• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

Шабнами СУРАЁ АКНУН БЕ ҶОНИБЕК

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Ҳамкории Шабнаму Ҷонибек самараи аъло ба бор овард. Барномаҳои рангини нотакрор дар хориҷа ва клипҳои мафтункунанда шӯҳрати ин ду нафарро, ки воқеан эҷодкор буданашон боз як маротиба тасдиқ ёфт, ба қуллаҳои нав бардоштанд. Мухлисон гумон доштанд,  ки ин дуэти эҷодӣ то дер гоҳ хотири онҳоро шод мекунад, аммо ногаҳон хабар расид, ки Шабнаму Ҷонибек аз ҳам ҷудо шудаанд. Ба ҳар ҳол, ин дафъа  онҳо дар алоҳидагӣ ба консертҳои хориҷа даъват гардидаанд…

Сӯҳбати зеринро, ки пешкаши хонандагони азизи худ мегардонем, хабарнигори радиои «Озодӣ» бо Шабнам дар Амрико баргузор кардааст. Ногуфта намонад, ки ин бонуи ҳунар моҳи октябр ҷашни мавлуд дошт. Ба ин муносибат ӯро табрику таҳният мегӯем ва барояш аз Худованди бузург сари сабзу комёбиҳои бештар таманно мекунем.

— Шабнам, хеле шод ҳастем, ки боз бо барномаи консертии худ ба Амрико баргаштед. Мехостем донем, ки ин навбат сафари шумо бо дастгирии кадом ширкат ба вуқӯъ омад?

-Ин дафъа низ сафари ман бо ширкатҳои бонуфузи «Даф-Интертейман» ва «Шерзод-Интертейман» сурат гирифт. Аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо онҳо медонам, ки ин ширкатҳо дар самти баргузор намудани консертҳо балад ҳастанд. Аз ҳамкорӣ розӣ ҳастам ва бовар дорам, ки фаъолияташон ба рушду нумӯи санъат мусоидат мекунад.

— Шумо як сол қабл бо шарики ҷавони худ Ҷонибек ва дастаи калони ҳунарӣ дар Амрикову Аврупо барнома таҳия сохтед ва, табиист, бо мухлисони хориҷиатон ошноӣ пайдо кардед. Ин навбат аз пазироии онҳо чӣ гуна таассурот бардоштед?

— Истиқболи мухлисони афғону эрон ва тоҷик хеле гарм ва аз сидқи дил буд. Бовар кунед, ман аз қарсақу дастгирӣ ва гулборон намудани онҳо дар саҳна илҳом мегирам. Хеле шодам, ки дар марзи Тоҷикистон ба дунё омадаам ва бо санъати тоҷик баромад мекунам.

Ҳангоми баромад маротибае вуҷудатонро эҳсоси тарсу нобоварӣ пахш мекард?

— Ман ҳамеша пеш аз ҳунарнамоӣ дар ҳолати ҳаяҷону нобоварӣ меафтодам, вале шукри Худованд, ки ӯ лутфи беназирашро дареғ намедорад ва ба ин туфайл консертҳоям дар сатҳи аъло мегузашт.

— Оё консертҳои имсолаи шумо аз соли гузашта тафовут доранд? Шахсан шумо чӣ навовариеро эҳсос кардед?

— Ҳар қадаре, ки суруд эҷод кунед ё консерт барпо созед, дар қалби ҳунарманд макони худро меёбад ва таассуроти дигар мебахшад. Барои ҳамин гуфтаниам, ки дар ҳар сафарам барои худ олами дигар ва навоварӣ кашф мекунам, ки ба ман рӯҳбаландӣ мебахшад.

— Шумо дар хориҷа зуд-зуд барнома таҳия мекунед, вале дер боз аст, ки дар ҳудуди ватани худ ҳунарнамоӣ накардаед. Сабаб чист?

— Ман аллакай дар дилам ният кардаам, ки пас аз бозгашт дар Тоҷикистон консерт барпо кунам ва албому клипҳои тозатаринро сабт созам

— Дар албоми наватон ба монанди таронаи «Аз қудуми сафар» оҳанги ҷадид ҳаст, ки байни мухлисон ғулғула афкандааст. Мегуфтед, ки он моли кист?

— Оҳанги он суруд аз Амирҷон Сабурӣ буд. Танҳо як бор оҳангро гӯш кардаму беҳад писандам омад. Ман кӯшиш мекунам, ки дар ин албом низ сурудҳои ғулғулаафкан бошанд, ҳатто аз он ҳам беҳтар сабт шаванд.

— Мо гуфта метавонем, ки ҳамкории шумо бо Ҷонибек батамом қатъ шуд?

— Ману Ҷонибек тӯли ду сол бо компанияи «Даф-Интертейман» қарордод баста будем, ки соли равон ба анҷом расид. Ҷонибек инсони хуб аст. Ман фикр мекунам, ки мо бояд дар алоҳидагӣ низ қувва озмоем.

— Шабнам бо вуҷуди он ки дар расонаҳои хабарӣ зиёд мусоҳиба додед ва ҳама медонанд, ки шумо фарзанди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сураё Қосимова ҳастед, ҳамзамон дар баробари ин хоҳаратон Фарзонаи Хуршед овозхонӣ мекунад, ҳаёти оилавиатон паси парда мондааст. Мехостем чанд сухан дар атрофи ҳаёти шахсиатон нақл менамудед…

— Мо дар оилаамон се духтар ва як писарем. Апаи калониам Рӯзигул соҳиби як фарзанд аст. Ман духтари дуввуми оилаам. Духтари саввуми хонадонамон Фарзона мебошад. Номи бародари ягонаамон Эмомалӣ аст. Рӯзигул дар ягон ҷо кор намекунад ва танҳо ба корҳои рӯзғор банд аст. Оилаи мо яке аз оилаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ аст.

— Хислатҳои модаратонро чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Модарам зани хеле ҳалиму меҳрубонанд. Маҳз тавассути заҳматҳои он кас мо ба ин поя расидем. Ҳозир дар ҳамин сафар ӯро, пайвандонамро ва тамоми мардуми азизамро хеле пазмон шудам.

— Мегӯянд, ки Шабнами Сураё фарзанд дорад. Рост аст?

— Бале, як духтарчаи ҳаштсола бо номи Шарифамоҳ дорам.

— Саломат бошед, Шабнам!

Андешаи Ҷӯрабек Муродов:

БИГЗОР ҶАВОНОН ДАР АЛОҲИДАГӣ ҚУВВА ОЗМОЯНД

— Шабнаму Ҷонибек бо ҳамкории худ санъати эстрадаи тоҷикро ба минтақаҳои дурдасти дунё бурда расониданд ва албатта, муаррифии фарҳангу маданияти тоҷик кори осон нест. Ҳамкорӣ намудан хуб аст, вале агар ҷавонон дар алоҳидагӣ кор кунанд, боз ҳам хубтар мешавад.

Қувваозмоии инфиродӣ имкон медиҳад, ки шахс дар касби интихобнамудааш комилтар шавад. Дар ҷудошавии Шабнаму Ҷонибек касе гунаҳкор нест ва сабаби ҷиддӣ низ надорад. Дар фаъолияти фардӣ низ онҳо чун дӯсту ҳамкор боқӣ мемонанд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: