• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Остони АЗИЗ ФИЛМИ НАВИ МАРО МУНТАЗИР БОШЕД

Остон Азизов

Остон Азизов

Остони Азиз яке аз насли ҷавони хонаводаи Азизовҳо мебошад, ки бо истеъдоди авлодӣ ва талошҳои шахсӣ рӯйи саҳнаи ҳунар омадааст. Таронаҳои ӯ аз дарди хиҷрони ошиқон, аз муҳаббати нокоми Лайлӣ ва аз сӯзиши дили Маҷнун, аз меҳри беолоиши пайвандон ҳикоят менамоянд. … Бо дархостҳои сершумори мухлисон, ки мехостанд аз фаъолияти минбаъдаи Остон дар ҷодаи санъат огоҳӣ пайдо кунанд, ба ин ҳунарманди ҷавон, аммо аллакай соҳиби ному маъруфият занг задам. Пас аз зангҳои телефонии пайдарҳам Остон гӯшаки телефонро бардошт.

— Салом Остон! Ман аз маҷаллаи «Дилкушо», мехостам каме бо шумо сӯҳбат кунам. Чанд рӯз боз занг мезанам, вале телефонатонро намебардоред. Сабаб чист?

— Мебахшед, беҳад серкор будам. Ҳоло ки арафаи Наврӯз аст (сӯҳбат дар арафаи иди Наврӯз сурат гирифтааст),  ба консерти навбатӣ тайёрӣ мебинем. Бовар кунед, маҳз аз норасоии вақт ба зангатон саривақт ҷавоб дода натавонистам. Акнун метавонем бемалол сӯҳбат кунем.

Ҷойи узр надорад, ман вазъияти шуморо мефаҳмам, аммо мухлисон фаҳмидан намехоҳанд, хабарҳои навро аз ҷониби шумо интизоранд. Дар аввал мегуфтед, ки  чаро дар оилаи Азизовҳо духтарон санъаткор нестанд?

— Медонед, дар оилаи мо духтарон бештар ба мутолиаи китобҳои исломӣ таваҷҷӯҳ доранд ва фармудаҳои онҳоро ба пуррагӣ ба ҷой меоваранд. Аз рӯйи Қуръон сароянда шудани духтар дуруст нест. Ба ин андешаҳо розӣ шуда, ман низ фикр мекунам, ки ҳар бону бояд оиларо нигоҳубин кунад ва фарзандони солим тарбия намояд.

— Ба фикри шумо ба духтарони тоҷик пӯшидани либоси аврупоӣ зебанда аст?

— Ба бонувони мо либоси миллии тоҷикӣ зебандаю мувофиқ аст.

— Ҳангоми бо лаҳҷаи эронӣ суруд хондан дар талаффузи калимаҳо роҳбалад доред?

— Не, роҳбалад надорам, лекин аз овони хурдӣ шефтаи таронаҳои эронӣ будам ва ҳар як суруди навро бо муштоқӣ гӯш мекардам. Шояд таъсири ҳамон меҳру муҳаббат буд, ки имрӯз бо ин лаҳҷа бисёр месароям. Албатта, кор бе камбудӣ намешавад, шояд ки дар талаффузи калимаҳои эронӣ ғалат мекунам, вале ин оҳиста-оҳиста ислоҳ мешавад.

— Сарояндаи эронитабори дӯстдоштаатон кадом аст?

— Эҷодиёти Мансурро меписандам ва ҳар як таронаи ӯро маҳфуз медорам.

— Оё бо ӯ вохӯрдаед?

— Албатта, соли 2004, ҳангоме ки Мансур барои баргузор намудани барномаи ҳунариаш ба Тоҷикистон ташриф овард, мо шинос шудем. Ҳатто ӯ барои меҳмонӣ ба хонаам омада буд. Хеле шодам, ки бо ин ҳунарманди машҳури Шарқ риштаи дӯстиву бародарӣ дорам.

— Дар Эрон ягон маротиба будед?

— Бале, солҳои 1998 ба Машҳад, Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон сафар доштам. То имрӯз аз он сафарҳо хотироти басо рангин дорам.

— Остон, мегӯянд, ки шумо бо тиҷорат сарукор доред…

— Ба хотири мустаҳкам намудани мавқеи иқтисодӣ ва равнақи кор ба бизнеси мошин машғул ҳастам. Ин кори ман ба рушди ҳунар ва иштирок дар консертҳо тамоман халал намерасонад.

— Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

— Чӣ гуна тамға будани мошин бароям аҳамият надорад. Мақсад аз мошин харидан дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонидани кор аст.

— Айни замон савори чӣ гуна мошинед?

— «Ауди ТТ»

— Хуб, чаро дигар дар ягон филм нақш намеофаред?

— Барои чӣ намеофаридаам? Алҳол болои офаридани симои нав дар филми коргардони хушзавқ Саидҷон Қодирӣ омодагӣ мегирам. Ҳамин ки гуфтушунидҳо ба анҷом расид, ҳатман ба кор оғоз мекунем.

— Иштирок дар филм аз ҷиҳати молиявӣ фоида намеорад. Оё шумо ин ҷиҳати масъаларо ба инобат мегиред?

— Ҳаққи хизмат маро ба ташвиш намеорад. Инсон агар дар роҳи рост қадам занад ва амали дасташ ба Офаридгор писанд бошад, ҳама кор файзу баракат меорад. Пул муҳим нест.

— Дар сарояндагӣ худро комилтар эҳсос мекунед ё актёрӣ?

— Сароянда шудан яке аз орзуҳои давраи кӯдакиам аст, ки маро то ба ин ҷода расонд. Агар дар мақсади худ устувор намебудам, шояд дар пайраҳаи овозхонӣ инқадар муваффақият ба даст намеовардам. Муборизаю талош маро маҳбуби мухлисон гардонид, аз Худованд  барои ин сипосгузорам. Дар оянда нақшофариро идома медиҳам, лекин сарояндагӣ ҳамеша бароям дар мадди аввал аст.

— Актёри дӯстдоштаатон кӣ аст?

— Ҳунари бисёр ҳунармандони Болливуд ва Голливудро қадр мекунам.

— То Наврӯзи дигар анҷом додани кадом корҳоро таманно мекунед?

— Барпо кардани консерт ва сабти таронаҳои нав ба навро.

— Остон, шояд саволеро интизор будед, ки ман надодам?

— Чиро ҳам илова мекардам?! Фақат бо иди Наврӯзу баҳори нав мухлисон ва хонандагони маҷаллаатонро табрик мегӯям. Ба онҳо хушбахтӣ, фазои осударо дар хонаводаашон таманно дорам. Бигзор хонадони ҳар яки шумо аз шеъру мусиқӣ пур бошад!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s