• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Фирӯза ҲАФИЗОВА БА ШОГИРД ҚАБУЛ КАРДАН ТАЙЁРАМ!

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

Чӣ хеле ки мегӯянд, шахси ҳунарманд ҳаргиз хор намешавад. Мисоли ин гуфтаҳоро дар фаъолияту зиндагии сарояндаи ҷавон Фирӯза Ҳафизова дидан мумкин аст. Меҳри рақс ӯро ба кӯйи сарояндагӣ оварда ҳаёташро дигаргун сохт ва сафи ҳаводоронашро афзуд. Имрӯз садои Фирӯза дар зангҳои телефонҳо, дар кӯчаву бозорҳо ва дар ҳар хонадони тоҷик танинандоз аст. Кунҷкобии мухлисони ӯро ба инобат гирифта дар шумораи навбатии маҷалла бо ин бонуи ҳунари воло сӯҳбат гузаронидем.

— Фирӯза, ҳангоме ки ба саҳна мебароед, ботинатонро чӣ гуна эҳсосот фаро мегирад? Шарм ё ифтихор?

— Ҳаргиз шарм намедорам, зеро ҳунарманд бояд дар саҳна худро озод эҳсос кунад ва чеҳраи кушода дошта бошад. Аз таҳти дил баромад кардан барои ҳар овозхон дар шоу-бизнеси тоҷик шӯҳрат меорад. Пешравии овозхон аз баромади вай дар саҳна вобастагии калон дорад.

— Агар клипҳои худро тамошо кунед чӣ?

—  Ифтихор мекунам, албатта! Зеро на ҳар кас имкони саҳнабароӣ ва клип офариданро дорад. Худованд ҳам истеъдодро ба ҳама надодааст.

Дар ҷодаи раққосагӣ худро комил мешуморед ё сарояндагӣ?

— Он, ки аз раққосагӣ ба сарояндагӣ гузаштам, маънои онро надорад, ки аз рақс дилгир шудам. Ман танҳо қобилиятамро дар овозхонӣ низ санҷидам ва хато ҳам накардам, зеро муваффақият ёфтам. Муваффақият барои ҳар инсон дар интихоби касб дар мадди аввал меистад. Маҳз натиҷа имкон медиҳад, ки шахс барои ба даст овардани мақсад мубориза барад.

— Аз нигоҳи худатон, кадом сурудатон бароятон шӯҳрат овард?

— Чӣ хеле ки медонед, зиндагии ман бо рақс пайвастагӣ дошт. Гумон мекунам, ки аз ҳамон давра сар карда, мардум бо ҳунари ман ошноӣ пайдо доштанд. Дар мавриди сурудҳо гуфтаниям, ки ҳамаи онҳо пораи дили мананд, ҳар яке ба табъи шунавандагон мувофиқ омада, бароям ном овардаанд. Аз ин рӯ байни онҳо интихоб гузоштан нодуруст аст.

— Хеле таронаҳои ҷолиб месароед. Матни сурудҳоятон маҳсули заҳмати кадом шоиронанд?

— Баъзан аз китобҳои Бедил, Саъдӣ ва Ҳофиз матн интихоб мекунам. Ҳамзамон эҷодиёти шоирони муосирро ба монанди Лоиқ Шералӣ аз мадди назар дур намегузорам.

Дар ягон филм нақш офариданӣ нестед?

— Медонед, соли гузашта чунин пешниҳодҳо шуда буданд, лекин рад кардам.

— Чаро?

— Мехоҳам дар филме нақш офарам, ки он танҳо ба ҳаёти худам бахшида шуда бошад. Яъне сенария фарогири саргузаштам бошад. Ин яке аз орзуҳои деринаи ман аст, ки дунбола дорам.

— Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

— Мошини орзуҳои ман «Тоёта-Королла» аст.

— Айни замон мошин доред?

— Не, алҳол мошин надорам, вале ба наздикӣ нияти харидан дорам.

— Ягон маротиба дар Амрико ё Лондон будед?

— Дар кишварҳое, ки номбар намудед, боре ҳам набудам. Лекин дар сурати фароҳам омадани шароити мусоид ҳатман аз ин давлатҳо дидан мекунам. Чуноне ки гуфтаанд: «Ҷаҳондида бошу ҷаҳонхӯрда не».

Агар таклиф кунанд, ки дар хориҷа кору зиндагӣ кунед, чӣ ҷавоб медиҳед?

— Розӣ намешавам, чунки ман дар Тоҷикистон ба олам омадам ва санъатамро дар ин ҷо муаррифӣ намудам. Шунавандаи асосии таронаҳои ман дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, пас чӣ гуна тарки ватан созам?! Барои сайқал додани ҳунар дар муддати муайян, агар лозим ояд, ба ҳама гӯшаҳои дунё меравам, вале…

— Соли равон кадом нақшаи бузурги худро амалӣ намудан мехоҳед?

— Агар ба санъаткор чунин савол диҳед, ҳатман посух медиҳад, ки орзуи ҳамешагии ӯ эҷоди таронаҳои нав ба нав ва дар сатҳи баланд барпо намудани консерт аст ва ман низ аз ин андеша орӣ нестам. Ба замми ин мехоҳам, ки дар хориҷа бо ҳамдастии сарояндаҳои афғону эронӣ ба форсизабононе, ки аз ҳудуди давлати хеш дур ҳастанд, барнома таҳия созам.

Аниқтар мегуфтед, ки бо кадом ҳунармандони хориҷӣ ҳамкорӣ кардан мехостед?

— Инро вақт нишон медиҳад.

Агар ягон ҷавон хоҳад, ки шогирди шумо шавад, ӯро мегиред?

— Барои чӣ не?! Агар ягон кас дар ҳақиқат дилбохтаи ҳунар бошад ва дар замираш истеъдод туғён кунад, ман ҳамеша барои кӯмак омода ҳастам. Замоне ман низ шогирд будам ва устодонам мадади худро дареғ надоштанд. Дастгирии ҷавонони санъатдӯст яке аз масъулиятҳои асосии мо мебошад.

— Муҳофизатгар ва ронандаи шахсӣ доред?

— Бале, аз ин намуди хизматрасонӣ истифода мебарам.

— Дар бораи ҳабси Фарзонаи Хуршед маълумот доред? Оё дар ҷараёни суд маротибае ҳам иштирок кардед?

— Бале, дар бораи мавриди боздошт қарор гирифтани Фарзонаи Хуршед барвақт шунидам будам. Рӯзе фурсат ёфта ба хонаи хонаводаи Фарзонаино рафтам, бо наздиконаш сӯҳбат кардам. Бовар дорам, ки Фарзона сафед шуда ҳолати рӯҳию ҷисмониаш барқарор мешавад ва боз ба рӯйи саҳна ба назди мухлисони сершумораш бармегардад.

— Саломат бошед Фирӯзабону! Сафарҳоятон бобарор бошанд!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: