• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Прити ЗИНТА ШАВҲАРИ ТОҶИК МЕКУНАД

Прити Зинта

Прити Зинта

— Агар гӯям, ки ба хотири ҳамин савол барои издивоҷ шитоб намекунам, хато намешавад. Фикр мекунам, ки масъалаи мазкур на танҳо маро, балки дигар ҷавондухтарони касбу кори гуногунро ба ташвиш меоварад. Майдони ҳунар васеъ аст. Баъзан ба ӯҳдаи ту нақшҳоеро мегузоранд, ки боиси рашки дӯстдошта ё шавҳар мегардад. Албатта, кӣ мехоҳад, ки ҳамсараш ролҳои шаҳвониро бозад? Намедонам… шумо ба ман саволеро додед, ки худам аз он метарсидам.

— Прити, мегӯянд, ки дар филмҳо худатон суруд интихоб мекунед…

— Не, интихоб дар дасти коргардон аст, лекин дар филмҳое нақш офаридаам, ки ҳар сурудаш нотакрору дӯстдоштанист.

— Одатан чӣ гуна барои иштирок дар филмҳо розигӣ медиҳед?

— Аввал сенарияро то охир аз назар мегузаронам. Пасон дарк мекунам, ки аз нақши пешниҳодшуда даст кашидан нисбати истеъдодам беҳурматӣ мешавад.

—  Симо ва қади зебо доред. Шояд модел ҳам будед?

— Оғози соли 1998 фотомодел будам. Пасон коргардонҳо маро барои иштирок дар филми «Аз самими дил» даъват намуданд. Аз ҳунармандони машҳур дар филми мазкур Шоҳрух Хон нақш меофарид. Аллакай дар соли 2003 ман дар синамо комил шудам ва ба гирифтани ҷоизаи «Ҳунарманди беҳтарини сол» мушарраф гардидам.

— Иҷрои чӣ гуна нақшҳоро бештар меписандед?

— Ман мехоҳам, ки аз қолаби урфу одатҳое, ки хоси духтарони ҳинд аст, берун оям ва образе офарам, ки пас аз тамошои филм хиҷолат накашам. Чизи ғайриоддӣ ҳамеша таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад.

— Дар оғози фаъолият бо киҳо ҳамкориро оғоз карда будед?

— Бобби дар оғози карераам аввалин ситорае буд, ки дар филмҳо маро ҳамкорӣ мекард. Шӯхиҳои Абхишекро ҳангоми наворбардорӣ ҳаргиз фаромӯш карда наметавонам.

— Прити, агар бемалол бошад, каме дар бораи оилаатон нақл мекардед…

— Падари ман Дургананд Зинта афсари артиш буд. Ҳангоме ки ман 13- сола будам, ӯ дар садамаи нақлиётӣ вафот кард ва баъдтар модарам низ ба садама дучор гардида маро танҳо гузошт. Бародари калониам Дипанкер дар хизмати ҳарбист ва бародари хурдиам зиндагиро дар Лос-Анҷелос ихтиёр кардааст.

— Агар имкони ҳунарманд шудан намебуд, кадом касбро интихоб менамудед?

— Ман дар донишгоҳ равоншиносии ҷиноиро омӯхтаам. Агар аз имкониятҳои роҳ ёфтан ба синамо маҳрум мебудам, дар ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият мекардам.

— Оё шоҳзодаи орзуҳои худро вохӯрдаед?

— Ман ҳар гуна овозаҳои бемавридро ба зиндагиам роҳ намедиҳам. Аз соли 2005 инҷониб бо Нес Вадия, ки бо саноат сарукор дорад, муносибат мекунам. Лекин мо алҳол барои бастани ақди никоҳ шитоб надорем.

— Дар мавриди он ки шумо пинҳонӣ ба шавҳар баромадед, ҳангомаҳо зиёд буданд…

— То имрӯз ман бо журналистон муносибати хуб доштам, берун аз фаъолияти корӣ низ мусоҳибаҳо медодам ва медонам, ки сабабгори ҳамаи овозаҳо дар аввал васоити ахбори омма аст. Агар чунин овозаҳо хотима наёбад, дигар ба ягон суоли рӯзноманигорон посух намедиҳам. Аллакай қариб сад маротиба гуфтам, ки нияти ба шавҳар баромадан надорам.

— Шояд душманонатон қасдан овоза мехезонанд…

— Ман намедонам, ки чаро одамон интизоранд, ки ман киноро тарк карда ба шавҳар мебароям. Баъзан ботинамро чунин ҳиссиёт фаро мегирад, ки гӯё одамон маро на ҳамчун ҳунарманд, балки аз рӯйи масъалаи тӯй мешиносанд. Ана ҳамин маро ҳамчун актриса таҳқир мекунад.

— Агар оила барпо кунеду шавҳаратон ба идомаи касб монеъ шавад, киро ё чиро интихоб мекунед?

— Агар гӯям, ки ба хотири ҳамин савол барои издивоҷ шитоб намекунам, хато намешавад. Фикр мекунам, ки масъалаи мазкур на танҳо маро, балки дигар ҷавондухтарони касбу кори гуногунро ба ташвиш меоварад. Майдони ҳунар васеъ аст. Баъзан ба ӯҳдаи ту нақшҳоеро мегузоранд, ки боиси рашки дӯстдошта ё шавҳар мегардад. Албатта, кӣ мехоҳад, ки ҳамсараш ролҳои шаҳвониро бозад? Намедонам… шумо ба ман саволеро додед, ки худам аз он метарсидам.

— Прити, одатан шахсиятҳои шинохта дар хонаашон хизматгор мегиранд. Оё шумо низ хизматгор доред?

— Дар хонаи ман ҷавондухтароне ҳастанд, ки корҳои рӯбучину пухтупазро анҷом медиҳанд. Ман на ба он хотир онҳоро барои кор даъват кардам, ки пули бисёр дорам ё танбалам, балки худам фурсат надорам. Имрӯз агар дар Ҳиндустон бошам, пагоҳ ба Лондон меравам ва аз он ҷо моро барои наворбардорӣ ба дигар шаҳр даъват мекунанд. Бояд хонаро касе нигоҳубин кунад-ку!

—  Муҳофизатгар доред?

— Ҳимоятгар надорам, зеро одамон маро фақат дар телевизион дида мешиносанд. Ба кӯча бо айнак бароям, касе аҳамият намедиҳад. Агар бе дӯстонам бошам, ҳатман ба сарам рӯймолу ба чашмонам айнак мегузорам ва ба ин васила аз саволборону тааҷҷуби мухлисон раҳо мешавам.

— Мехоҳед, ки ба монанди одамони оддӣ зиндагӣ кунед?

— Ман дар ҳамин ҳол ҳам ҳаёти хоксорона дорам, гонорари калон гирифта зуд аз пайи харидани мошини навбаромад, хонаи боҳашамат ё барои ёфтани пироҳани навбаромад ба хориҷа сафар намекунам. Ба пул ва обрӯ бо нигоҳи ҳарисона наменигарам.

— Пас барои шумо чист муҳим?

— Муҳим он аст, ки ман мухлис дорам ва филмҳоям натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.

— Оё маротибае аз сари қаҳр майдони наворбардориро тарк кардаед?

— Дар вазъияти номусоиди наворгирӣ ҳамаи гурӯҳи эҷодӣ корро мавқуф мегузорем. Вале ин хел нашудааст, ки бо сабаби ба хашм омаданам аз наворбардорӣ даст кашам. Нақшро, ки ба ӯҳда гирифтам, ҷавобгарӣ танҳо ба дӯши ман аст.

— Фасли дӯстоштаатон кадом аст…

— Дар кадом фасле, ки борон борад, ман онро дӯст медорам. Ҳавои боронӣ вақтамро хуш мегардонад.

«Дилкушо» имкони тавассути Интернет ба Прити Зинта савол доданро пайдо карда, низ худдорӣ намуда натавонист, ки аз шавҳаркуниаш суол кунад.

-Прити, — фиристодем саволи худро ба ӯ, — дар Ҳиндустон барои оилабарпокунӣ марди мувофиқ пайдо карда натавониста бошед, шояд ба Тоҷикистон омада, аз ин ҷо барои худ шавҳар ёбед?

— Чаро не? – ҷавоб дод хонум Зинта баъди ҳафтае.- Ман саёҳат карданро дӯст медорам, аммо то ҳол ба ягон кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ сафар накардаам. Мумкин аст, рӯзе ба Тоҷикистон оям ва кӣ медонад, бахти худро он ҷо пайдо кунам.

Биёед, Прити, мо интизори Шумо!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: