• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ОРАШ ВА ЧОР ЗАНИ Ў

Ораш Лабаф

Ораш танҳо то синни даҳсолагиаш дар Эрон зиндагӣ карда, пасон бо ҳамроҳии волидон ба Аврупо муҳоҷир шуд. Охирҳои соли 1980 муқими шаҳри шведии Упсала гардида, он ҷо панҷ сол умр ба сар бурданд. Пасон ба шаҳри Малмё кӯчиданд, ки то имрӯз дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Ораш дар давраи таҳсил дар коллеҷ ба мусиқӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Соли 2004 таронаи ӯ бо номи «Бирав, бирав» («Буру, буру») дар Шветсия машҳур гардида, пас аз чор ҳафтаи сабт дар тамоми ҷаҳон шинохта шуд. Шурӯъ аз ҳамон сол ӯ ба истеъдоди худ ғамхорӣ карданро оғоз намуд.

Акнун ӯ Ораше набуд, ки танҳо дӯстону ҳамкурсонаш мешинохтанд — одамон дар тамоми гӯшаҳои дунё муштоқи шунидани садою дидани симои ӯ буданд. Дар барномаҳое, ки ӯ зинда дар Алмаатову Полша баргузор кард, доираи тамошобинонро 100 000 ва 120 000 нафар одамон ташкил доданд. Ҳамаи консертҳои ӯ дар чаҳорчӯбаи қонун мегузаштанд. Яъне мухлисони ӯ худро «фанат» муаррифӣ намуда, ба сӯйи милисаҳо сангу чӯб намепартофтанд.

Аммо сафари Ораш ба Тоҷикистон, тавре хонандагон дар хотир доранд, бо авбошиҳои оммавӣ ва харобкориҳое анҷом ёфта буд, ки пайи захмҳои онро дар пойтахт имрӯз ҳам мушоҳида намудан мумкин аст. Вале аслан худи Ораш дар ин ҳодисаҳо гуноҳе надошт.

Нахустин албоми ӯ соли 2005 ба дасти мухлисон расид. Ораш ҳар албоми нави худро бо нусхаҳои зиёда аз як миллион ба фурӯш мегузошт. ӯ дар ҷавонии худ ноил ба муваффақияте мешуд, ки на ба ҳар сароянда даст медиҳад. ӯ тавонист худро ҳамчун ситораи асил муаррифӣ созад. Акнун Орашро барои ҳамкорӣ ба дигар кишварҳои хориҷӣ даъват мекарданд.

Яке аз ҳамкориҳои судманде, ки Ораш ба анҷом расонида, шӯҳрати худро афзуд, сабти албом бо гурӯҳи «Блестящие»-и Русия буд. Албоми сабтшудаи онҳо «Восточные сказки» ном дошт. Дар рӯзи муаррифии албом, ки дар клуби «Кристалл»-и Москва баргузор гардид, духтарони овозхони гурӯҳ ҳама пироҳани арӯсӣ ба тан менишастанд. Ҳозирин ҳайрати худро бобати чунин либос пӯшидани онҳо пинҳон дошта наметавонистанд ва шӯхӣ мекарданд, ки Ораш мехоҳад якбора бо чор духтари рус хонадор шавад.

Дар асл сарояндаи дӯстдоштаи мову шумо алҳол хонадор нашудааст, вале тибқи овозаҳо Ораш ба сарояндаи гурӯҳи «Блестящие» Юлия Ковалчук диққати махсус медиҳад. Муносибати ғоибонаи ошиқон алҳол танҳо тариқи табассумҳои пинҳонӣ ва ғамхориҳои хосса ифода меёбад.

Мусоҳиба

— Ораш, вақти холии худро ба иҷрои кадом кор мебахшед?

— Агар аз эҷоду сабти суруд фориғ шуда фурсати муносибе ёбам, ҳатман ба шиноварӣ меравам, зеро аз хурдӣ ин намуди варзишро дӯст медоштам.

-Барои шумо ҳамчун сароянда ва ҳамчун инсони оддӣ чӣ муҳимтар аст?

— Агар аз нигоҳи санъаткор нигарем, барои ман муҳим дар дил доштани муҳаббат ба саҳна, дар ихтиёр доштани репертуари ғанӣ ва дар ҷайб дошатни шартномаҳои хуб аст. Берун аз саҳна ман низ чун дигар одамони оддӣ мӯҳтоҷи дилгармӣ нисбати зиндагӣ ва навозиши дасти волидон мебошам. Агар имрӯз ҷон дорӣ, агар имрӯз дар барат нафаре ҳаст, ки туро дӯст медораду интизор мешавад, ин барои ҳар як нафар тӯҳфаи олӣ хоҳад буд.

— Рӯзи истироҳати худро чӣ гуна мегузаронед?

— Агар вақти холӣ дошта бошам, барои истироҳат ба ягон ҷазира мепарам. Муддате, ки дар он ҷо дам мегирам, телефонамро хомӯш мекунам, роҳбаронам ба ман фақт тариқи почта хабар менависанд.

— Оё кумир доред?

— Ман устодони ботаҷриба дорам, ки аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтаам, вале кумиру идеале надоштаам. Кӯшиш мекунам, ки ба касе нигоҳ накунаму бо роҳе равам, ки барои худам қулай аст.

— Шумо аз ҳисоби худ ба хона-интернатҳо кӯмак мерасонед?

— Медонед, маблағ садақа кардан нодуруст аст, беҳтараш, лавозимоти заруриро барои мӯҳтоҷон харед. Ман аз рӯйи ҳамин принсип амал мекунам.

— Шумо бо гурӯҳи машҳури русӣ таронаи русиро сабт намудед, ки мақбули ҳамагон гардид. Чӣ гуна ба ин муваффақ гаштед?

— Чунин иқдом аз ҷониби духтарони «Блестящие» ба ман пешниҳод гардид. Бо кӯмаки коргардони клип ман мисраъҳоеро, ки ба ӯҳдаам гузошта буданд, аз ёд кардам ва аз ҳамин ҳамкории минбаъдаи мо оғоз гардид.

ӯҳфаи беҳтарин барои шумо чист?

— Ман мӯҳтоҷи чиз нестам, ҳар он чизе, ки дилам хостааст, Худованд саривақт бароям ато намудааст. Агар касе дар ҷашнҳо ягон чиз тӯҳфа кунад, ҳамчун дигарон ба таври оддӣ қабул мекунам.

— Китоб мехонед?

— Фақат тариқи Интернет.

— Кадом анҷомҳо ҳамеша ҳамроҳатон аст?

— Телефон, суратгирак ва соатамро ягон маротиба фаромӯш намекунам.

— Сухани дӯстдоштаатон…

— Ҳама суханҳои баландмазмунро дӯст медорам.

— Ошиқ шудаед?

— Дар ҷавоб душворӣ мекашам¬.

— Таоми дӯстдоштаатон?

— Таомҳои сахтро бештар меписандам ва ба хӯришҳои дар таркибашон алафдошта таваҷҷӯҳам зиёд аст.

— Реҷаи кори шумо чӣ гуна аст?

— Ман метавонам соати панҷ ё шаши саҳар дар ҷои кор бошам ва пас аз ду-се соат боз аз паи дигар корҳо равам. Боз соати панҷи бегоҳ омада, то ҳафт-ҳашт корҳоямро ба анҷом расонам. Умуман барои ҳар рӯз чун вақту соати хӯрокхӯрӣ реҷаи муайян надорам. Бовар кунед, аз чунин тартиби рӯз хастагиамро эҳсос накунам ҳам, меъдаам бемор шудааст ва ҳамавақт худро аз хоб сернашуда эҳсос мекунам.

— Ораш, худро сарватманд мешуморед?

— Сарвати ман овозу ҳунарам аст, зеро агар садои ҷолиб намедоштам, ҳаргиз ба саҳнаи калон намебаромадам, ба сафарҳори хориҷа намерафтам, дар охир шӯҳрат намеёфтам ва боз дигар корҳои бисёрро намекардам.

— Саломат бошед, Ораш, илоҳо давлататон кам нашавад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. Ораш аслан дидже буд,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: