• Статистика

  • Blog Stats

    • 452,768 hits
  • Flag Counter

НИГИНА АМОНҚУЛОВА ДАР ШАҲР БО ХУШДОМАНАМ МЕГАРДАМ

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Дар бораи ӯ бисёриҳо гуфтанду шуниданд. Аз ин лиҳоз гумон мекунем, ки шиносномаи Нигина Амонқуловаро бори дигар пешкаши хонандагон кардан ҳоҷат нест. Танҳо хотиррасон мекунем, ки Нигина ва шавҳараш Фирӯзҷон 24 майи соли ҷорӣ соҳиби писарча гардидаанд ва инак Аъзамҷон якмоҳа шуд. Ин санаи нахустинро дар ҳаёти писараш ба сарояндаи мумтоз табрик мегӯем. Аммо сӯҳбати мо бештар атрофи паҳлӯҳои дигари зиндагӣ ва фаъолияти овозхон ҷараён гирифт.

Андешаи устод Саидқул Билолов, роҳбари дастаи «ДАРЁ»

— Ман барои Нигина таронаҳо навиштаам ва дар оянда боз ҳам менависам. Ин шохоби нави «Дарё» аст, ки симои зебо, одоби хуб ва аз ҳама пеш овози худодод дорад, ки онро бояд сайқал дод. Ба чунин соҳибистеъдодҳо кӯмак бояд расонид ва дар дилашон ишқи шеърро бояд бедор сохт.

Андешаи мухлис Нигора Холиқова

— Вақте ки Нигина ба саҳнаи калон баромад, аз ҷозибаи сурудхониаш сахт ба ҳайрат афтодам. Зеро дар давоми умри биступанҷсолаам нав чунин сарояндаи ҳамаҷиҳата ба талаботи санъат ҷавобгӯро медидам. Ман ҳар гоҳе, ки аз муваффақиятҳои Нигина мешунавам, дар дил хурсандӣ мекунам.

Дар интихоби сарулибоси саҳнавӣ ҳам ин овозхони ҷавон ҳамто надорад. Ба Нигина маслиҳат доданиам, ки аз пӯшидани чунин либосҳо ҳаргиз даст накашад. Зеро ӯ буд, ки тоқии чоргули қадимиро ба сараш монда, муҳаббати ҷавондухтарони зиёдро ба фарҳанги ниёгон бедор сохт.

— Нигина, шумо бештар ба мусиқии миллӣ такя мекунед. Оё ба эстрада низ таваҷҷӯҳ доред? Садои киҳоро меписандед?

— Бале, ман бештар таронаҳои устодони санъати гузаштаро, ки мусиқии миллиро дар сатҳи аъло медонистанд, меписандам ва бештар ба онҳо рӯй меоварам. Вале ин маънои онро надорад, ки  аз дигар жанрҳо бархурдор нестам. Эстрадаро низ дӯст медораму овозхонҳои дар ин жанр суруд мехондаро гӯш мекунам.

Аз овони мактабхонӣ таронаҳои Шабнаму Манижа ва Садриддинро мешунидам. Ростӣ, дар чанд консерт бо Шабнам вохӯрдем, шинос шудем. Шабнам хеле духтари хоксору меҳрубон аст. Вале бо Манижа ягон бор дидор надоштам. Бо Садриддин якҷоя дар ҷашнҳо баромад кардаем, аммо ба сабаби набудани вақт ҳамсӯҳбат нашудаем.

— Шояд дар жанри эстрада суруд хондан низ мехоҳед? Охир мегӯянд, ки сароянда бояд аз нозукиҳои тамоми жанрҳо огоҳ бошад…

— Сурудҳои фалакӣ, халқӣ ва мақом месароям. Ба андешаи ман онҳо ба дили шунаванда тезтар роҳ меёбанд. Ба худам низ хониши чунин таронаҳо писанд аст. Ба қолаби эстрада гузаштан намехоҳам.

— Ҳоло ҳам ҳаракатҳои чашмонатон ба суруд ҳусне зам мекунанд ва бисёр нафаронро волаю мафтун месозанд. Кӣ ба шумо тарзи ҳаракати саҳнавиро меомӯзад?

— Ҳеҷ кас. Вале дар оянда ният дорам, ки бо балетмейстерон ва коргардонҳо ҳамкорӣ кунам.

— Барои чӣ шумо танҳо бо матои атлас либос медӯзонеду бо ягон матои дигар не? Пӯшидани либосҳо аз матои дигарро намеписандед?

— Чунки атлас хоси миллати мост. Лекин ман метавонам атласро бо ягон матои хушранги дигар омехта намуда, либос дӯзонам.  Аслан ман дар интихоби либосҳо мекӯшам, ки ягон ҷузъе таҷассумгари маданияту фарҳанги тоҷикон бошад. Зеро мардум, бештар духтарони ҷавон аз намояндагони санъат дарси ибрат мегиранд, яъне мехоҳанд, ки ҳамон мӯдро пайравӣ кунанд.

— Мегӯянд, ки танқид ба фоидаи шахс аст. Баробари афзудани шӯҳрататон дар расонаҳои хабарӣ шуморо танқид ҳам карданд. Барои чӣ посухи дақиқ надодед?

— Бале, ба ягон танқидҳо ҷавоб надодаам. Бисёр шахсиятҳои машҳур ба танқид зарбаҳои ҷавобӣ мефиристонанд, ман бошам кӯшиш мекунам, ки пас аз танқид худро ислоҳ кунам.

— Оё Нигина ягон дугонаи наздик дорад? Барои чӣ мегӯянд, ки Нигинаро дар ҳама ҷо хушдоманаш ҳамроҳӣ мекунад. Сабаб чист?

— Рӯзҳои аввали ба Душанбе омаданам он қадар роҳҳоро хуб намедонистам. Аз ин рӯ ё модарам, ё хушдоманам бо ман буданд.

— Китоби охирини хондаатон кадом буд?

— Аслан ман барои интихоби таронаҳои нав китобҳои шеърро зиёд мехонам. Маҷмӯаи охирон хондаи ман моли шоир Собир Султон буд. Вале бовар кунед, муддатест, ки бо сабаби иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ беҳад серкорам ва маҳз ҳамин серкорӣ имкон намедиҳад, ки ҳушу хаёламро ҷамъ намуда, китобу рӯзнома ба даст гирам.

— Нигина, агар дар қаламрави ҷумҳурӣ қонуне ба табъ мерасид, ки тибқи он духтарон низ ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд, розӣ мешудед?

— Ба гумонам, не… Чунки дар мо аллакай ба хизмати ҳарбӣ рафтани писарон ба ҳукми анъана даромадааст. Духтарон бештар ба корҳое сарукор доранд, ки хоси ҷинси латиф аст. Лекин аз рӯйи шунидам медонам, ки дар чанд давлати ҷаҳон духтарон низ адои хизмати ҳарбӣ мекунанд. Вале  ман қонуни ба хизмати ҳарбӣ рафтани духтаронро дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ намекунам.

— Ба мошинронӣ шавқу рағбат доред?

— Мутаассифона, не. Лекин мошинронии занонро тарафдорӣ мекунам. Ҳозир тамоми занони хориҷӣ дар сари фармони мошин қарор доранд. Барои чӣ бонуҳои тоҷик аз чунин падида барканор бошанд? Агар имконият пайдо шавад, ҳатман ман низ мошинрониро меомӯзам.

— Аз кадом атр истифода мебаред?

— Атрҳои фаронсавиро дӯст медорам.

— Чанд фарзанд доштан мехоҳед?

— Шояд ду ё се нафар…

— Идеали шумо дар олами санъат кист?

— Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова…

— Шиори шумо?

— Бештар аз болои худ кор кардан.

— Хушбахтиро дар чӣ мебинед?

— Хушбахтиро дар фазои орому осудаи оила  ва равнақи эҷодӣ мебинам. Ва боз агар таронаҳоям дилеро шоду хотиреро болида гардонад, хешро хушбахт мешуморам.

— Нигина, дар кадбонугӣ чӣ ҳунар доред? Ба хонандагон дастури ягон ғизо пешниҳод мекардед…

— Хуб, барои пешниҳоди ду хӯриш омода ҳастам. Маҳсулоти сарфмешуда: 60г лӯбиё, 1 баста пиёзи кабуд, 500г гулкарам, 150г сметана, 2 тухм, ҷаъфарӣ, намак мебошад. Лӯбиёро дар оби намакин ҷӯшонед. Пиёзро пӯст карда, борик реза кунед.

Гулкарамро ҷӯшонида, ба қисмҳо ҷудо кунед. Гулкарам, лӯбиё ва пиёзро якҷоя карда, ба он сметана ҳамроҳ намоед. Тухмҳоро ҷӯшонида, зардиашро аз сафедиаш ҷудо карда, аз турбтарошак гузаронеду ба навбат пошед. Дар охир ҷаъфарии майда резакардашуда пошед.

Барои хӯриш бо пиёзи кабуд 150г пиёзи кабудро тоза карда шуста, обашро бо дастпоккунак хушк карда, ба дарозии 1см реза кунед. 150г фалларо бо як стакон ҷурғот якҷоя карда, хуб омезед. Ба он мувофиқи таъм намаку хокаи шакар пошида, ба он пиёзи резакардаатонро ҳамроҳ намоед. Хӯришро бо чор дона шалғамчаи резакардашуда оро диҳед.

— Барори кор, Нигина!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Отслеживать

Настройте получение новых записей по электронной почте.

%d такие блоггеры, как: