• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Сами ЮСУФ СИТОРАҲО ЗУД-ЗУД ОШИҚ МЕШАВАНД

Сами Юсуф

Сами Юсуф

Сами Юсуф соли 1980 дар шаҳри Теҳрон, дар оилаи эронии озарбойҷонитабор таваллуд шудааст. Дар сесолагӣ ӯ бо волидонаш ба Англия  кӯчида омад. Аз синни хурдӣ сар карда ӯ ба омӯзиши асбобҳои мусиқӣ оғоз намуд ва дар яке аз таълимгоҳҳои машҳури ҷаҳон — Академияи мусиқии шоҳӣ тасил кард. Сами Юсуф соли 2003 нахусталбоми худро сабт намуд ва паси ин шӯҳратёр гардид. Ду албоми навбатии ӯ бо нусхаи якуним миллион фурӯхта шуданд. Таронаҳои ин ҳунарманд бештар дар мамолики араб харидорони зиёд доранд.

— Юсуф, ба мо маълум аст, ки шумо дар оилаи санъаткор ба дунё омадаед. Аз кай боз ба пайроҳаи мусиқӣ қадамҳои ҷиддии худро гузоштед?

— Рости гапро гӯям, мусиқӣ дар ҳаёти ман то ҳол нақши муҳимро мебозад. Худованд ба ман имкон дод, ки аз падарам бисёр чизҳоро омӯзам. ӯ ҳамзамон маро таълим медод, ки аз Офаридгор бояд тарсид ва ҳама корро ба хотири ӯ бояд анҷом дод.

Мегӯянд, ки ғайри овозхонӣ боз дигар ҳунарҳо низ доред

— Бале, ман имрӯз метавонам қобилияти худро дар ҷодаи оҳангсозӣ, навозандагӣ ва продюсерӣ комил шуморам. Чунки ба ин касбҳо дар шаш соли охир ба таври ҷиддӣ машғул ҳастам ва шукр мегӯям, ки ба комёбиҳо низ ноил шудаам.

— Чӣ навгониҳо доред?

— Тасмим дорам, ки ба наздикӣ барои мардуми номусалмон албом сабт созам. Худо қувватам диҳад, барои ҷалоли номи Оллоҳ заҳмат мекашам.

Ҳамкасбонатон ба шумо – овозхони бритонии мусулмон чӣ гуна муносибат мекунанд?

— Ҳангоми сӯҳбат ман дарк мекунам, ки онҳо нисбати ман фикру ақидаҳои гуногун доранд, вале ошкор намекунанд. Як чизро бояд қайд кунам, ки дин озод аст ва ҳар нафар соҳибихтиёр аст, ки дину оини худро интихоб кунад. Шахсан ман ба нафароне, ки дар қайди дигар мазҳаб ҳастанд, муносибатамро тағйир намедиҳам. Чунки онҳо низ инсонанд. Дар мафкураи бисёр одамон чунин боқӣ мондааст, ки агар волидони ту бутпараст ё насронӣ бошанд, ту низ бояд ҳамон динро парастӣ. Масалан, вақте волидон пешхизмат бошанд, фарзандашон низ дар оянда ҳатман набояд пешхизмат бошад-ку!

— Ба фикри шумо, ситораҳо дӯстӣ карда метавонанд?

— Дар байни шахсиятҳои машҳур дар муқоиса бо дӯстӣ муносибатҳои ошиқона бештар ба назар мерасанд. Барои ҳамин шахсиятҳои машҳур шарики ҳаётиашонро зуд-зуд иваз мекунанд. Агар нуқтаи назари маро пурсиданӣ бошед, гуфтаниам, ки на танҳо ситораҳо, минҷумла зан ва мард низ бо ҳам дӯст буда наметавонанд.

— Рӯзи худро бо кадом корҳо оғоз мекунед?

— Бо варзиш… китобхонӣ… фикру андешаҳои эҷод…

— Барои чӣ шумо дар озмунҳои байналхалқӣ, аз ҷумла «Евровидение» номзадии худро намегузоред?

— Сабаб ин дили сард доштани ман ба чунин барномаҳои ҷаҳонӣ аст. Ҳангоме ки ман хурд будам, падарам мекӯшид, ки ман ҳатман дар чорабиниҳои хурду калон иштирок кунам. ӯ фикр мекард, ки гирифтани мақоми аввал барои сароянда он қадар муҳим нест. Муҳим он аст, ки тамошобинон аз ҳунари ту огоҳ шаванд ва дар бораи ту андеша меронанд. Ростӣ, бо он қадар омодагие, ки ман барои иштирок дар озмунҳо медидам, чанд албом сабт намудан мумкин буд. Дар ҷараёни озмунҳо ман дарк мекардам, ки байни ҳакамон қуввае амал мекунад ва албатта, онҳо нафареро, ки дар ҳақиқат мақоми сазовор дорад, интихоб наменамуданд. Имрӯз низ дар озмунҳо ба хотири чизе ё касе ғолибро муайян мекунанд. Аз ин лиҳоз аз иштирок дар чорабиниҳои калон дурӣ меҷӯям.

Юсуф, барои чӣ дар сайтҳои интернетӣ дар мавзӯъи оилаи шумо кам мавод ирсол шудааст?

— Интернет барои ҳамаи миллатҳост, яъне дастрасӣ бо он барои касе душворие надорад. Вале зиндагии шахсӣ бояд фақат барои худи ҳамон инсон бошад ва набояд каси бегона вориди он шавад. Ман дӯст намедорам, ки дар шабакаи Интернет дар атрофи хонаводаам мақолаю ҳангомаҳои дурӯғ пахш шаванд.

Яъне шумо алҳол ба мо дар бораи ҳаёти пасипардагиатон чизе гуфтан намехоҳед

— Ҳаргиз! Аз ҷумла дар мавзӯъҳои ошиқона низ!

Хуб, риштаи суханро ҷониби дигар тоб медиҳем. Китоб мехонед?

— Ҳангоме ки худро танҳову маҳзун эҳсос мекунам. Боз агар ман гӯям, ки баъзан ба китобхонаҳо рафта, асарҳои даркориамро меҷӯям, шумо шояд бовар накунед. Ҳамзамон яке аз орзуҳои ман ин сохтани китобхонаи шахсӣ аст.

— Шумо байни духтару писар чӣ тафовут мегузоред?

— Дар кӯдакиам шунида будам, ки писар доштан барои мардон нишони ифтихор аст. Аслан ман ба ин чизҳо зиёд аҳамият намедиҳам. Писар ё духтар – ҳамаш хости Худост. Барои ба дунё омадани ин ё он ҷинс на зан гунаҳкор аст на мард.

— Муҳофиз доред?

— Бале дорам!

— Чанд нафаранд?

— Ҳимоятгари ман дар ду дунё яккаву ягона  Офаридгори бузург аст.

— Посухи беҳтарин! Бо кадом мошин мегардед?

— Бо мошини варзишӣ гаштанро дӯст медорам.

— Шиори шумо…

— Сирри шахси бегонаро пинҳон доштан.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: