• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Садриддини НАҶМИДДИН ДАР ХОРИҶА КЛИП СОХТАН ГАРОН АСТ

Садриддини Начмиддин

Садриддини Начмиддин

Таронаҳо ва барномаҳои навиӯро пиру ҷавон интизорӣ мекашанд… Сӯҳбаташро ҳамеша дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои кишвар ҷустуҷӯ мекунанд ва мехоҳанд, ки дар борааш бисёртар донанду шунаванд. Чуноне ки расонаҳои хабарӣ маълумот дода буданд, Садриддин тирамоҳи соли гузашта дар барномаи калонтарини шаҳри Лондон баромад мекард, вале мутаассифона, бо сабабҳои номаълум ба ӯ раводид надоданд

Акнун сароянда тасмим дорад, ки ба наздикӣ дар Афғонистон ва Англия сафари навбатӣ анҷом диҳад. Умед дорем, ки барои ин сафараш Худованд ҳама имкониятҳоро фароҳам меорад.

— Шунидам, ки дар консерти охиринатон таронаҳои динӣ сароидед. Ин барои мухлисон ногаҳонӣ аст, зеро бештар мавзӯъҳои ошиқона интихоб менамудед…

— Ман барои сароидани таронаҳои мазҳабӣ ҳанӯз соли гузашта тасмим гирифта будам. Ҳарчанд ки вақту оҳангҳои тайёр доштам, барои сабт вақтам намерасид. Инак, сурудҳоро рӯзи 14-уми феврал пешкаши мардум гардонидам. Интихоби ман на танҳо дар мавзӯъҳои ошиқона сурат мегирад, балки дигар мавзӯъҳоро низ аз мадди назар дур намегузорам, чунки шунавандагон табъи гуногун доранд.

— Садриддин, дар хориҷа клип сохтан, бахусус дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ, маблағи калон металабад. Ин муваффақият ба шумо чӣ гуна даст медиҳад?

— Бале, дар хориҷа клип тайёр кардан ҳудуди панҷ ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Вале чӣ хеле ки мебинед, ман сарпараст надорам. Роҳкиро ва гирифтани раводид низ бар дӯши худам аст. Муҳим он аст, ки инсон барои пешравии худ боварӣ ва иродаи қавӣ дошта бошад.

— Имкони омӯхтани забони англисӣ бароятон дар хориҷа даст дод?

— Медонед, ман аз таҷрибаи андӯхтаам донистам, ки агар овозхон хоҳад, бо тамоми забонҳо суруд иҷро карда метавонад ва мухлис низ пайдо мекунад. Дар Амрико ба ман бо забони англисӣ гуфтугӯ кардан лозим наомадааст, зеро дар он ҷо бештар бо мардуми форсизабон сарукор дорам, вале каму беш забони англисиро мефаҳмам.

— Мегӯянд, ки таронаҳои эроние, ки сарояндагони мо месароянд, на ҳамааш фаҳмову равшан аст…

— Бовар кунед, ман ҳам аввалҳо дар иҷрои сурудҳои эронӣ душворӣ мекашидам, зеро он луғати фаровон дорад, ки мо ҳанӯз нашунидаем. Шахсан ман фикр намекардам, ки талаффузи дурусти ҳар як калима барои ба рӯйи саҳна баромадан аҳамият дорад. Коргардони машҳури эронӣ Коҷӣ Задорӣ дар талаффузи калимаҳои дуруст роҳнамои ман буд.

— Дар ҳар сафари Амрико шумо имиҷи худро тағйир медиҳед ва ин аз назари ҷавонони тақлидкор дур намемонад. Нигоҳи шумо ба пайравӣ чӣ гуна аст?

— Ҳама сарояндагон дар аввал ба ин ё он сарояндаи дӯстдоштаашон тақлид мекунанд ва ман зидди ин нестам. Танҳо орзу дорам, ки ҷавонон аз қолаби тақлид берун шуда, дар ҷодаи санъаткорӣ роҳӣ худро ёбанд.

— Саломат бошед, Садриддин!

Сӯҳбат бо Моҳира, ҳамсари овозхон

— Ҳамсари сароянда будан душвор нест? Сафарҳои дурударози хориҷа, шабҳо дер омадан ба хона ва дар клипҳо иштирок намудани духтарон хотиратонро озурда намекунад?

— Ҳар бонуи оиладор нисбати марди дӯстдоштааш дар вуҷудаш ҳиссиёти рашк мепарварад ва ман низ аз ин дур намеравам. Пештар аз сабабе, ки дар клипҳои Садриддин духтарон иштирок мекарданд, рашк мекардам, вале дар охир дарк намудам, ки сафар кардан ё дер омадану дигар чизҳо тақозои ҳунар аст. Ҳатто иштироки духтарон дар клипҳо низ ба санъат тавъам аст. Шукри Худо, ман бо марди дӯстдоштаам тахмин даҳ сол мешавад, зиндагии якҷоя дорам ва аз ҳосили умри мо се фарзанд: Маҳмудҷон, Манижа ва Шоҳноз ба дунё омадаанд.

— Садриддинро дар сафарҳо ҳамроҳӣ мекунед?

— Сафари оилавӣ ғайри хушҳолӣ боз мушкилиҳо низ дорад. Мо ҳамроҳ чанд маротиба ба Дубай, Санкт-Петербург рафта будем. Дар Амрико алҳол якҷоя набудем.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: