• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Саидаи СИРОҶИДДИН ДУГОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАМ

Саидаи Сирочиддин

Саидаи Сирочиддин

Саидаи Сироҷиддин ҳоҷат ба муаррифӣ надорад. Зеро ӯ чанд сол аст, ки дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, дар назди устодони ботаҷрибаи санъат дарси мусиқӣ меомӯзад ва тавассути ҳамкорӣ бо сарояндаҳои шинохтаи ҷумҳурӣ донишашро мукаммал месозад. Саида соли 1989 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дар оилаашон ягон санъаткор набошад ҳам, Худованд ба ӯ истеъдоду ҳуснро арзонӣ доштааст. Хатмкардаи мактаби №15-и шаҳр аст.

Ҳоло Саида донишҷӯйи курси дуввуми шӯъбаи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар атрофи ин бонуи ҳунар замоне бисёр ҳангомаҳо пайдо шуда буд. Гурӯҳе мегуфтанд, ки ӯ духтари овозхони шинохта Сироҷиддини Фозил аст, зеро насабаш ба ин мувофиқат мекунад.

Боз мегуфтанд, ки дар зиндагии гузаштааш ба санъат ягон пайвандие надошту нонфурӯш буд. Дигарҳо, ҳангоме ки Саида рӯйи саҳна бо суруди аввалини худ «Ана, гулбоғи ба боғ» ҷилва намуд, ба ҳаракатҳои сару гардани вай эътироз баён намуданд. Сару садоҳо атрофи Саида хабарнигоронро водор сохтанд, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд ва худи Саида ҳам имкон пайдо кард, ки ба баъзе масъалаҳо равшанӣ андозад.

— Саидабону, барои чӣ дар озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» номзадии худро нагузоштед?

— Ростӣ, ман каме дертар аз ин хабардор шудам. Ҳамзамон агар зудтар бохабар мешудам ҳам, шояд ки барои иштирок ариза пешниҳод намекардам. Ман бояд аввал дар санъат мавқеамро мустаҳкамтар кунам ва барои ба даст овардани ғолибият омода бошам.

— Дар оилаатон касе барои ҳунарманд шуданатон эътироз баён кард?

— Вақте ки падарам аз олам гузаштанд, пайвандони он кас риштаи рафтуомадро бо оилаи мо канда карданд. Вале тағоҳоям, умуман, хешовандони тарафи модарам маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва кӯмак мерасонанд. Аслан аз ягон ҷониб ҳам фишорро эҳсос накардаам.

— Бо ягон сароянда орзуи сароидани дуэтро доред?

— Чанд кас ба ман чунин пешниҳод кард, аммо ростӣ тарона ба ман мувофиқат намекард. Аслан дар ин бобат зиёд фикру андеша накардаам.

— Одатан бонувони эҷодкор сертараддуданд. Шумо ба корҳои хона даст мезанед?

— Медонед, аз корҳои хона ман бештар пухтупазро дӯст медорам ва ҳамеша барои аҳли хонавода ғизоҳои гуногун омода месозам. Дар оилаи мо ҳама самбӯсаро дӯст медоранд ва аз ман хоҳиш мекунанд, ки барояшон зуд-зуд самбӯса пазам.

— Хонандагони мо интизори онанд, ки Саидабону барояшон дастури ягон ғизоро пешниҳод мекунад…

— Хуб, чун ҳоло фасли меваю сабзавотҳост, ман дар тараддуди пухтани компоту мураббо ҳастам. Мураббои олуча яке аз беҳтарин шириниҳо барои наҳорӣ мебошад ва ҳангоми грипп хусусияти шифобахшӣ дорад.

Ба 1кг олуча 1,4 кг шакар рост меояд. Олучаҳоро шуста, бо донаи гӯгирдчӯб сӯрох кунед. Акнун сиропро тайёр кунед. Акнун ба шумо — кадбонуҳои мӯҳтарам лозим аст, ки ба 1 литр об 700 гр шакар илова намуда, то дами об шудани шакар онро ҷӯшонед. Сипас сиропи гармро рӯйи олучаҳо рехта, 4-5 соат нигоҳ доред.

Сиропро ба зарфи дигар полонида гиреду ба он 350 гр шакар илова намуда, 15 дақиқа ҷӯшонед. Акнун олучаҳоро ба ин сиропи ҷӯшидаистода ҳамроҳ карда, 2-3 дақиқа ҷӯшонед. Пас аз 5 соати дам гирифтан, боз сиропро полонида гиреду ба он 350 грамми дигар шакар рехта, 12 дақиқаи дигар ҷӯшонед ва рӯйи олучаҳо рехта, 5-6 соат аз рӯйи оташ он тараф нигоҳ доред. Пасон мурабборо рӯйи оташ гузошта, 5-6 дақиқа ҷӯшонеду дар бонкаҳо гирифта, барои фасли сармо захира кунед.

— Ташаккур Саида! Кадом таомҳоро дӯст медоред?

— Ман ҳамаи хӯрокҳоро дӯст медорам, агар гушна бошам (ханда).

— Агар сер бошед чӣ?

— Агар сер бошам, помидору бодиринг, умуман меваю шарбатҳо менӯшам.

— Бар зидди фарбеҳӣ мубориза мебаред?

— Албатта! Одами фарбеҳ аз синну солаш дида нисбатан калонтар метобад. Шахсони харобина таровати пӯсту ҷавонии худро нигоҳ дошта метавонанд. Ман ҳатман пеш аз баромад дар ягон консерту маъракаҳо барои кам кардани вазни худ кӯшиш мекунам. Аслан ман зуд хароб шуда, боз зуд фарбеҳ мешавам. Масалан, агар ташвишҳоям зиёд бошанду ман аз субҳ то шом барои анҷом додани корҳоям давам, зуд лоғар мешавам.

— Намоз мехонед?

— Пештар мехондам. Ҳозир саломатиам онқадар хуб нест, барои ҳамин ҳозир намехонам.

— Аз маҳсулоти ороишотии кадом ширкат истифода мебаред?

— Аз «Орифлейм».

— Фасли дӯстдоштаатон…

— Баҳор.

— Дар кадом давлати дунё будан мехоҳед?

— Намедонам, ростӣ… Охир дар ин бора ягон бор фикр накардаам. Ман бе Тоҷикистон зиндагӣ карда наметавонам. Ба куҷое, ки равам ҳам, мехоҳам, ки фақат ба хотири консерт равам.

— Рӯзи истироҳататонро дар куҷо мегузаронед?

— Дар тӯю маъракаҳо. Ва боз ба хабаргирии хешу табор меравам.

— Газета мехонед?

— Бале, мехонам. Ҳамзамон барои интихоби шеъру оҳанги нав пайваста ба китобҳои  шеърии классикон ва муосирон рӯй меоварам.

— Номатон ба худатон маъқул аст?

— Албатта! Ман ба чунин номе, ки волидонам бо сад умеду орзу ниҳодаанд, шукр мегӯям. Шукр мегӯям ба волидоне, ки маро ба олам оварда тарбия доданд, нигоҳубинам карданд.

— Дугонае доред, ки сирри дилатонро ҳамеша ба ӯ мегӯед?

— Не, надорам ва доштан ҳам намехоҳам. Сирри дили инсон бояд ҳамеша дар дили худаш нуҳуфта бошад. Ман аз байни бонуҳои санъаткор як дугона доштам, вале бо сабабе зуд ҷудо шудем.

Ба гумони ман, дугона ҳаргиз ба касе сад фоиз дугона шуда наметавонад. Ман аз модарам миннатдорам, ки маро ҳамеша маслиҳатҳои накӯ медиҳанд ва дар лаҳзаҳои душвор дар барам ҳастанд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s