• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АМИША ПАТЕЛ ЧИЗЕРО АЗ МУХЛИСОН ПИНҲОН НАМЕДОРАМ

Амиша Пател

Амиша Пател

Амиша дар ҷануби шаҳри Мумбай таваллуд шуда, пасон барои идомаи таҳсил ба Бостон омадааст. Донишгоҳи иқтисодиро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯ бо дипломи сурх ба итмом расонидааст. Баъдан ба Ҳиндустон баргашта дар ширкати бо пул сарукордошта фаъолият намуда, ҳамзамон ба сифати модел фаъолият мебурд.

Барои ба олами синамо омадани Амиша Ракеш Рошан сабаб шудааст. Ў ҳангоми тановули хӯроки нисфирӯзӣ бо оилаи Пателҳо бонуи хонадонро барои нақшофарӣ таклиф намудааст. Аз ҳамин лаҳза сар карда дар дили кӯчаки Амиша орзуи ҳунарманд шудан тавлид ёфт ва ӯро дар олам машҳур намуд. Тавассути омӯзиш ва меҳнати шабонарӯзӣ Амиша дар маркази диққати коргардонҳо қарор гирифта, дар бисёр филмҳо нақшҳои марказиро меофарид. То имрӯз ин ситораи синамо зиёда аз 30 нақши хурду калон офарида, ихлоси ҳаводорони кинофилмҳои ҳиндиро ба даст овардааст.

Ҳангоме ки Амиша панҷсола буд, ӯро ба дарси рақс роҳнамун сохтанд. Истеъдоди нотакрор буд ва барои ҳамин диққати ҳамагонро ҷалб менамуд. Аввалин филме, ки Амиша дар он нақш офарид, соли 2000 рӯйи навор омад. Охирин нақшашро ӯ дар соли 2009 бозидааст.

Сӯҳбати сарироҳӣ

— Амиша, ба саволҳои журналистон дар бораи ҳаёти шахсии худ чӣ гуна муносибат мекунед?

—  Ман ягон бор кӯшиш накардаам, ки чизеро аз дигарон пинҳон созам. Барои васоити ахбори омма ман ҳамчун китоби кушода ҳастам ва то абад ҳамин тавр мемонам. Ҳарчанд ки бисёр шахсиятҳои шинохта мекӯшанд, ки зиндагии шахсиашон аз назари мухлисонашон паси парда бошад, ман бо камоли шодӣ ба ҳама саволҳо посух медиҳам.

Дар нишастҳои матбуотӣ мусоҳиба доданро хеле дӯст медорам. Аз нигоҳи ман, журналистон натанҳо хоҳони дарёфти ҷонибҳои манфии ситораҳо ҳастанд, балки мекӯшанд дар табиати мо хислатҳои мусбатро низ кашф намоянд. Шахси ба санъат машғул мебояд дарк кунад, ки зиндагии шахсии ӯ барои ҷамъият бояд кушода бошад. Одамон дар бораи мо бисёртар донистан мехоҳанд ва ба андешаи ман, ин ягон ҷиҳати бад надорад.

— Шумо барои нигоҳдории намуди зоҳириатон аз кадом воситаҳо истифода мебаред?

— Таровати зоҳирии мо авлодист. Бибии ман имрӯз 87-сола аст, лекин ба монанди занҳои 55-сола метобад. Албатта, ман нисбат ба пӯсти худ ғамхорӣ зоҳир мекунам. Инчунин пӯшидани либосҳоеро, ки тарроҳони машҳур омода намудаанд, хеле дӯст медорам.

— Асоси зиндагии шуморо чӣ ташкил медиҳад?

— Кор, кор ва боз ҳам кор!

— Шумо аз он фахр доред, ки бобоятон замоне сиёсатмадори машҳур буд?

— Албатта, лекин инро ба ҳама ошкор намекунам, зеро мехоҳам бо номи худам машҳур шавам.

— Китобҳои рӯйимизии шумо кадомҳоянд?

— Дар рӯйи мизам бисёр китобҳо мехобанд. Вале он асарҳое, ки такрор ба такрор мехонаму дилгир намешавам, мелодрамаҳо мебошанд.

— Пӯшидани кадом намуди либосҳоро дӯст медоред?

— Ба пӯшидани шиму костюм одат накардаам. Либосҳое, ки аз матои ҷинс омода шудаанд, писандам аст.

-Аз муҳити эҷод дилгир нашудаед? Агар дубора таваллуд мешудед, кадом касбро интихоб менамудед?

— Ба фикрам, Худованд маро ҳанӯз ҳангоми дар батни модар буданам мӯҳри ҳунармандӣ задааст ва агар сеюмбора ҳам ба дунё меомадам, боз аз пайи ҳамин касб мерафтам. Ман ҳаргиз аз ин касб дил канда наметавонам. Чунки дар дилам бисёр нақшаҳои ҷолиб тарҳрезӣ шудаанд. Ман мехоҳам, ки орзуҳоямро дар амал татбиқ созам ва пешкаши дӯстдорони санъати кинову театр гардонам.

— Барои нигоҳдории таровати рӯй чӣ гуна ниқобҳоро истифода мебаред? Шояд ба хонандагони мо маслиҳат медиҳед…

— Бовар кунед, ягон намуди ниқобҳои полизиро истифода намебарам. Чунки рӯям тоза аст. Гумон намекунам, ки пӯстам ба истифодаи ҳар гуна воситаҳои зебоӣ ниёз дорад. Ҳангоми ба саҳна баромадан аз маҳсулотҳои ороишии Мarry Care истифода мебарам.

— Аз кадом шампун истифода мебаред?

— Аз шампунҳои гуногун. Бисёриҳо мегӯянд, ки агар одам аз шампунҳои гуногун истифода барад, мӯи сараш мерезад. Лекин ман аҳамият додам, ки агар шампун ба мӯй мувофиқ ояд, баръакс мӯй инкишоф меёбад. Ин вобаста аз организми инсон аст.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s