• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ФАРЗОНАИ ФАЙЗ ДАР ФИЛМ БОЯД МАНИЖА НАҚШ МЕОФАРИД

Фарзонаи Файз

Фарзонаи Файз

Фарзона дар кинои тоҷик симои навест. Филми аввалини ӯ, ки «Беҳуда хорам мекунӣ» ном дошт, байни тамоми қишрҳои мардум ғулғулае афканд. Ҷомеаро такон додани филм аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Фарзона ва дигар қаҳрамонҳои филм ба хубӣ вазифаи худро ба сомон расониданд. Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Файз дар оилаи фарҳангӣ ба воя расидааст. Айни замон донишҷӯйи бахши дуввуми Донишкадаи санъат аст. Сарояндагӣ низ яке аз пайроҳаҳои интихобнамудаи ӯст.

— Фарзона, гуфтед, ки овозхон низ ҳастед. Табиист, ки садои хуш доред. Аммо чаро дар филм садоятонро дубляж карданд?

— Медонед, ҳангоми бандубасти филм ман ба Маскав бо корҳои шахсии худ рафта будам. Инчунин бо сабаби он, ки филми аввалини ман буд, хостам, ки садои каси дигар дар дубляж истифода шавад. Малоҳат Абдуллоева ҳунарманди таҷрибадор аст ва ӯ аз ӯҳдаи садодиҳӣ  хуб баромад. Дар шӯҳрат ёфтани филм саҳми садодиҳандагон низ арзанда аст.

— Талабшоҳ гуфта буд, ки наворбардорӣ қариб ду сол идома ёфт. Оё дар ин муддат боре ҳам корро тарк намудан нахостед?

— Давоми филмбардорӣ оилаамонро беҳад пазмон шудам. Вале тарки майдони наворбардорӣ рафтори хилофи ваъда аст. Ман имрӯзҳо консертҳои Шабнаму дигар сарояндаҳоро, ки берун аз ватан баргузор шудаанд, тамошо намуда ба онҳо офарин мегӯям, ки муддати дароз вақташонро дар ҷудоӣ мегузаронанд.

— Соли гузашта гуфта буданд, ки Манижа низ дар филм нақш меофарад. Хабар доред?

— Бале, ҳамаи мо медонистем, ки барои Манижа лаҳзаеро интихоб намуда буданд, лекин ӯ бо сабабҳои шахсӣ онро рад кардааст.

— Мегӯянд, ки албоми суруд низ доред. Чаро дар филм худатон суруд нахондед?

— Номи филм аз тарона интихоб гардида буд. Шояд ба ҳамин хотир бошад. Лекин дар бораи ин ҷиддӣ фикр накарда будам. Айни замон Талабшо мегӯяд, ки дар оянда имкони пахши таронаҳоям дар филмҳо вуҷуд дорад.

— Касе бобати нақшофарӣ ба шумо эътироз баён накард?

— Шахсан бо гӯши худам нашунидаам, лекин ба Талабшо гуфтаанд, ки  «Э, дигар Нозанин наёфтӣ?» Вале Талабшо посух додааст, ки ман ҳамин гуна Нозанинро меҷустам.

— Дар бораи нафароне, ки дар филм падару модари шумо буданд, нақл мекардед… Оё онҳо низ ҳунарманди аслианд?

— Волидони дар филмбудаи ман дар зиндагии воқеӣ низ зану шавҳаранд. Онҳо аз рӯйи муҳаббати пок оиладор шуда, то имрӯз дар Кӯлоб ҳаёти хуррамона ба сар мебаранд.

— Лаҳзае, ки дар филм Бону шуморо аз зинапоя тела медиҳад, ягон ҷоятон лат нахӯрд?

— Мо лаҳзаи ҷанги қайсингулу келинро тахминан чор-панҷ маротиба ба навор гирифтем. Ҳар бори аз зинапоя ғелидан аъзои баданам зарб хӯрда сиёҳ мешуд. Баъди ин ҳангоми ҳаракат дасту пойҳоям ба дард медаромад. Вале, шукри Худо, ягон осеби ҷиддӣ надидам.

— Беҳрӯзҷон дар зиндагӣ писари аслии кист?

— Номи волидони аслии Беҳрӯзро дар хотир надорам.

— Аз нигоҳи шумо мақсади асосии филм дар чӣ буд: ҳушдор, ки духтари қишлоқӣ ҳаргиз келини сарватмандон шуда наметавонад ё муҳаббат сарҳад надорад?

— Дар ин ҷо муҳаббати поке, ки ҳамеша ғолиб меояд ва муносибати тоифаи сарватмандон бо камбағалон тасвир шудааст. Ҳар образ баёнгари мушкилоте ҳаст, ки дар хонаводаҳои тоҷик ба назар мерасад. Бовар дорам, ки хушдоман, келин, хусур ва духтари деҳотиву шаҳрие дар зиндагӣ ёфт мешаванд, ки дар филм хислатҳои мусбату манфии худро кашф мекунанд. Албатта, духтарони камбизоате ҳастанд, ки ба ҷавонони бой ба шавҳар баромада хушбахт мешаванд, лекин дар бисёр мавридҳо ин гуна издивоҷ анҷоми нобарор дорад, зеро таънаву таҳқир ҷудоиро меоварад.

— Ба фикратон сурудҳоятон бароятон шӯҳрати бештар оварданд ё нақшофарӣ?

— Нақшофариам маро ба дили мардум наздик гардонид. Акнун бисёриҳо маро талқин мекунанд, ки аз сарояндагӣ даст кашида, танҳо дар олами синамо ҳунарамро сайқал диҳам.

— Рӯзи ошиқонро ҷашн мегиред? (Сӯҳбат рӯзи 14-уми феврал сурат гирифтааст.)

— Ман ҳанӯз ошиқ нашудаам. Вале дар Рӯзи Валентини муқаддас (ҳарчанд барои мусулмонон бегона аст) наздиконамро табрик мекунам. Ҳар шахсро шунидани он, ки касе дӯсташ медорад, шод мегардонад ва ман ба хотири шод кардани падару модар ва пайвандони дигару дугонаҳоям ин корро мекунам, зеро нисбати онҳо низ инсон дар дилаш муҳаббат мепарварад.

— Вобаста ба ҷашни мазкур аз ягон кас тӯҳфа гирифтед?

— Алҳол не, тариқи смс табрик намуданд. Аз мухлисонам шодам, ки маро фаромӯш намекунанд, дар ҳама ҷашнвораҳо орзуҳои некашонро дареғ намедоранд. Дастгирии онҳо маро рӯҳбаланд мегардонад.

— Филми дӯстдоштаатон кадом аст?

— Таваҷҷӯҳам бештар ба филмҳои тоҷикӣ равона аст. Бахусус, филмеро, ки худам дар он иштирок кардаам, чандин маротиба тамошо кунам ҳам, ба дилам намезанад.

— Ҳамаи ҳунармандон дар аввал тақлид мекунанд. Шумо низ ба касе пайравӣ мекардед?

— Касеро дар маркази омӯзиши худам қарор додан намехоҳам. Ҳар кас бо рафтору ҳунари худаш маҳбубият меёбад. Мо бояд дар касби худ якто бошем.

— Фарзона, чӣ гуна мошинро дӯст медоред?

— «Лексус». Се сол мешавад, ки ман соҳиби ҳуҷҷати ронандагиам. Агар ҳамин дӯстонам ҳамеша дар барам бошанд, Худо хоҳад, соҳиби мошин ҳам мешавам.

-Ташаккур барои сӯҳбат, ки вақтатонро дареғ надошта, барои хонандагони маҷаллаи «Дилкушо» доир кардед. Аз номи хонандагони маҷалла ба шумо равнақи кор орзумандем.

— Ба шумо ҳам ташаккур, апаҷон!

Ман бо ҳамаи рӯзноманигорон муносибати хуб дорам, бахусус, аз вақте ки филмро мардум хуш қабул карданд, занги телефонам хомӯш нест. Ҳатто дар муддати кӯтоҳ чанд маротиба рақами телефон иваз намудам, лекин аз мадди назари мухлисон ва журналистон дур нарафтам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 2

  1. dar naqshi dukhtari dehoti bozidaaton khub bud.

  2. Тарон бехтарин накшро офариди ошукиро чунон бозиди КИ тамоми мардум БА хайрат афтодан МАН мухлиси шумо Фируз. (firuz2323@mail.ru)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: