• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

САЛМАН ХОН ИШҚ ГУЗАРАНДА АСТ

Салман Хон

Салман Хон

Волидони ин ҳунарманде, ки бо нақшҳои ҷолиби худ дили ҳазорон нафарро тасхир намудааст, ба эҷод сарукор доранд. Яъне падараш нависанда ва модараш рассом мебошад. Дар оилаи онҳо ғайри Салман боз се нафари дигар — Алвира, Арбоз, Соҳейла ва боз як духтархонди хонавода Арпит зиндагӣ мекунанд. Баъдтар Салман Хон ба хона ҳамсари дуввуми худ Хеленро, ки раққосаи номист, овард. Хелен фарзанд надорад, вале фарзандони зани собиқи Салман ба ӯ «модар» гуфта муроҷиат мекунанд.

Салман пӯшидани либосҳои расмиро дӯст намедорад. Танҳо гоҳ-гоҳе дар лаҳзаҳои навобардорӣ ӯро маҷбур мекунанд, ки костюм пӯшад.  Сарулибоси дилхоҳашро ҳунарманд дар мағозаҳои лондоние, ки дар Сингапур ҷойгиранд, харидорӣ мекунад. Дар бобати хислату характер актёр шахси каме асабонист.

Ба таври дигар агар гӯем, Салман Хон метавонад инсонро сахт ранҷонад, вале боз зуд хурсанд кунад. Нисбат ба мушкилиҳои ҷамъият бетараф нест. Салман борҳо раҳмдил будани худро бо он исбот кардааст, ки донори хун аст. Ва боз чанде пеш Салман хоҳиши ду писарбачаи мухлиси худро амалӣ гардонид.

ӯ онҳоро ба истиқоматгоҳи худ даъват карда, ҳамроҳашон хӯроки нисфирӯзӣ хӯрд ва аз ҳар ҷониб сӯҳбат кард. Дар фарҷом ба мухлисони хурдакаки худ ҳар гуна тӯҳфаҳое, ки ниёзи кӯдаконро мебаровард, ҳадя намуд.

Дар олами синамо ҳар ҳунарманди ҷавон ё пир чеҳраи худро дорад. Он чизе, ки ба Салман дахл дорад, ин аст, ки мухлисони ӯ ҳам аз байни ҷавонон ҳастанду ҳам аз байни пирон. Ба наздикӣ ҳунарманди маҳбуби мову шуморо барои ғайриқонунӣ шикор кардани ду оҳуе, ки дар рӯйи замин камшуморанд, ба додгоҳ кашиданд. Дар ҳамин байн Салман садамаи сахти нақлиётиро аз сар гузаронид.

Салман, мегӯянд, ки шумо шаҳри Лондонро дӯст медоред? Сабаб чист?

— Медонед, дар ин шаҳри хушманзара дарёҳои Темза, Биг-Бэн ва трамвайҳое, ки беист равуо мекунанд, маро мафтун мекунанд. Бори охирин ман дар он ҷо понздаҳ сол пеш будам ва сафари дуюмбораам ба ин макон дар хаёлам давраи кӯдакиро ҷилвагар намуд. Дӯстони наздики оилаи мо дар Лондон зиндагӣ мекунанд.

Дар ин ҷо он чизе бештар ба ман таассурот мебахшад, ин мағоза ба мағоза гаштан ва харидани пойафзол, камарбанд ва либос мебошад. Вале ҳамсафаронам аз ҳаловати ман ҳаргиз пай намебаранд. Баъзан ман мехоҳам, ки дар Лондон бо автобусҳои оддӣ сайругашт кунам, аммо дӯстонам маҷбур мекунанд, ки танҳо ба нақлиёти дараҷаи якум савор шавам.

— Сарчашмаи хушбахтии шумо чист?

— Он чизе, ки талаботи маро қонеъ мекунад, сарчашмаи хушбахтиам мешуморам.

— Идеали шумо…

— Падару модари ман барои ман инсонҳои беҳтарин ҳастанд. Аз онҳо бисёр чизҳое омӯхтам, ки барои идомаи фаъолиятам лозим шуданд.

Ҷиҳати сустии шумо дар чӣ зоҳир мегардад?

— Гуфта наметавонам. Махфист.

— Агар имкони тағйир додани баданатон мебуд, кадом узватонро дигар мекардед?

— Ягон узви баданамро! Гумон мекунам, ки Худованд ҳангоми офаридан нисбат ба ман меҳрубон буд.

— Марги худро дар кадом шароит мехостед?

— Дар хоб.

— Шиори шумо?

— Аввал рост равед, баъд ба тарафи чап гардед (механдад).

— Филмҳои худро тамошо мекунед?

—          Ҳангоме ба синамо омадам, пас аз анҷоми наворбардорӣ филмҳоямро тамошо мекардам, ба тамоми ҳаракатҳоям диққати махсус медодам. Баъзан аз ягон амали худ қонеъ нашуда, афсӯс мехӯрдам, ки чаро ин тавр ё он тавр амал накардам. Модарам бошанд, тасалло медоданд, ки ҳеҷ гап не, ин маҳсули заҳмати нахустин аст, оҳиста-оҳиста комил мешавӣ.

Худ қазоват кунед, охир филм ягон матоъ нест, ки ҷойҳои безебашро бурида партоӣ ва боз дарбеҳ созӣ. Филмро, ки ба навор гирифтед, тамоми умр дар хотираҳо мемонад. Баъзан ҳаракатҳои ман дар ҳамон лаҳза ба худам писанд меоянд, вале пас аз ду сол он филмро тамошо карда, хиҷолат мекашам.

Ҳозир бошад қариб ки ба тамошои филм ё хондани китоб вақт наёбам. Вале агар филми нави актёри дӯстдоштаам Силвестр Сталлоне бошад, онро аз таги замин ҳам пайдо намуда тамошо мекунам.

— Ба ишқ бовар доред?

— Дар ин бобат шояд, ки ягон сухани дақиқ гуфта натавонам… Медонед, дар ҳаёти ман бисёр духтарон буданд. Ман дар ҳамон лаҳзаи бо онҳо вохӯрданам ошиқи зорашон будам. Лекин ба ҳамаи онҳо хонадор шуда наметавонам-ку! Байнамон нофаҳмӣ ба вуҷуд меомад ва мо ҷудо мешудем. Шахсан ман аз таҷрибаи ҳаёти хеш гуфта метавонам, ки муддате пас аз ҷудо шуданам дар ҳаҷри ин зебосанамон сӯхтаам ва боз ҷояш омад, ки фаромӯш кардаам. Ишқ, албатта, вуҷуд дорад, вале….

— Хуб, намехоҳам, ки хотири шуморо озурда кунам. Ба саволи дигар мегузарем. Пул дар ҳаёти шумо чӣ гуна мавқеъро ишғол мекунад?

— Ман аз хурдӣ дар шароити хуб ба воя расидаам, дар хотир надорам, ки аз ҷиҳати хӯрдану пӯшидан танқисӣ кашидаам ё не. Чунки модару падарам, инсонҳои наҷиб, пайваста кор мекарданд, то мо гурусна набошем. Пасон ман низ калон шуда маблағ ба даст меовардагӣ шудам.

Дар зиндагӣ пули бисёрро низ дидаам, вале лаҳзае аз худ бехуд нашудам. Ҳамеша мекӯшидам, ки ба кӯдакони маъюбу бепарастор мадад расонам ва хушбахтона, Худованд маро ба ин орзуям муваффақ гардонид.

— Нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунед?

— Фақат дар ҷашнҳо… Агар маҷбурам кунанд. Мегӯянд, ки шаҳри якчашмаҳо равӣ, якчашма шав.

Салман, умед дорем, ки чеҳраи шумо бо филмҳои нав ба нав рӯйи экрани мо пайдо хоҳад шуд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s