• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

СЕВИНЧ, АФШИН ВА ФИРЎЗА АЗ ЖУРНАЛИСТОН МЕГУРЕЗАНД?

Севинч Фируза Афшин

Севинч Фируза Афшин

Пас аз барномаи консертӣ, ки дар Кохи Борбад баргузор гардид, ташкилкунандагони консерт ба журналистон хабар доданд, ки рӯзи 6 декабр, соати 14.00 дар меҳмонхонаи «Истиқлол» нишасти матбуотӣ бо иштироки се ситораи мусиқӣ — Севинчу Афшин ва Фирӯза баргузор мегардад. Рӯзи муқарраршуда ба ҷойи муайяншуда ҳозир шудам, вале яке аз ҳозирон изҳор дошт, ки беҳуда омадам, зеро Севинч ба Хуҷанд парвоз кардаасту Афшину Фирӯза пас аз консерти дирӯза хаста шудаанд ва мадори ба саволҳои журналистон ҷавоб додан надоштаанд. Ин буд, ки барои додани маълумот дар бораи ин се сароянда ба маъхазҳои дигар муроҷиат кардем.

АФШИН

Афшин таассуф мехӯрад, ки ӯ ва садҳо ҳазор эронии муҳоҷир наметавонанд Наврӯзро дар Эрон бо рақсу сурур таҷлил намоянд.

— Дар Эрон замоне, ки мо мехондем, мусиқӣ қатаған буд. Ва ёдам ҳаст, борҳо маро гирифта ба боздоштгоҳ бурданд, ба хотири ин ки дар ҷашнвораҳо гитор менавохтам. Беш аз 12 сол аст, ки Эронро тарк кардам, мутаассифона, ҳозир дар ғурбат зиндагӣ мекунам ва бузургтарин орзуям ин аст, ки рӯзе баргардам ба сарзаминам, зеро ҳеҷ ҷои дунё мисли ватан азиз буда наметавонад, — мегӯяд

Афшин.

Гуфтаҳои Афшинро овозхони дигари ҷавон Нимо тасдиқ мекунад. Нимо мегӯяд, ки меҳру муҳаббат ба мусиқиву ҳунар ӯро ҳам ба тарки ватан маҷбур кардааст:

— Ҳанӯз ҳам маҳдудият ҳаст, вале ҷавонон метавонанд мусиқии муосир, мусиқии поп, ба истилоҳ «алтернатив мюзик» иҷро кунанд. Мо дар таҳхонаҳои дӯстонамон ҷамъ мешудем. Ҳамон ҷо даври ҳам бо кейборду гитору ҳар созе, ки доштем, оҳангҳоямонро рӯи кассета, рӯи навор сабт мекардем ва он даст ба даст мегашт ва дар шаҳр паҳн мешуд.

СЕВИНЧ

Севинч Мӯъминова дар шоу-бизнеси ӯзбек симои нав нест. Ситораи дурахшони Фарғона бо бисту панҷ соли худ аллакай дар саҳнаи мусиқии ӯзбекистон мавқеи устувор ва дар филмҳо нақшҳои бомуваффақият дорад. Ў дар  филмҳои «Цунами», «Танец мужчин», «Бахучун миллион» бо ҳунармандони машҳур нақш офаридааст, ки ин хеле душвор аст.

Вале сарояндаи ҷавон исбот намуд, ки барои офаридани образҳои ҷолиб истеъдод ва самимияти худодод дорад. Мухлисони Севинч дар консертҳо ҳамеша аз сарояндаи дӯстдоштаи худ энергия мегиранд. Ҳатто наворҳоро дида ҳам пайхас намудан мумкин аст, ки чӣ гуна ӯ бо ритму оҳанги интихобкардаю рақсҳояш ба ҳар нафар мехоҳад нерӯ бахшад.

Барои ӯ дар ҳар баромад иртибот бо бинандагон дар ҷойи аввал меистад. Аҷоибаш ин аст, ки ҳарчанд Севинч дар пойтахти Тоҷикистон консерт барпо карда бошад, ҳанӯз ҳам аз баргузор намудани барномаи шахсӣ дар шаҳри Тошканд худдорӣ мекунад.

Дар олами шоу-бизнес аз ғайбату ҳангомаҳо гурехтан душвор аст. Номи Севинч ҳам пайваста дар радифи воқеаҳои мухталиф зикр мегардад. Боре овозаҳо пайдо шуда буданд, ки овозхон дар филми шаҳвонӣ нақш иҷро кардааст. Вале дертар маълум шуд, ки ин овозаҳо ғайри бӯҳтони ҳасудхӯрон чизи бештаре нестанд.

ФИРЎЗА

Яке аз сарояндаҳо, ки дар лаҳзаи кӯтоҳ бо ҳунари волою сабку услуби ҷаззоби худ дили мардуми афғону эронӣ ва тоҷикро ба даст овардааст, Фирӯза Ҳафизова мебошад.

Таронаҳое, ки бо лаҳҷаи эрониву афғонӣ дар иҷрои Фирӯза иҷро гардидаанд, байни мухлисони шеъру суруд шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Ин бонуи ҳунар ҳанӯз аз қадамҳои нахустини худ бо сарояндаи шинохтаи эронӣ Муин риштаҳои ҳамкорӣ бунёд намуд.

Қобилияти баландаш имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ширкатҳое, ки бо шоу-бизнес сарукор доранд, қарор гирифтааст. Ин буд, ки ба наздикӣ дар Кохи Борбад дар қатори ситораҳое мисли Севинчу Афшин, ки аз ӯзбекистону Эрон намояндагӣ менамуданд, ба Фирӯза рӯи саҳна ҷилвагар сохтани ҳунари тоҷиконро бовар карданд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s