• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ПРОДЮСЕРИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД СИРҲОИ ЎРО ФОШ МЕСОЗАД

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Медонед, Фарзона ба ҷавониаш нигоҳ накарда хеле заҳмати зиёд мекашад. Ҳунари асил аз назар пинҳон намемонад. ӯро аз ҷониби ширкатҳо ба бисёр барномаҳои хориҷӣ даъват мекунанд ва шартнома мебанданд. Ҳар он чизе, ки Фарзона ба даст меорад, боз масрафи ҳунараш мегардад. Продюсери Фарзонаи Хуршед ҷаноби Диловари Мизроб дар мусоҳиба бо хабарнигори «Дилкушо» ба суолҳо ошкоро ҷавоб дод.

— Мегӯянд, ки Фарзона ҳамеша аз фонограмма истифода мебарад. Оё рост аст?

— Албатта, ман инкор намекунам. Вале бояд гӯям, ки мо қариб дар ҳамаи консертҳо аз ҷиҳати таҷҳизоти мусиқӣ камбудӣ дорем. Дар сабтҳои телевизонӣ бошад, истифодаи фонограмма ҳатмист.

— Фарзона ба сафарҳои ҳунарӣ зиёд меравад ва зуд-зуд таронаҳои тоза сабт мекунад, ки маблағи калон металабанд. Оё ӯ сарпараст дорад?

— Медонед, Фарзона ба ҷавониаш нигоҳ накарда хеле заҳмати зиёд мекашад. Ҳунари асил аз назар пинҳон намемонад. ӯро аз ҷониби ширкатҳо ба бисёр барномаҳои хориҷӣ даъват мекунанд ва шартнома мебанданд. Ҳар он чизе, ки Фарзона ба даст меорад, боз масрафи ҳунараш мегардад.

— Алҳол кадом ширкатҳо бо Фарзонаи Хуршед шартнома бастаанд?

— Дар аввал мо бо ширкати «Шафиқулло-Интертейнмэнт», ки иштироки Фарзонаро дар консерти Лондон ба зимма гирифта буд, шартнома баста будем. Аммо ба сабаби пардохт нагардидани маблағи роҳ сафар амалӣ нагардид. Айни замон мо бо «Даф-Интертейнмэнт» робита дорем.

— Боре шунида будам, ки Фарзона Тоҷикистонро тарк карданист, зеро дар Ватан имкони баромади озодонаро ба ӯ намедиҳанд …

— Не, ин овозаҳо ягон ҷанбаи ҳақиқӣ надоранд. Ҳамааш бофтаи хаёли ҳангомаҷӯён аст.

— Боре гуфта будед, ки Муин Фарзонаро духтархонд эълон кард. Барои чӣ маҳз Фарзонаро?

— Барои он ки Муин дар Тоҷикистон ҳамкориашро бо Фарзона оғоз намуд ва то имрӯз ҳам онҳо бо ҳамдигар муносибати телефониву интернетӣ анҷом медиҳанд. Гуфтан метавон, ки Муин ҳунару истеъдоди Фарзонаро эътироф мекунад.

— Фарзона аз моли дигарон истифода мебарад. Оё дар байни сарояндагон ҳуқуқи муаллифӣ нест?

— Фарзона сурудҳои он овозхонҳоеро сароидааст, ки бо онҳо муносибати дӯстиву ҳамкорӣ дорад. Дар яке аз вохӯриҳо бародарон Комрону Ҳумон гуфтанд, ки таронаи «Агар туро дӯстат дорам хеле зиёд» дар иҷрои Фарзона тобиши дигар гирифтааст.

— Фарзона бо як наврас дуэт сароидааст ва ин тарона қариб дар ҳама телефонҳо ба ҷои занг садо медиҳад, яъне машҳур гардидааст. Оё ин ҳамкорӣ идома меёбад?

— Он сарояндаи наврас ҳамагӣ дувоздаҳ сол дорад. Агар хабар дошта бошед, дар эстрада жанрҳои «попса», яъне мусиқии популярӣ ва рэп ҳастанд. Фарзона «попса» мехонаду наврас рэп. Агар идеяҳои нав бошанд, албатта, онҳо боз якҷоя баромад мекунанд.

— Суруди нав дар нақша доред?

— Албатта, вале он ҳоло махфист. Суруд бояд дар Олмон сабт гардад.

— Фарзона оиладор шуданӣ нест?

— Алҳол Фарзона чунин нақша надорад, чун хеле ҷавон аст.

—  Мошини дӯстдоштаи Фарзона кадом аст?

— ӯ мошини варзишии тамғаи «Феррари»-ро меписандад ва ҳамзамон мошинрониро хеле дӯст медорад.

— Гули дӯстдоштааш…

— Садбарги сафед.

Сураё Қосимова:

— Чанд сол пеш Фарзонаро дар расонаҳои хабарӣ мавриди танқид қарор доданд. Шумо ҳамчун модар фарзанди худро чӣ гуна дифоъ намудед?

— Он журналисте, ки нисбат ба Фарзона мақолаи танқидӣ навишт, хеле ҷавон буд. Пеш аз он ки мақоларо дар ҳафтанома чоп кунад, бояд фикри худи Фарзона ё маро мепурсид, бо мо ҳамсӯҳбат мешуд. Ман ба танқидҳои ӯ ҷавоб додам. Вақте ба ӯ савол додам, ки чандсола аст,  ӯ бо дағалӣ ҷавоб гардонид, ки «ба шумо чӣ фарқ дорад?».

Ман гуфтам, ки ту бояд дар муомила бо дигарон дар доираи одоб сухан гӯӣ. Шояд чунин муносибат аз ғурури ҷавонӣ аст, ки гоҳо дунёро фаромӯш мекунӣ. Фарзона ба рақс таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва ба гумонам касе ҳангоми баромад беҳаракат истода суруд намесарояд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s