• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО МАН ДАР ҲИНДУСТОН МИСЛИ ШУМО РЎЗА ГИРИФТАМ

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло,  ки ҳунари волоро аз падари ҳунарманди хеш Кароматуллоҳи зиндаёд ба мерос гирифтааст, ба ҷавониаш нигоҳ накарда, дар ҷодаи ҳунар мавқеъу манзалати хешро пайдо кардааст. ӯ дар ин ҷода гомҳои устувор мениҳад. Дар осмони ҳунари  эстрадаи тоҷик мисли ситораи тобноке дурахшида, шӯҳрати ҳунараш то дуриҳои дур нурфишонӣ дорад. Нозия мисли гули пурнакҳате мухлисони сершумори худро мафтуну шефтаи худ намудааст. Ў бе ҳеҷ гуна ороиши косметикӣ мисли маликаи ҳусн аст .

Худованд ба ӯ бар замми овози ширину маҳин ҳамчунин ҳусни нотакрорро ато кардааст. ӯ нишоне аз хунёгари бузурги ҳунари тоҷик ва сарояндаи хеле мумтози зуд аз байни мо рафта, вале аз дилҳо нарафта Кароматуллои Қурбон аст, ки номаш ба некӣ вирди забонҳост. Гарчи мактабу ҳунари ӯ байни сарояндагон то ҳанӯз побарҷост ва давомдиҳандагони ҳунари ӯ рӯз аз рӯз афзунтар мегарданд, аммо се ҷигарбандаш номи ӯро зиндаву ҷовид медоранд ва ҷои холигаштаашро дар саҳнаи ҳунар пур намудаанд.

Имрӯзҳо Нозия дар Ҳиндустон қарор дошта, таҳсили хешро идома медиҳад. Моро насиб гардид, ки тариқи Интернет бо ӯ ҳамсӯҳбат гашта, ба чанд саволи хеш посух бигирем.

-Нозиябону, дуруду саломи мухлисони хешро қабул созед! Мехостем донем, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар Ҳиндустон ба чӣ кор машғулед?

-Паёми меҳрубонии маро низ ба мухлисони азизам, ки ниҳоят дӯсташон медорам, бирасонед. Ман ҳамеша дар фикри онҳо ҳастам. Дар ин моҳи мубораки Рамазон  панҷ вақт намоз мехонам ва мисли шумоён рӯза мегирам. Аз Худованди бузург умедворам, ки ба даргоҳашон қабул медоранд. Ҳамчунин таҳсилро бомуваффақият давом дода истодаам.

-Ба муҳаббати ҳақиқӣ дучор гаштаед?

-Бигзор ҳоло ишқи ман махфӣ бошад.

-Мехоҳед, чӣ гуна ҷавон ба суроғатон ояд, яъне шоҳзодаи орзуҳои хаёлатон чӣ гуна аст?

-Ман мехоҳам шоҳзодаи орзуҳоям боимону боодобу бомаданият ва соҳиби маърифати баланд бошад. Хислати хуби инсонҳоро дошта бошад. Ба қадри ҳунару ҳунарвар бирасад.

-Бисёрии мухлисон орзу доранд, ки шумо бо Шаҳроми Абӯбакр ҷуфти муносибед…

-Ман Шаҳромро хеле зиёд ҳурмату иззат мекунам. Падари шодравонам бо аҳли оилаи онҳо дӯст буданд ва аз ин лиҳоз мо ҳам дӯсту бародар ҳастем. Якум ин ки Шаҳром аз ман ба сол хурдтар аст ва дуюм он ки наметавонам ба ӯ дил диҳам, чунки ӯро бародарвор эҳтиром мекунам.

-Суруди аввалини худро дар пайравии кӣ ва дар чандсолагӣ сароидаед?

-Суруди аввалини ман ҳангоми дар синфи се хонданам дар толори мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова бо номи «Модар»  ҳамроҳи бародарони азизам Муҳаммадрафӣ ва Муҳаммадсахӣ садо дода буд. Дар саҳнаи калон мухлисон маро бо суруди «Падар»-и Ҳабибулло Нозирӣ бо оҳанги падарҷонам шинохтанд. Мо ҳамеша дар пайравии падари шодравонамон суруд мехонем.

-Шахсе, ки ба пешрафти ҳунаратон дасти кӯмак дароз намудааст, кист?

-Пеш аз ҳама мададгори ман Худованди бузург аст. Сипас бародарам Муҳаммадрафӣ ва модари азизам Зулфия барои пешрафти ҳунарам хеле зиёд заҳмат мекашанд. Дар интихоби матну оҳанг низ кӯмакрасони беминнати ман онҳоянд.

-Барои ҳунарманди насли наврас роҳ ёфтан дар саҳнаи ҳунар ва пайдо намудани мухлисони ҳақиқӣ кори саҳлу осон нест албатта.

-Ҳунар низ мисли эҷоди шеър доди худовандист. Инсон бошад онро такмилу сайқал медиҳад ва ба муроди дили хеш хоҳад расид. Онро шояд  ба бандагони шукргузору пурсабр ва дӯстдоштааш медиҳад. Ба ману бародаронам (садҳо шукр ба даргоҳаш дорем) ҳунар тӯҳфаи Худованд ва инчунин мероси падар аст.

-Барои рӯи саҳна омадан монеае мавҷуд буд?

-Монеа набуд гуфтан ҳам мумкин. Зеро аз авлоди ҳунармандонам.  Дар аввал ҳама мехостанд, ки ман духтур ё ягон каси дигар шавам.

-Шояд мехостанд, ки Шуморо аз ин олами пурфасона эмин нигоҳ доранд?

-Ба ҳар ҳол ҷаҳду ҷадали маро дида, модарам хуб эҳсос намуданд, ки  зиндагии худро бе санъат тасаввур карда наметавонам, аз ин рӯ бароям дуои нек доданд ва дастгиру мададгорам гаштанд.

-Нисбати мухлисони хеш чӣ андеша доред?

-Миннатдорам аз онҳо, ки ба қадри ҳунарманду ҳунар хеле хуб мерасанду дастгириамон мекунанд. Дар озмунҳо барои мо овоз медиҳанду занг мезананд. Зинда бошанд мухлисони гиромии мо!

-Ягон асбоби мусиқиро навохта метавонед?

-Бале, фортепиано, скрипка ва армонияи ҳиндиро навохта метавонам.

-Аз чӣ сахт мутаасир мешавед?

-Аз тӯҳмати ноҳақе, аз ғайбату овозаҳои беасосе, ки дар атрофи номи ҳунармандон бештар паҳн мешаванд, сахт мутаассиру андӯҳгин мешавам. Модарам ҳамеша маро тасаллӣ дода мегӯянд, шахсе ҳастӣ, ки дар бораат овоза мекунанд.

ӣ чиз Шуморо ба ваҷд меорад?

-Вақте дар саҳна бошӣ, истиқболи гарми мухлисони азиз ҳар як санъаткорро ба ваҷд меорад. Вақте медонӣ, ки ҳунари туро дигарон қадр мекунанд ва меҳнатҳои кардаат барабас нарафтаанд, аз ту дида инсони хушбахттаре нест.

-Манбаи даромади Шумо чун ҳунарманд?

-Шукри Худованд, ки такрор бошад ҳам боз мегӯям, ки маро дар ҳама ҳолат модарҷону бародарам дастгирии молиявӣ менамоянд.

-Боз аз ӯҳдаи кадом кор хеле хуб мебароед?

-Таъриф карданро дӯст намедорам, лекин бо вуҷуди яккадухтари эрка буданам, модарам дар омӯзиши корҳои хона нисбатам ниҳоят сахтгир буданд. Ҳамон сахтгириҳо буд, ки ман ҳам ҳунари дӯзандагӣ, пазандагӣ ва рақсиданро  балад гаштам ва аз он кас як умр миннатдорам.

-Боре тарк намудани саҳнаи ҳунар дар саратон наомадааст?

-Не, асло, бе ҳунар  мисли моҳии бе обмонда зиндагиро тасаввур карда наметавонам.

-Нияти дар филме нақш офариданӣ доред?

-Дар чандин филмҳои ҳиндӣ даъват гардидаам, дар филми панҷобие бо он забон суруд хондаам.  Дар Бомбей бо ширкати калонтарини фотошопӣ ва  клипсозии «Ҷип-мюзик» тибқи шартномаи бастаам нияти таҳияи клипҳоямро дорам. Агар фурсат даст диҳаду филме, ки мавзӯи хуб дошта бошад ва мувофиқи табиатам бошад, шояд дархостро барои нақш бозидан бипазирам. Ба ҳар ҳол, бароям ҳоло аз ҳама муҳим таҳсилу омӯзиш аст.Беҳтар мебуд, ки баъди анҷоми таҳсил ва гирифтани диплом  чунин пешниҳодҳоро пазирам.

-Дар Ҳиндустон даъвати ҷиддӣ аз тарафи ширкате шавад,он ҷо меистед?

-Барои шартномаи кӯтоҳмуддат бошад меистам, барои зиндагӣ не.

-Пас дурӣ аз модару наздикон хеле душвор будааст?

-Кӯи сахт аст ғарибӣ гуфтаанд, рост аст. Мусофират, дурӣ аз пайвандон дар ҳақиқат душвор будааст. Ягона бурди ман дар он ҷо донистани забони англисиву ҳиндӣ аст, ки маро танҳо намегузорад. Ман пайвандонамро хеле зиёд пазмон мешавам.

-Дугонаи наздиктарини Шумо кист? Шояд дар Ҳиндустон дугонаҳои зиёде пайдо намудаед?

-Агар гӯям, ки дугона надорам, шояд бовариатон наояд. Аз байни хешу таборон дӯстонам зиёданд. Бароям дӯсти беҳтарину ягона роздону маслиҳатгарам модарам  мебошанд. Хулоса, тамоми буду набуди ман модарам мебошанд.

ӣ орзуест, ки Шуморо сӯи худ мехонад?

-Орзуҳо зиёданд. Мехоҳам маро дар тамоми дунё бишносанд.(механдад). Барои амалӣ гардидани орзуҳоям зиёд мекӯшам.

-Ба андешаи Шумо ҳаёти донишҷӯёни Ҳиндустон аз ин ҷо беҳтар аст?

-Хубию бадиаш ба худи донишҷӯ вобаста аст. Агар шахс дар талаби дониш бошад, маҳалаш фарқ надорад, ба фикри ман. Маро меҳри беандоза доштан ба рақси қлассикии ҳиндӣ бо номи «Катак» ба ин кишвари афсонавӣ овард. Ҳамчунин ихтисоси вокалистро мегирам.

-Мегӯянд, ки Шуморо дар Ҳиндустон ҳамчун як ҳунарманд мешиносанд?

-Маро дар як кунҷи Деҳлӣ хуб  мешиносанд ва  он ҷо озод буда наметавонам. Дар Деҳлӣ форсизабонҳо низ хеле зиёданд. Дар кӯчаҳо маро дучор шаванд , хоҳиши аксбардорӣ менамоянд.

-Нозиябонуи нозанин! Саломату сарбаланд бошед ва ҳамеша дар паноҳи Худованди бузург мисли ҳозира нозанину писандида ва гули сари сабади маҳфилҳоямон бошед. Бигзор Худованд шуморо ба мақсуди дили хеш бирасонад ва рӯзгори ширину пурнишоте насибатон гардад.

-Ман ҳам аз ин фурсати муносиб истифода бурда, кулли мухлисони хеш, пайвандонам ва тамоми мардуми шарифу накӯноми Тоҷикистонамро бо Иди саиди фитр самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳативу хонаи обод ва пирӯзиҳои бештареро таманно дорам! Худо нигаҳбонатон!

Бо муҳаббати зиёд Нозияи Шумо.

“ДИЛКУШО”

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 4

  1. апаи нозия чаро ракси точики карда наметавонед?

  2. Дарахти дўсти биншон, ки коми дил ба бор орад,
    Нихоли душмани баркан, ки ранчи бешумор орад.
    Чу мехмони хароботи, ба иззат бош бо риндон,
    Ки дарди сар каши, чоно гарат масти хумор орад.
    Шаби сўхбат ганимат дон, ки баъд аз рўзгори мо,
    Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу нахор орад.
    Иморидори Лайлиро, ки макди мох дар хукм аст,
    Худоро дар дил андозаш, ки бар Мачнун гузар орад.
    Бахори умр хох, эй дил, вагарна ин чаман хар сол,
    Чу насрин сад гул орад бору чун булбул хазор орад.
    Худоро, чун дили решам кароре баст бо зулфат,
    Бифармо лаъли нўшинро, ки зудаш бо карор орад.
    Дар ин бог аз Худо хохад дар ин пиронасар Хофиз,
    Нишинад дар лаби чўеву сарве дар канор орад.

  3. तुम — गर्ल, और, इसलिए, आप — अभिनेत्री
    मुझे एक सौ और एक हजार व्यक्तियों की भूमिकाओं.
    तुम — गर्ल, और, इसलिए, आप — रानी,
    सभी सांसारिक राजाओं की प्यारी …

  4. НОЗ Я Желаю ТЕБЯ
    счастья — его никому не хватает, Здоровья — оно никому не мешает,
    успехов — они никому не в тягость, удачи — она приносит радость. И
    много хороших друзей, а с ними всегда веселей!
    *♥*•.¸¸.•***•.¸¸.•*♥*

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s