• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Орзу ИСОЕВ МАРДИ ЧИЛ ҲУНАР

Орзу Исоев

Орзу Исоев

Шунида будам, нафаре зери таъсири барномаҳои омодакардаи Орзу Исоев дар бораи мавзеъҳои нодири Тоҷикистон бо ваҷд гуфт: «Ин ҷавон дар танҳоӣ кори вазоратҳои томро анҷом медиҳад!» Ва на кам аз ин дигар лоиҳаҳое, ки бо ширкати ӯ амалӣ мешаванд, сазовори таҳсину офарин мебошанд. Орзу шахси кунҷкову меҳнатқарине аст, ки бо вуҷуди ҷавониаш аллакай қуллаҳоеро фатҳ кардаасту ҷониби қуллаҳои нав раҳ мепаймояд. Аммо дар ин раҳ фурӯтаниву хоксориро аз даст надодааст. Мусоҳибаи зерин то андозае ба паҳлӯҳои аз назарҳо ниҳони ҳаёти ин шахсияти маъруф рӯшанӣ меандозад.

— Орзу, ягон маротиба шуморо барои идомаи фаъолият ба телевизионҳои давлатҳои дигар даъват карда буданд?

— Бале, ба Афғонистон, Қазоқистон ва боз намояндагии як телевизиони хориҷӣ дар Тоҷикистон барои кор даъват намуда буданд. Ман мехостам, ки намояндаи Интернюс дар Қазоқистон бошам, аммо  ҳуҷҷатҳоямро тахт карда натавонистам. Аслан ҳамаи он санадҳое, ки барои идомаи фаъолияти рӯзноманигории ман дар Қазоқистон мусоид менамуд, омода сохтам, вале ба ман аккредитатсия надоданд.

— Мегӯянд, ки шумо, Комилҷон Холов ва боз чанд нафари дигар тавонистанд, ки номи худро баробари сарояндаҳо ҳамчун ситора муаррифӣ созед. Ба ин андеша розӣ шуда метавонед?

— Гумон мекунам, ки ин вожа ба журналистон намезебад ва воҷиб нест, ки моро ситора ном баранд. Ман, Сайрам Бақозода ва дигару дигарҳо танҳо маҳбуби ҳамагон гаштем, яъне бо касби худ маҳбубият ба даст даровардем. Аз ин лиҳоз ман худро ҳаргиз ситора намешуморам. Ҳатто ситора ном бурдани худам бароям хандаовар аст.

— Ғайри фаъолияти хабарнигорӣ боз чӣ машғулият доред?

— Гоҳ-гоҳ барои сарояндагон шеър менависам, бо оҳангсозони ҷавон ҳамкорӣ дорам. Умед дорам, ки то охири сол маҷмӯаи шеърам аз чоп мебарояд. Ҳамзамон расм мекашам ва боз ба тиҷорат низ сарукор дорам.

— Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки китобатон чӣ ном дорад?

— Маҷмӯа алҳол ба таври аниқ унвон нагирифтааст, танҳо тахмин мекунам, ки шояд ба он «Оёти хуршедӣ» ном гузорам.

— Бо кадом шоирон муносибати ҳамкорӣ доред?

— Шеърҳои маро устод Гулназар Келдӣ ва Ҳадиса Қурбонова таҳрир мекунанд.

— Китоби охирон хондаатон кадом аст?

— Асари охирин мутолиа намудаам «Теғи одамкуш»-и Ҳадиса Қурбонова аст, ки ҳодисаҳои гуногуни таърихро фаро мегирад. Китоб дар бораи зиндагонии фоҷиавии чеҳраҳои баргузидаи илму адаб қисса мекунад. Агар китобҳои адибони ҷаҳониро дар назар дошта бошед, бо сабаби дастрасӣ накардани ягон китоби ҷадид ман асари «Консуэла»-и Ҷорҷ Сандро такроран хондам.

— Садои хеле хуб доред. Журналистони зиёд бо чунин овоз касби сарояндагиро пеша карда, дар ин самт шӯҳратёр низ шуданд. Шумо ягон маротиба дар бораи сароянда шудан фикр кардаед?

— Не, тамоман! Шавқ ҳам надорам. Лекин гоҳу ногоҳ ягон таронаро зери лаб замзама мекунам, вале на ба хотири он ки орзуи сароянда шудан дорам. Таронаҳои Сиёвуши Қумайшӣ, Гугуш ва Сӯҳроби Маҳмудро дӯст медорам.

— Агар имконият медоштед, дар кадом давлати дунё зиндагии ояндаро ихтиёр менамудед?

— Агар имконият медоштам, ба ҳамон давлате мерафтам, ки онҷо озодии сухан дар арши аъло қарор дорад. Шояд чунин давлат дар сайёраи Замин набошад. Лекин ин давлат дар ҷаҳони андешаву тахайюлоти ман арзи ҳастӣ дорад.

— Аз ягон нафар мухлисатон тӯҳфаи қимматбаҳо гирифтаед, ки мавриди истифода қарор гирифтааст?

— Қимматтарин тӯҳфа бароям китоб аст ва ман чунин тӯҳфа зиёд гирифтаам. Агар ба шакли аслиаш қимматтарин тӯҳфа чӣ буд, гӯем, шояд занҷири тиллоие аз ҷониби як мухлис бошад. Ман хушдори чунин тӯҳфа нестам ва бахусус агар мард худро бо чунин ороишот оро дода бошад. Ман куллан ин амалро намепазирам, аммо мухлис тӯҳфаро бо дасти қосиде ба ман равон намуд. Агар имкон мебуду метавонистам, ин занҷирро ҳатман бозпас мегардонидам. Агар ӯ ҳафтаномаи шуморо хонаду ба ман муроҷиат кунад, омода ҳастам, ки тӯҳфаашро баргардонам.

— Хуб, ошхонаи кадом давлатро меписандед?

— Ман танҳо ошхонаи тоҷикиро меписандам. Шояд ин табиати мо тоҷикон бошад, ки таомҳои дигар мамоликро пазируфта наметавонем.

— Аниқтар кадом хӯрокҳоро?

— Оши палав, хӯрокҳое, ки бо шир омода мешаванд ва боз таомҳоеро, ки дар фасли баҳор аз ҳар гуна алафҳои хӯрданӣ тайёр мекунанд.

— Ба чӣ гуна саволҳо ҷавоб доданро хуш надоред?

— Ба саволҳое, ки ба ҳаёти шахсии ман дахл доранд.

— Яъне агар ман ҳозир дар бораи оилаатон савол диҳам, шумо посух намедиҳед?

— Не, посух медиҳам, лекин ин вобаста ба савол аст.

— Хуб, ҳамсаратон соҳиби кадом ихтисосанд ва дар куҷо кор мекунанд?

— Завҷаам ихтисос надорад ва чун дигар бонувон зани муқаррарист. Соҳиби се фарзандем: Таманно, Довуд ва Ануш.

— Фарзандонатон чандсолаанд?

— Фарзанди калониам шашсола ва хурдиам сесола мебошанд.

— Ҳузури мардро ҳангоми таваллуди зан қабул доред ё на?

— Не, қабул надорам, чунки таваллуд ин лаҳзаи хавфноктарин барои ҳаёти зан аст. Шарму ҳаё набояд барои пиёда кардани ин падида ба мардуми Машриқ имкон диҳад. Агар дар Ғарб мардон ҳангоми таваллуд кардани зан иштирок намуда ба ин васила хоҳанд, ки ба ҳамсарашон кӯмак расонанд, пас ин андеша хато хоҳад буд. Барои он ки ғайр аз Худованд дар ин ҳолат касе барои мадад қодир нест ва ҳамаи мо музтар ҳастем.

— Ба наздикӣ дар бадани як тифлак калимаи Оллоҳ пайдо шуд ва пеш аз ин дар Тоҷикистон низ чунин воқеаҳо ба назар расида буд. Дар ин маврид чӣ андеша доред?

— Ман хурофотпараст нестам. Лекин ба Худованд имон дорам ва ба зуҳури ин гуна воқеаҳо бовар мекунам.

— Намоз мегузоред?

— Сураҳои Қуръонро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам ва шояд дар ин маврид намояндагони дин амали маро маҳкум кунанд. Бо ҳамин тарз ба Худованд муроҷиат мекунам. Намоз намехонам.

— Саломат бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s