мебастам ва ба осонӣ аз ӯҳдаашон мебаромадам. Дар як сол танҳо дар се филм нақш меофаридам ва ҳоло ҳам кӯшиш мекунам, ки ин низомро риоя кунам. Вақти боқимондаро ба кори ҷамъиятӣ мебахшам. Масалан, шахсони мубталои бемории саратонро дастгирӣ мекунам ё шоу-барномаҳо таҳия месозам.

— Барои ту маблағ то кадом дараҷа қадр дорад?

— Ман барои ба даст овардани пул дар шоуҳои бад иштирок мекунам, лекин дар филмҳои каммазмун не. Барои он ки шоуи бемаънӣ танҳо чанд соат идома меёбад, аммо филм бошад то абад дар саҳифаи таърих мемонад. Лекин росташро гӯям, пул дар зиндагии ман мақоми аввалиндараҷа надорад. Дар ҳолате, ки ҳамчун ҳаққи хизмат гонорари кам таъин кунанд ҳам, пешниҳоди коргардонро рад намекунам.

— Шумо пеш аз кореро ба анҷом расонидан бисёр фикр мекунед?

— Ман бисёр менависам ва мутолиа мекунам. Бештари корамро дар фазои кинокомпания дар байни коргардонҳо ба анҷом мерасонам, ҳол он ки кори зиёдеро ба анҷом нарасонидаам, вале ҳоло вақти зиёде маро интизор аст ва ман метавонам  тамоми мақсадҳои дар пеш гузоштаамро амалӣ гардонам. Баъд дар ин хусус боз мо ҳамсӯҳбат хоҳем шуд.

— Агар бо коре банд бошед, худро хуб эҳсос мекунед?

— Бале, агар ман вақти кам дошта бошам, беҳтар кор мекунам. Агар вақти холиам зиёд бошад, он гоҳ дарди сар маро азият медиҳад, инчунин вазнам зиёд мешавад. Бинобар ин бекор буданро дӯст намедорам.

— Боре шумо гуфта будед, ки ҳамаи занҳо барои модар шудан офарида шудаанд…

— Дар бораи ҳама гуфтан намехоҳам, вале ман пеш аз ҳама барои модар шудан ба ҳаёт омадаам ва ба ин фикрам мутмаинам. Ман дар маркази диққати ҳама будан, ҳадафи аксбардории аккосону шахсони ношинос дар кӯчаҳо шуданро дӯст намедорам. Бисёр нафарон мехоҳанд, ки дар маркази диққат бошанд, вале ба ман маҳз ҳамин чиз писанд нест. Ман барои ин нақш намеофарам. Ман аз Худо шукргузорам, ки дар ҷодаи худ муваффақ ҳастам ва ба он мақсаде, ки дар наздам гузоштам, расидам.

— Мегӯянд, ту бофтанро дӯст медорӣ

— Ман фикр мекунам, ин корест, ки инсонро табобат мекунад. Ман ин корро дӯст медорам. Меҳри ман ба ин машғулият аз кӯдакӣ пайдо шудааст. Инро ба ман модаркалонам омӯхтааст. Вақти дар мактаб таҳсил кардан низ бо бофтан машғул мешудам. Ин корест, ки дастонатро ба ҳаракат медарорад ва ба орзу кардан водор месозад. Шумо метавонед, ки чизе бофед ва ҳамзамон телевизор тамошо кунед.

— Аз чӣ ҳарос дорӣ?

— Аз нобино шудан ва аз заминҷунбӣ метарсам.

— Чӣ гуна рӯзро рӯзи хуб меҳисобӣ?

—  Рӯзи душанберо, зеро ҳама дар хонаанд ва ман аз хоб дер мехезам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: