• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ҶАЪФАР СОИРОВ ҲАР СУРУД — ПОРАИ ДИЛ

Чахфар Соиров

Чахфар Соиров

Ҷаъфар аз насли ситораҳои мавҷи аввали даврони истиқлолияти тоҷикон, аз насли Баҳодур, Баҳром, Садриддину Сироҷиддин аст. ӯро ба ин кӯй на ҳаваси рӯякӣ, балки истеъдоди авлодӣ овардааст. Чунки дар хонадони онҳо ғайри ӯ Садриддини Наҷмиддин низ пешсаф аст. Мухлисонро дер-дер ба саҳна баромадани Ҷаъфар ба ҳайрат овардааст. Онҳо дар бораи ӯ сад тахмину гумон месозанд. Масалан, яке мегӯяд, ки Ҷаъфар хеле барвақт бо Садриддин ба Амрико рафта дигар барнагаштааст. Дигарӣ изҳор медорад, ки ӯ чун муҳоҷири меҳнатӣ рӯ ба мулки Русия овардааст.

Хуб, хонандагони азиз, акнун мехоҳед донед, ки Ҷаъфар дар куҷосту ба чӣ кор машғул аст? Мехоҳед донед, ки барои чӣ Садриддину Ҷаъфар бо вуҷуди хеш будан ҳамкорӣ намекунанд? Бодиққат бошед!

Ҷаъфар, барои чӣ имрӯзҳо камнамо ҳастед? Ё аз муҳити савту наво дилгир шудаед?

— Не, ҳаргиз ин тавр нагӯед! Агар дар чорабиниҳои давлатӣ ё барномаҳои фарҳангӣ кам ширкат варзида бошам, ин маънои онро надорад, ки аз санъату ҳунарам даст кашидаам. Майда-майда корҳоям пеш рафта истодаанд. Сурудҳои нав дар арафаи сабт ҳастанд. Шукри Худо, ба наздикӣ консертамро низ баргузор намудам. Магар аз ин дида бахти баландтаре ҳаст?

— Аз сатҳи баргузоршавии консерт розӣ будед?

— Албатта, аз замин то осмон розиям. Чунки толор аз ҳузури тамошобинон пур буд ва қарсаку дастгирии онҳо ба ман рӯҳу илҳом мебахшид. Ман барои мухлисонам ҳамеша мекӯшам, ки таронаҳои беҳтаринро рӯйи сабт оварам.

— Чаро дар ансамблҳои давлатӣ кор намекунед? Ё шумо низ мисли дигарҳо аз маошу имтиёзи кам менолед?

— Бовар кунед, ман хоҳиш доштам, ки дар корхонаҳои давлатӣ фаъолият барам. Ҳатто аллакай қарор бароварда будам, ки дар дастаи ҳунарии «Базморо» ба кор шурӯъ мекунам. Вале бо сабабе нияти ман мавқуф гузошта шуд.

— Мегӯянд, ки овозхони хушсалиқа Садриддини Наҷмиддин хешатон мешавад. Рост аст?

— Бале, рост аст. Садриддин писари холаам мешавад. Ҳамзамон тӯли солҳои зиёд мо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кардаем.

— Пас барои чӣ бо ӯ на ҳамкорӣ мекунеду на ягон дуэт сароидаед? Сабаб чист, ки ҳамроҳаш ба Амрико намеравед?

— Дар муҳити оилавӣ мо муносибати хуб дорем, бародарони ҷонӣ ҳастем ва ин ба фаъолияти касбии мо дахл надорад. Дар корҳои эҷодӣ бошад ман бо роҳи худам, Садриддин бо роҳи худаш меравад. Ҳамкорӣ накарданамон риштаи хешутабориро барнамеканад.

— Имрӯз танҳо бо санъаткорӣ зиндагӣ намегузарад. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки чӣ шуғли дигар доред?

— Медонед, агар ман ба ягон кори дигар машғул нашавам ҳам, Худованд ризқу рӯзии бандаашро мерасонад. Барои ҳамин ба он чизе, ки ҳаст, набояд ношукрӣ кард.

— Ҳар одам ба худ хислати номақбул дорад. Ба кадом хислатҳои манфии худатон иқрор мешавед?

— Мо инсонҳои хокӣ ҳастем ва албатта, бегуноҳу бенуқсон буда наметавонем. Ман низ дар замирам камбудӣ дорам, вале, ростӣ, ягон бор аҳамият надодаам, ки кадом хислатам манфӣ асту ба худам писанд нест. Хайр, минбаъд аҳамият медиҳам… (механдад)

— Тасаввур кунед, ки дар бозии лотерея сад ҳазор доллари амрикоӣ буридед. Аввалин кори анҷоммедодаи шумо бо ин қадар пул кадом мешавад?

— Аввал ба маъюбону бепарасторон хайру сахо мекардам. Гумон мекунам, ки барои инсоният дар тамоми ҳаёташ саховатмандӣ дар мадди аввал меистад.

— Аз нигоҳи худатон, кадом сурудҳо шуморо машҳур намуданд?

— Дар ҳар сурудам пораи дилам ҳаст. Ман барои тавъам намудани оҳангу матн баробар заҳмату бедорхобӣ мекашам ва барои офаридани образи нотакрор дар ҳар клип зиёд фикр мекунам. Маро ҳар нафар бо ҳар суруд мешиносад. Барои ҳамин ба саволатон пурра ҷавоб дода наметавонам.

— Орзуи беҳтаринатон…

— Намедонам, кадомашро беҳтарин гӯям…

— Дар бораи оилаатон чанд сухан мегуфтед…

— Ман соҳиби оилаи обод ҳастам. Ҳамсари сариштакор ва ду фарзанди солеҳ дорам.

— Ҳамсаратон кор мекунанд?

— Пештар кор мекард, аммо ҳозир не!

— Фаҳмо! Яъне шумо намегузоред, ки кор кунад…

— Не, ман ба кори вай монеъ намешавам. Лекин мӯҳтоҷ нестем, барои ҳамин…

— Фарзандонатон шуморо пайгирӣ кардан намехоҳанд?

— Алҳол эҳсос карда намешавад. Лекин агар хоҳанд, ки санъаткор шаванд, марҳамат, ман чизе намегӯям. Ихтиёр дар дасти бахтиёр аст. Касе, ки ҳунар дорад, вай дар ҷодаи санъат хор намешавад. Худованд на бар ҳар кас овоз ва имкони рӯйи саҳнаи калон баромаданро медиҳад.

— Филмҳои дӯстдоштаатон…

— Филмҳои ҷангӣ.

— Аз бонувони сароянда киро гӯш мекунед?

— Гугуш, олиҳаи Шарқ, аз ҳама беҳтар мехонад!

— Барои чӣ аз бонувон бо касе суруд намехонед?

— Ният дорам… Агар суруд омода шаваду кадом бонуе ҳамон сурудро ба таври бояду шояд иҷро кунад, бо ҳамон дуэт месароям.

— Дар вақти ғазаб кадом ибораро зиёд истифода мебаред?

— Беҳтараш, ба ғазаб намеоям.

— Мо метавонем албоми наватонро интизор шавем?

— Ҳатман! Дар албоми навбатӣ даҳ суруд бо клипаш ҷамъ оварда шудааст. Инчунин чанд таронае, ки бештар вирди забони мардум аст, дохил кардам. Номи албом «Фаромӯшам макун» мебошад.

— Барои чӣ «Фаромӯшам макун» аст? Шояд ба касе муроҷиат карданиед?

— Не, не. Ин номи як сурудам аст, ки бештар писандам гаштааст.

— Сухани охирин шумо…

— Раҳмат ба шумо, ба мухлисонам, ки маро фаромӯш намекунанд. Ба суроғам омада ҳолу аҳвол мепурсанд. Аз ин ман хеле хушҳолам.

— Саломат бошед! Бахт ёратон бод!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s