• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ЧАРО СЎҲРОБИ МАҲМУД АЗ САҲНА ДУР ШУД?

Сухроби Махмуд

Сухроби Махмуд

Ҳоло ҳам дар Тоҷикистон шоу-бизнес суст аст, яъне ба дараҷаи лозима тараққӣ накардааст. Бовар кунед, маблағе, ки аз маъракаҳои мардум ба даст меоварем, танҳо ба таъмини оила мерасаду масрафи сабти суруди нав мегардаду халос. Мо наметавонем дар ин ҷода талаботҳои худро пурра қонеъ гардонем.

— Сӯҳроб, ҳангоме ки ба саҳна мебароед, бо чӣ гуна эҳсосот рӯбарӯ мешавед?

— Ҳар як санъаткор, новобаста аз он ки аллакай чанд сол овозхонӣ мекунад, дар саҳна ботинашро ваҳму ҳаяҷон пахш месозад. Вай изтироб мекашад, ки ӯро мухлисонаш бо кадом рӯҳия пешвоз мегиранд. Гумон мекунам, ки фарогир шудани чунин эҳсосот барои ҳунарманд муқаррарист, зеро агар инсон ба саҳнаи калон барояду нисбати чанд ҳазор нафар тамошобин бепарво бошад, баромадаш таассурот намебахшад.

Медонед, баъзан духтарони мо ба сарояндаҳо ошиқи зор мешаванду аз нодонӣ ҳар амали ноҷо содир мекунанд. Нигоҳи шумо ба ин падида чӣ гуна аст?

— Мухлисон чанд хел мешаванд: мухлиси садову ҳунар ва мухлиси чеҳра. Нафароне, ки дилбохтаи санъатанд, танҳо мафтуни истеъдоди сароянда мегарданду халос. Онҳое, ки ошиқи худи ҳунарманд мешаванд, ба санъати сароянда кордор нестанд, чунки мақсадашон танҳо висоли ӯст.

— Мухлисони шумо ба кадом гурӯҳ тааллуқ доранд?

— Баъзан бонуе ба саҳна баромада бароям дастагуле тақдим мекунад, ки аз ин ба ростӣ хушам меояд, чунки аз истиқболу таваҷҷӯҳи онҳо сароянда рӯҳбаланд мегардад.

Аҳамият додед, ки бештари духтарони мо бахусус ба ҳунармандони хориҷие, ки вориди Тоҷикистон мегарданд, муносибати наздик меҷӯянд?

— Бале, бахусус сарояндаҳои форсизабоне, ки барои намоиши барномаи ҳунарӣ даъват мешаванд, ба ҳамлаи духтарони тоҷик рӯбарӯ мегарданд. Бӯсобӯсӣ, аксгириҳои бемаврид ва худро ба оғӯши сароянда андохтан амали барои духтарони мо зебандаю раво нест. Ҳамон сарояндаи хориҷӣ низ мисли дигарон инсони хокист, офаридаи Худованд аст ва мисли мо санъат дорад. Аз нигоҳи ман пайванди мухлису ҳунарманд бояд танҳо санъат бошаду халос!

Сӯҳроб, ба назар чунин менамояд, ки имрӯзҳо аз саҳна дур ҳастед

— Ҳунармандонро ба консерт коргардони барнома таклиф менамояд, яъне иштироки ҳунарманд ба хоҳиши масъулин вобаста аст. Ҳамзамон бо сабаби он, ки аз ҷониби созмондиҳандагони консерт ҳаққи хизмати сароянда ваъда дода намешавад, иштирок карданро рад мекунам. Худ тасаввур кунед, ки вақте мо сароянда шуда рӯйи саҳнаи калон мебароему баъдан тавассути телевизион барномаро пахш мекунанд, табиист, ки барои сурудхонӣ омодагии ҳамаҷониба бояд гирифт. Ҳангоме ки масъулин гонорари сарояндаро намедиҳанд, ӯ чӣ гуна метавонад барои худ сарулибоси саҳнавӣ интихоб кунад?!

Яъне сабаби камнамо будананатон дар чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамин аст?

— Шояд… Лекин бояд илова кунам, ки агар дар консертҳои давлатӣ маро даъват кунанд, ҳатман рафта иштирок мекунам, аммо намехоҳам, дар барномаҳое бошам, ки созмондиҳандагон танҳо ба манфиати худ кор мекунанд.

— Агар аз имконияти сароянда шудан маҳрум мебудед, кадом касбро интихоб менамудед?

— Шояд ҳуқуқшинос мешудам…

Аз нозукиҳои ин соҳа бохабар ҳастед?

— Не, хабар надорам, лекин агар ба гуфти шумо аз имкониятҳои овозхонӣ маҳрум мебудам, маҷбур будам, ки ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шавам. Вале…

— Вале чӣ?

— Медонед, падарам фақат орзу мекарданд, ки ман ҳуқуқшинос шавам. Аммо аслан шавқам ба санъат бештар буд. Чун тағои калониам Мирзоҳаёт аз нияти падараму хоҳиши дили ман бохабар шуданд, падарамро розӣ кунониданд, ки барои интихоби касбам монеъ нашаванд ва ҳамин тавр имрӯз дар ҷодаи санъат қадам мезанам.

Мегӯянд, ки овозхонӣ воситаи сарватмандшавӣ аст, зеро гӯё сарояндагони мо дар тӯйҳо то се ҳазор доллари амрикоӣ ҳаққи хизмат мегиранд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

— Ҳоло ҳам дар Тоҷикистон шоу-бизнес суст аст, яъне ба дараҷаи лозима тараққӣ накардааст. Бовар кунед, маблағе, ки аз маъракаҳои мардум ба даст меоварем, танҳо ба таъмини оила мерасаду масрафи сабти суруди нав мегардаду халос. Мо наметавонем дар ин ҷода талаботҳои худро пурра қонеъ гардонем.

Ҳунармандони мо баъзан ба сарояндагони хориҷӣ тақлид карда, аз ӯҳдаи тақлид намебароянд. Назари шумо ба тақлид чӣ гуна аст?

— Ба андешаи ман аз санъати Ғарб ба Шарқ ҳанӯз бисёр чизҳо наомадааст ва агар омада бошад ҳам, мардуми мо дарк накардаанд, зеро тақлиди овозхонони тоҷик ба Майкл Ҷексон ё Андӣ хандаовар менамояд. Дар аввал тақлид хуб аст, лекин баъдтар сароянда бояд соҳиби сабки хеш бошад. Каме аз мактаби ин ё он сарояндаи хориҷӣ омӯхтан бар нафъи сароянда аст.

— Бонувони сароянда зиёд матни мардона мехонанд. Андешаи шумо чист дар ин маврид?

— Охир агар худи ҳамон сароянда ба маънои сухани хеш сарфаҳм наравад, чӣ кор мекунед?

Инчунин, аҳамият дода бошед агар, мардон номи духтаронро ба забон оварду суруд мехонанду бонувон бошад боре ҳам Далер ё Сӯҳроб гуфта ситоиш намекунанд

— Медонед, Худованд аввал мардро офаридаасту пасон занро. Яъне мард  бояд дар аввал ситоишгари бонуи хеш бошад.

— Саломат бошед, Сӯҳроб!

— Хуб, аз редаксияи шумо хоҳишмандам, ки ба мусоҳибаи мазкур сарлавҳаи ҳангомаҷӯёна нагузоранд, то ба иззати нафси касе нарасад.

— Албатта ба инобат мегирем.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s