• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

САЛМАНИ НАШЪАМАНД АЙШВАРИЯРО КУШТАНӢ БУД

Айшвария ва Абхишек

Айшвария ва Абхишек

Ҳаёт ва фаъолияти ин ду ҳунарманди беҳтарини Болливуд боиси мароқи ҳама мухлисони синамои ҳиндӣ аст. Айшвария Рай ва Абхишек Баччан пеш аз он ки оиладор шаванд, шӯҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Пайванди онҳо, ки амри тақдир буд, карйераашонро боз ҳам баландтар намуд. Имрӯз ин ду симоро ҷуфти беҳтарини само муаарифӣ мекунанд.

Айшвария:

— Айшвария, пеш аз он ки ба шавҳар бароед, бо Салман Хон муносибатҳои ошиқона доштед. Оё муҳаббати байни шумову Салман самимӣ набуд?

— Муносибатҳои ману Салман онқадар хуб набуд. Мо зиёд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ғавғо мебардоштему ҷанг мекардем. Салман фақат таҳдид мекард, ки агар ҳамсари ӯ нашавам, маро мекушад. Аз ин ба ростӣ ҳарос доштам. Модарам ҳам нашъамандӣ ва мастигарии ӯро баҳона карда мегуфт, ки мо ҷуфти муносиб нестем.

— Салман шуморо мезад?

— Бале, ҳатто таги чашмамро чандин карат сиёҳ карда буд. Салман ҳушёр шуда узр мепурсид, лекин муддате пас боз корашро такрор мекард.

— Сабаби ғазабашро медонистед?

— Ростӣ, намедонам, ки барои чӣ ӯ нисбат ба ман бераҳм буд.

— Лекин шуморо ҷуфти муносибтарини Болливуд мешумориданд…

— Бале, мухлисони ману Салман робитаи ошиқии моро дастгирӣ менамуданд. Ману Салман соли 1999 дар филми «Навеки твоя» шинос шуда будем.

— Салман ба хонаатон хостгор фиристода буд?

— Салманро андешаи волидонам, ки намехостанд зани ӯ бошам, ошуфта мекард. Лекин ман умед доштам, ки ӯ нашъамандӣ, шаробнӯшӣ ва дигар хислатҳои манфиашро тарк мекунаду дили волидонамро ба даст меорад. Бо ҳамин андеша бе маслиҳати онҳо ба тӯй розигӣ додам.

— Шумо ба ҳимоя аз Салман эҳтиёҷ доштед?

— Албатта, боре ман ба журналисти шиносам мусоҳибаи кушода дода, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизату дастгирӣ талаб кардам.

— Салман бо волидонатон сӯҳбати ошкоро дошт?

— Боре ӯ мастона ба хонаамон омада дод зад, таҳдид кард ва волидонам маҷбур шуданд, ки пулисро фарёд кунанд. Вале рӯзи дигар ӯро озод карданд. Бовар кунед, ӯ ҳатто бо аслиҳа ба ман таҳдид карда буд.

— Шумо аз ӯ чи гуна паноҳ меёфтед?

— Дар охир бо маслиҳати волидонам ба Лондон паридам ва ҳамонҷо пешниҳодҳои корӣ гирифта ба нақшофарӣ машғул шудам.

— Вивек Оберой шуморо дӯст медошт?

— Пас аз ҷудоӣ аз Салман мо риштаи ошиқона доштем. Лекин Вивек аз таҳдидҳои Салман тарсида маро тарк гуфт.

— Бо шавҳаратон дар куҷо шинос шуда будед?

— Мо ҳангоми наворбардории филм шинос шуда будем. Муҳаббати ӯро нисбат ба худам аз нигоҳи чашмонаш эҳсос намудам. Баробари бо Абхишек рӯбарӯ шудан вуҷуди маро ҳиссиёти аҷоиб фаро мегирифт.

— Яъне шумо ҳам ба вай ошиқ шудед?

— Медонистам, ки ба Абхишек дил бастаам, лекин муносибатамонро дӯстона шарҳ медодам, чунки метарсидам ва ҳамзамон пас аз ҷудоӣ бо Вивек аҳд карда будам, ки дигар ба хонаи дилам ягон мардро роҳ намедиҳам.

— Дафтари хотирот доред?

— Аз замоне, ки карйераи ман оғоз ёфт, фикрҳоямро рӯйи варақ мерехтам. Пас аз финали озмуни «Маликаи ҷаҳон» дафтарам гум шуд. Пас аз чанд рӯз андешаҳои ман дар расонаҳо дарҷ ёфтанд. Баъди ин навиштани андешаҳоямро бас кардам.

— Ба дин таваҷҷӯҳ доред?

— Албатта, ман зуд-зуд дар танҳоӣ бо Худо гуфтугӯ мекунам. Барои ман гуногунии дину мазҳаб фарқ надорад, чунки бовар дорам, ки Худованд яккаву ягона аст ва дуои ҳамаро мешунавад.

Сӯҳбат бо Абхишек:

— Дар бораи никоҳ чӣ ақида доред?

— Ҳарчанд оиладор шуда бошам ҳам, ба мафҳуми оилаву никоҳ амиқ сарфаҳм намеравам, зеро ин як пайванди мураккаб аст.

— Ба оиладоршавии шумо бо Айш волидонатон зид буданд?

— Бале, каме эътироз баён намуданд, лекин баъдан боварӣ ҳосил намуданд, ки ман дар интихоби бонуи ягонаи худ хато накардаам.

— Корҳои хонаро ҳамсаратон анҷом медиҳад ё хизматгор?

— Ба карйера ва фаъолияти худ нигоҳ накарда Айш корҳои зиндагиро худ сомон медиҳад ва бо рафтораш дили хусуру хушдоманашро ба даст овардааст.

— Нигоҳи шумо ба хиёнат…

— Ман муқобили хиёнат ҳастам. То хонадоршавиам ҳаргиз муносибати шаҳвонии ғайриникоҳӣ надоштам. Хиёнаткоронро маҳкум карданӣ нестам, чунки онҳоро Худованд доварӣ мекунад.

— Шуморо ҳавобаланд меҳисобанд. Иқрор мешавед?

— Ростӣ, кӯшиш намекунам, ки хоксор бошам. Ман шахси реалист ҳастам.

— Хислатҳои беҳтарини шумо кадом аст?

— Ақли ман. Ҳамчунин ба занҳо қафаси синаи сермӯйи ман писанд буд.

— Пӯшидани чӣ гуна либосро дӯст медоред?

— Ман костюми дастидӯзи ширкати Grasim Narendra Kumar Ahmed-ро меписандам. Онҳо бароям якчанд костюм дӯхтаанд. Аз куртаҳо бошад, Prada беҳтарин аст. Ба сифати либосҳои ҳаррӯза ҷинсҳои «Versace»-ро авлотар мешуморам. Ҳамчунин шарфро низ дӯст медорам ва бештар онҳоро аз Лондон харидорӣ менамоям.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: