• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ЧАРО МУҲАММАДРАФӢ ТАРКИ «ОРИЁ» КАРД?

Мухамаддрафи Кароматулло

Мухамаддрафи Кароматулло

— Нахустконсерти ману Нозия маҳз ба хотири ёдбуди падарамон буд. Вале ин навбат мехостам, консертамро барвақт баргузор кунам, аммо иштироки пай дар пай дар тӯйҳо, сафарҳои ҳунарӣ ва моҳи Рамазон сабаби қафопартоӣ гардиданду мавлуди падарам наздик омад. Ҳамин тавр барномаро якбора ба охири ноябр гузоштем. Соли 2009 бароям сермаҳсул омад.

— Муҳаммадрафӣ, агар дар ҷашни солинавӣ шуморо Бобои Барфӣ интихоб менамуданд, киро ҳамроҳатон ба ҳайси «Снегурочка» мегирифтед?

— Нозияро.

— Соли навро чӣ гуна гузаронидед?

— Дар арафаи Соли нав дар чанд барномаи ҷашнӣ иштирок кардам. Бегоҳии Соли нав низ дар майдони Сомонӣ суруд хондам. Баъдан ба хона бозгашта, бо аҳли оила Соли навро истиқбол намудам. Хеле вақти хотирмону хуш доштам.

— Барои чӣ аз ансамбли «Ориё» рафтед?

— Муваққатан аз он ҷо рафтаам, лекин ният дорам, ки боз баргардам.

— Ин рафтану омадан ба хотири чӣ аст?

— Сафарҳои ҳунарии зиёд ва омодагӣ ба барномаи навбатӣ ба низоми кори ансамбл халал расонид. Даводави консерт ва сабти албом ташвиши зиёд дорад. Баргаштанам ба он хотир аст, ки ҳар санъаткор бояд дар ҳайати ягон дастаи ҳунарӣ фаъолият намуда, истеъдодашро сайқал диҳад.

— Ба назар чунин мерасад, ки пас аз ансамблро тарк кардани Зикруллоҳ таваҷҷӯҳи дигарон низ ба «Ориё» кам шуд. Оё ҳамин тавр нест?

— Роҳбарии Зикруллоҳ дар ансамбл як ҷиҳати хубӣ низ дошт, зеро ӯ тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ онро ба мардум муаррифӣ созад. Лекин сабаби кам гаштани таваҷҷӯҳи дигаронро намедонам, вале сабаби рафтани ман аз серкориам буд.

— Ба хотири чӣ шумо танҳо дар рӯзи таваллуди падар консерт барпо мекунед?

— Нахустконсерти ману Нозия маҳз ба хотири ёдбуди падарамон буд. Вале ин навбат мехостам, консертамро барвақт баргузор кунам, аммо иштироки пай дар пай дар тӯйҳо, сафарҳои ҳунарӣ ва моҳи Рамазон сабаби қафопартоӣ гардиданду мавлуди падарам наздик омад. Ҳамин тавр барномаро якбора ба охири ноябр гузоштем. Соли 2009 бароям сермаҳсул омад.

— Бисёр ҳунармандон пас аз барпо кардани консерт қарздор мешаванд. Шумо ҳам ба ин мушкил рӯбарӯ шудед?

— Мо фоидаи зиёд надида бошем ҳам, шукри Худо қарздор низ нашудем.  Маблағи бадастомада ҳамаи хароҷотҳоро пӯшонид.

— Нархи иҷораи Кохи Борбад муддати се-чор соат чанд сӯм аст?

— 6 ҳазор $ ва баъзан аз он боло.

— Ба андешаи шумо барои чӣ продюсерони мо ҳунармандони дигар кишварро ба Тоҷикистон даъват мекунанд, лекин овозхонони тоҷикро барои барпо намудани консерт ба хориҷа намебаранд?

— Ман ин тавр гумон намекунам. Аз хориҷа таклиф шудани сарояндагон исботи қавӣ шудани муносибатҳои ҳамкорист. Мо низ ҳунармандоне дорем, ки дар Амрикову Аврупо маъруфият ёфтаанд. Истеъдоди асил ҳамеша дар мадди назар аст.

— Шумо бо ҳунармандони ӯзбек ҳамкорӣ доред? Мегӯянд, ки барои пахши таронаҳои тоҷикӣ дар ӯзбекистон монеаҳо эҷод мекунанд…

— Ба ростӣ, ман ҳанӯз ба хотири санъат дар ӯзбекистон набудам ва хабар надорам, ки муносибати мардум бо ҳунармандони тоҷик чӣ гуна аст.

— Муҳаммадрафӣ, модар ва хоҳаратон забони ҳиндиро хуб балад ҳастанд. Ба шумо низ имконияти забономӯзӣ даст додааст?

— Ман ҳам аз нозукиҳои забони ҳиндӣ бохабарам, лекин барои дар сатҳи комил донистан бояд кӯшиши зиёд ба кор диҳам ва мушоракат кунам. Нозия тавассути истиқомат дар Ҳиндустон забони ҳиндиро сад фоиз аз бар кардааст.

— Нозия кай бармегардад?

— Имсол ӯ донишҷӯйи курси панҷум аст. Бояд ки ҳамин сол диплом гирифта ба ватан баргардад.

— Аз байни эҷодиёти падар кадом таронаро бештар меписандед?

— Ҳамаи эҷодиёти падарамро дӯст медорам ва месароям, зеро дар ҳар як сатру калимаи аз падарам  ёд меояд.

— Агар имкон медоштед, ки студия ё ансамбли шахсӣ кушоед, номашро чӣ мегузоштед?

— Ҳозир ҳам ансамбли шахсӣ дорам, лекин беном аст. Агар барои ташкили студия ё даста имконияти васеътар пайдо шавад, ҳатман дар пайи чӣ ном гузоштан фикр мекунам.

— Пас аз бист сол худро дар кадом сатҳ дидан мехоҳед?

— Худованд қувват диҳад, як умр бо санъат ва мухлисонам мемонам. То имрӯз ягон фикр надоштам, ки касбамро иваз кунам.

— Ғайри овозхонӣ пешаи дигар доред?

— Медонед, айни замон чунон ба эҷод дода шудаам, ки дар бораи чизи дигар фикр кардан намехоҳам. Вале бовар кунед, аз он маблағе, ки аз ҳисоби консерту фурӯши дискҳо ба даст меояд, мо худро ҳамаҷиҳата таъмин карда наметавонем. Ҳар он чизе ки аз тӯю маъракаи хурсандии мардум ба даст меорем, боз сарфи сабти суруд мешавад. Барои ҳамин фикр мекунам, ки ҳозир ҳам набошад, дар оянда бояд ба пешаи дигар низ машғул шавам, чунки танҳо ба умеди даромади санъат нишастан хато аст.

— Вақтҳо охир калимаи Оллоҳ дар бисёр ҷойҳо ба таври мӯъҷизаосо пайдо гардид. Нуқтаи назари шумо ба ин падида чист?

— Ман ба китобҳои мусалмонӣ таваҷҷӯҳ дорам ва бовар мекунам, ки Худованд ба иҷрои ҳама мӯъҷизаҳо қудрат дорад. Лекин гуфтаанд, ки шунидан кай бувад монанди дидан. Шунидан боварии бо шубҳа омехтаро меорад.

— Ҳузури мардро ҳангоми таваллуди зан меписандед?

— Ин падида шояд дар Ғарб маъмул бошад, лекин гузаштагони мо ҳаргиз чунин одат надоштанд. Ҳангоми таваллуд ба зан танҳо Офаридгор мадад расонида метавонад, аз ҳузури шавҳар зан ягон манфиате намебинад.

— Саволи охирин. Ман шуморо бо сеюмин мошини ивазкардаатон мебинам. Мегуфтед, ки тамғаи дӯстдоштаатон кадом аст?

— Ман хеле зиёд мошин иваз кардаfм, аз байни онҳо танҳо тамғаи «Мерседес» писандам омад. Пештар ҳам аз ҳамин гуна тамға доштам, чун писандам буд, омада-омада боз «Мерседес» харидам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: