• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Саъдии БЎРИЗОД АНДОЗРО АЗ РЎИ ИНСОФ КУНЕД

Саъдии Буризод

Саъдии Буризод

Саъдии Бӯризод яке аз ҳунармандони варзидаи эстрадаи тоҷик аст. Ҳангоме ки ба оҳангу сурудҳои марғуби ӯ гӯш медиҳед, хаёлатон ба дуриҳои дур ё кишвари афсонаҳо парвоз мекунад, чунки эҷодиёти ӯ саропо иборат аз лутфу суханҳои беҳтарини дунёст. Фаромӯш набояд кард, ки Саъдӣ дар интихоби сурудҳояш табъи баланд дорад. Мо тасмим гирифтем, ки дар шумораи навбатии маҷалла бо ин марди ҳунар сӯҳбате ороем.

— Саъдӣ, дар куҷоҳо фаъолият доред?

— Айни замон ман дар ансамбли «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият мебарам.

— «Ориё» ансамбли ҷавон асту қариб ду сол аст, ки арзи ҳастӣ дорад. Дар ин муддат ягон пешравӣ дида мешавад?

— Албатта, ҳайати ансамбли моро бештар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамаи мо барои такмил додани ҳунари худ ва хизмати мардум мекӯшем. Тағйироте, ки дар мавҷудияти даста ба вуҷуд омад, ин аст, ки пештар роҳбари даста Зикруллоҳ Ҳакимов буд, ҳозир бошад ба ҷойи ӯ Баҳодур Неъматов роҳбар гаштааст.

— Дар мавриди андоз насупоридани сарояндаҳо сару садоҳои муқобил зиёданд. Бештари овозхонон мегӯянд, ки давлат ба мо имтиёз намедиҳад, пас барои чӣ андоз супорем? Фикри шумо дар ин маврид чист?

— Медонед, ман низ ҳамин андешаро дастгирӣ мекунам. Рост мегӯянд, ки давлат ба ҳунармандон имтиёз намедиҳад, дар сабти оҳангу суруд дастгирӣ намекунад. Барои ҳамин овозхонон дар пардохти андоз саркашӣ мекунанд.

— Шумо андоз месупоред?

— Бале, ман дар ҳаҷми 180 сомонӣ андоз месупорам. Лекин худ тасаввур намоед, ки мо дар ансамблҳои давлатӣ фаъолият мебарем, дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ширкат меварзем ва боз намедонам, ки аз рӯйи кадом меъёрҳо андоз месупорем. Бо насупоридани андоз сарояндагонро муттаҳам намуда ба додгоҳ мебаранд. Дар додгоҳ ба ягон саволи ту ҷавоб додан намехоҳанд. Мегӯянд, ки ин қарори «боло» аст, хоҳед-нахоҳед бояд иҷро кунед. Намедонем, ки дар боло кӣ истодааст.

— Барои чӣ сарояндагон ба сарвари давлат муроҷиат намекунанд?

— Ба ростӣ, Президент дар баромадҳояш мегӯяд, ки эътироз дошта бошед, муроҷиат кунед. Лекин маълум нест, ки ба воситаи кӣ бояд муроҷиат кард. Дар суд касе ба ту ҷавоби дақиқ додан намехоҳад.

Намояндагони мақомоти дахлдор мегӯянд, ки сарояндагон ба як тӯй бо 2-3 ҳазор доллар мераванд, барои ҳамин андозсупории онҳо ҳатмист

— Барои чӣ дигарон кордор мешаванд, ки мо чанд сӯм кор мекунему ба чанд доллар ба тӯйҳо меравем? Охир ба шахси бизнесмен намегӯянд, ки ту фалон қадар даромад дорӣ, бояд ин қадар андоз супорӣ. Маблағи мегирифтагии мо ба худамон намемонад, зеро боз сарфи сабти суруд мешавад. Бигзор масъулин нархи гарони студияҳои сабтӣ ва хароҷоти матну оҳанг, клипсабткуниро ба инобат гирифта сухан гӯянд.

— Назари шумо ба санъати рэп чӣ гуна аст? Оё рэпи тоҷикӣ вуҷуд дорад?

— Санъати рэпу рок аз Аврупо расидааст ва барои мардуми мо бегона аст. Санъати миллии тоҷикӣ аз он болотар меистад. Лекин агар касе ба ин намуди санъат таваҷҷӯҳ кунад, мо муқобил нестем.

— Ба фикри шумо оё зарур аст, ки ҳунармандон бо забони эронӣ суруд хонанд?

— На танҳо бо лаҳҷаи эронӣ, балки бигзор бо англисиву немисӣ ё дигар забонҳои мамолики дунё суруд хонанд. Чунин тарзи фаъолият ба манфиати худи сароянда хоҳад буд.

Шумо ба ягон гӯшаи дунё сафари ҳунарӣ доштед?

— Ман ба Дубай рафта будам ва соли равон низ ният дорам, ки ба хориҷа равам.

— Ягон кас ба шумо гуфта буд, ки барояш идеал ҳастед?

— Албатта, ин суханро аз мухлисонам бисёр мешунавам.

Аз ягон мухлисатон тӯҳфаи қимматбаҳо гирифтаед?

— Телефони дастӣ гирифтаам, ки бароям мавриди истифода қарор гирифтааст.

— Хуб, агар санъаткор шудан насибатон намегардид, кадом касбро интихоб менамудед?

— Касби аввали ман ин рассомӣ аст. Шояд агар сароянда намешудам, аз пайи рассомӣ мерафтам…

— Ҳозир ба рассомӣ машғул мешавед?

— Не, ҳозир худамро танҳо ба санъат бахшидаам.

Агар имконият медоштед, дар кадом гӯшаи дунё зиндагии ояндаро ихтиёр менамудед?

— Дар ҳамон ҷое, ки ҳунармандро қадр мекунанд ва ба қадри санъат мерасанд.

— Китоби охирини хондаатон кадом аст?

— «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ.

— Дар бораи оилаатон донистан мехостем…

— Ман соҳиби оилаи обод ҳастам. Панҷ фарзанд дорам, калониаш дар синни понздаҳсолагӣ қарор дорад.

— Ҳамсаратон коргаранд?

— Не, ҳамсарам хонашин аст. Гумон мекунам, ки тарбияи панҷ фарзанд барояш масъулияти бузургест.

Дар вуҷуди ягон фарзандатон истеъдоди санъаткориро ҳис мекунед?

— Айни замон не, лекин агар ҳунарманд шудан хоҳанд, ман зид нестам. Истеъдодро Худо медиҳад ва ҳамзамон ихтиёр дар дасти бахтиёр аст.

— Шояд дар охир ягон гуфтание доред?

— Ман хоҳиш мекунам, ки ба сарояндагон аз ҷониби давлат ягон имтиёз дода шавад ва пасон мақомоти дахлдор андоз талаб намоянд.

— Саломат бошед, Саъдӣ!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: