• Статистика

  • Blog Stats

    • 607 478 hits
  • Flag Counter

КАРИНА ВА ШАҲИД ХОНАДОР МЕШАВАНД

Шахид ва Карина

Шахид ва Карина

Мо тасодуфан рӯбарӯ шудем ва ин ишқ аз нигоҳи аввал буд. Гумон мекунам, ки ҳамон замон ӯ интизори дигар кас буду ман шоҳзодаи хаёлиамро меҷустам. Аввал шуда ман ба дили ӯ наздикӣ ҷустам, зеро зуд ошиқаш шудам. Бо зангҳои телефониам ҳар рӯз Шаҳидро безор мекардам. Иқрор мешавам, ки агар ман дар ин бобат фаъол намешудам, мо имрӯз якҷоя набудем.

Мусоҳиба бо Карина Капур

— Бо Ритик Рошан ҳамкории зич доред, бобати ин шахсият чӣ ақида доред?

— Ману Ритик дар чор филм ҳамроҳ нақш бозидем. Ў ҳамаи нақшҳоро боварибахш иҷро мекунад. Ба образҳои гуногун даромада талаботи коргардонро қонеъ месозад. Муносибати хуби Ритикро бо одамон хеле қадр мекунам. Бо мардуми оддӣ чунон сӯҳбат мекунад, ки ҳатто дарк намекунед, ки ӯ ситораи синамо аст. Барои нисбати кор самимӣ буданаш низ Ритикро ҳурмат мекунам.

— Ба дину мавҷудияти фариштаҳо бовар доред?

— Ман комилан боимонам. Бовар дорам, ки Худованд ҳаст ва ҳамеша моро назорат мекунад. Фариштаҳо низ дар олами ноаён ба монанди одамони рӯйи замин зиндагӣ мекунанд.

— Худро инсони ҳамаҷиҳата хушбахт мешуморед?

— Хушбахтии одамизод ҳам вақту соат дорад. Рӯзҳое ҳастанд, ки ман сахт хурсандам ва лаҳзаҳое ҳастанд, ки намедонам ғуссаи диламро бо чӣ бартараф созам. Ҳама ҷӯёи хушбахтианд. Инсони ҳаматарафа хушбахт дар сайёра нест. Ҳар нафаре, ки худро хушбахти комил мешуморад, дурӯғ мегӯяд.

— Чӣ садди роҳи хушбахтии шумо мегардад?

— Медонед, ман инсони эҳсосӣ ҳастам. Маро ҳар кас ё ҳар чиз ба таври худ осон маҳзун карда метавонад. Гоҳ-гоҳ худам низ ба имкониятҳое, ки барои гиря кардан мусоидат мекунанд, мӯҳтоҷ мешавам.

— Ба замми гирёнчак буданатон баъзан шуморо духтари гапногир ҳам мегӯянд…

— Рост мегӯянд… (механдад) Кори аз ҳама аблаҳонаро ман ҳанӯз ҳангоми мактабхониам карда будам. Дари кабинети директори мактабро кушода варақаи имтиҳонотро дуздидам. Дар бораи чӣ гуна бе калид кушодани қулф дар синфи нӯҳумиам шунида будам.

— Дар бораи чӣ шӯхӣ карданро дӯст намедоред?

— Дар бораи Худо ва одамонеро, ки бобати ин мавзӯъ шӯхиву масхара мекунанд, тоқати дидан надорам.

— Аз кадом рафтори хеш сахт пушаймон шудаед?

— Шояд пушаймони сахт нашуда бошам, лекин баъзан афсӯс мехӯрам, ки маслиҳатҳои судманди модарамро гӯш накардам, зеро бисёр вақт тахмини ӯ дуруст мебаромаду ман аз кардаи худ ҳайрон мемондам.

— Ҳама медонистанд, ки бо Шаҳид Капур муносибати ошиқона доред. Дар бораи ӯ чӣ гуфта метавонед?

— Шаҳид инсони олист! ӯ хислатҳое дорад, ки ба бобоям монанд аст. Бигзор ӯ комил нест ва камбудиҳои худро дорад, лекин ман марди орзуҳои худамро ёфтам. Бе ӯ ҳаргиз муҳаббати ҳақиқиро дарк намекардам.

— Вохӯрии аввалини худро дар ёд доред?

— Мо тасодуфан рӯбарӯ шудем ва ин ишқ аз нигоҳи аввал буд. Гумон мекунам, ки ҳамон замон ӯ интизори дигар кас буду ман шоҳзодаи хаёлиамро меҷустам. Аввал шуда ман ба дили ӯ наздикӣ ҷустам, зеро зуд ошиқаш шудам. Бо зангҳои телефониам ҳар рӯз Шаҳидро безор мекардам. Иқрор мешавам, ки агар ман дар ин бобат фаъол намешудам, мо имрӯз якҷоя набудем. Имрӯз ӯро аз ман на шӯҳрати зиёд, на пул ё муваффақият ҷудо карда наметавонад.

— Яъне пушаймон нестед, ки ӯро вохӯрдед?

— Не, Шаҳид ҳаёти оддӣ ба сар бурданро ба ман омӯхт. ӯ метавонад маро дар ҳама ҳолат ором созад. Боҳурматӣ ва меҳнатдӯстиаш маро ба ӯ ҷалб намуд.

— Шаҳид низ мухлисони зиёд дорад. Аз ин рашк намекунед?

— Ман бисёр духтаронеро медонам, ки дар оташи ишқи Шаҳид бирёнанд, лекин ба садоқати ӯ бовар дорам ва мехоҳам, ки муносибатамон абадӣ монад.

— Пас чаро зуд тӯй намекунед?

— Медонам, ки қадами навбатӣ никоҳ аст. Лекин мо барои оиладоршавӣ омода нестем. Айни замон дар маркази диққати мо кор қарор дорад. Бигзор Шаҳид аввал дар 15-20 филм нақш офарад. Ҳозир барои ӯ синамо дар мадди аввал аст ва ман муқобили ин нестам. Шаҳид низ медонад, ки санъат маънои зиндагии ман аст.

— Мехоҳед фарзанддор шавед?

— Албатта! Лекин кӯдакони беникоҳро намехоҳам. Барои ҳама чиз аз ҷониби Худо вақту соат муайян шудааст.

— Хуб, Карина, дар вақтҳои холӣ ба чӣ кор машғул мешавед?

— Дар рӯйи бистарам дароз кашида, дар бораи ҳаёт ва муҳаббат фикр мекунам. Бо дӯстонам ба кино меравам. Ё бо хоҳарам овозаҳоро муҳокима мекунем.

— Ба матолибе, ки ВАО дар бораи шумо менависад, чӣ гуна менигаред?

— Расонаҳо ҳар чизе, ки мехоҳанд, дар бораам менависанд. Лекин наздиконам мегӯянд, ки ҳатто аз сафсатаҳои ВАО ҳам бояд хурсандӣ кунам, зеро агар дар бораам нанависанд, маънои онро дорад, ки ҳунари ман таваҷҷӯҳпазир нест.

Мусоҳиба бо Шаҳид Капур

— Шаҳид, ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар доред?

— Не, бовар надорам. Муҳаббат ҳиссиёти чуқур аст ва бо як нигоҳ онро эҳсос намудан ғайриимкон мебошад. Ишқ бо мурури замон инкишоф меёбад.

—  Мегӯянд, ки шумо аз истеъмоли гӯшт даст кашидаед…

— Бале, ман аз хӯрдани гӯшти ҳайвонот худдорӣ мекунам. Карина низ ин хислати маро омӯхтааст ва гӯштхӯриро кам кардааст.

— Кадом лаҳзаҳои филмҳоятонро беҳтарин мешуморед?

— Лаҳзаҳое, ки бо Карина Капур ҳамроҳ ҳастем.

— Ба кадом шаҳрҳо сафар карданро дӯст медоред?

— Гоа, Лондон, Дубай…

— Ҳунари кадом актёр ба шумо илҳом мебахшад?

— Фаъолияти Амир Хон… Умедворам рӯзе фаро мерасад, ки ман ними роҳи ӯро тай мекунам. Амир яке аз ҳунармандони беҳтарини Ҳиндустон аст!

— Ба назар чунин мерасад, ки нақшҳои ҳаҷвиро хуб иҷро мекунед…

— Ман ҳама гуна нақшҳоро дӯст медорам. Ҳар образ дар дил як ҳиссиёти махсусро бедор мекунад.

— Чиро дар Карина меписандед?

— Муомилаашро бо одамон. Ғамхорӣ, ростқавлии ӯ маро бетараф гузошта наметавонад. Бовар дорам, ки рӯзҳои наздик оиладор мешавем.

— Чиро аз ӯ омӯхтед?

— Карина маро ба он одат кунонид, ки дар зиндагӣ дилкушод бошам ва зиёд фикр накунам, ки пагоҳ чӣ мешаваду намешавад.

— Сирҳои худро аз ҳамдигар пӯшида нигоҳ медоред?

— Баръакс, мо мекӯшем, ки барои ҳамдигар кушода бошем. Мо ҷавон ва хушбахтем.

— Чӣ роҳнамои зиндагии шумост?

— Муҳаббат тамоми корҳои эҷодӣ ва ҳаёти шахсии маро идора мекунад.

— Киро бароятон азизтарин ҳисоб мекунед?

— Ҳамсафари ояндаи ҳаётӣ ва мураббии шахсии ман Каринаро. Вале боз нафароне ҳастанд, ки бе мададу ғамхории онҳо шояд қадаме ба пеш гузошта натавонам. Инҳо модарам, бародари хурдиам, дӯсти даврони бачагиам Вишол аз Деҳлӣ ва Шрирам, Роҳит ва Салман ҳастанд, ки дар ҳолати бӯҳрони молиявӣ маро дастгирӣ мекунанд.

— Худро ситора меҳисобед?

— Бовар кунед, ман танҳо инсони оддиву заминӣ ҳастаму халос!

— Аҳамият додед, ки ҳунари шуморо дар хориҷа чӣ хел қадр менамоянд?

— Муаррифии филмҳои ман дар Британияи Кабир, Амрико, Африқои Ҷанубӣ ва Малайзия баргузор гардида буданд. Ман аз он рӯзҳо басо хотираҳои хуш дорам.

— Бе кадом чизҳо ба сафар намебароед?

— Куртаи сафед, шими ҷинси кабуд, пойафзол ва атр.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Оставьте комментарий