• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ТАЛАБШО МУҚИМОВ ФИЛМИ МОРО ХОРИҶИЁН ДИДАН МЕХОҲАНД!

Талабшо Мукимов

Талабшо Мукимов

— Талабшо, сараввал шуморо ба муносибати рӯи навор омадани филми «Беҳуда хорам мекунӣ» ва аллакай шӯҳратёр гардидани он табрик мегӯем. Мегуфтед, ки тавлиди филм идеяи кӣ буд?

— Филм идеяи ман буд ва сенарияи онро соли 2007 ба анҷом расонидам. Инак, филм пешниҳоди мардум гардид.

— Қаҳрамонҳо чӣ тавр интихоб гаштанд? Онҳо аз нигоҳи шумо аз ӯҳдаи нақши худ ба хубӣ баромадаанд?

— Бале. Мо барои интихоби қаҳрамонҳо тавассути радио ва телевизион озмун эълон карда гузаронидем. Аз рӯйи баҳои ҳайати ҳакамон беҳтаринҳо интихоб гаштанд. Аз қобилияти иштирокчиёни филм розӣ ҳастам ва гумон мекунам, ки баробари ман ҳамаи тамошобинон низ аз нақшофарии онҳо қаноатманд монданд, зеро нақшҳо ба чеҳраҳо мувофиқ афтодаанд.

— Медонед, ки бисёриҳо ҳангоми тамошои филм гиря мекунанд?

— Бале, тариқи зангҳои телефонӣ ва дар кӯчаҳо мардум мегӯянд, ки филм бисёр риққатовар аст. Ҳамзамон бисёр чеҳраҳои шинохта низ изҳор медоранд, ки ғайри филми «Беҳуда хорам мекунӣ» дар ягон филми тоҷикӣ мо ашк нарехта будем. Ҳатто мардон мегӯянд, ки ҳангоми тамошои филм бо сабру таҳаммул ашки худро фурӯ мебарем.

— Доираи тамошои филми шумо васеъ мешавад ё танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон боқӣ мемонад?

— Медонед, аллакай аз давлати ӯзбекистон ва Афғонистон даъватҳо ба амал омаданд. Як нафар коргардон бо номи Қаландаров аз мо барои филмро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардан иҷозат пурсид. Аз телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон хоҳиш намуданд, ки филмро дар телевизион пахш кунанд. Лекин ман ҳоло ба касе розигӣ надодаам.

— Барои чӣ? Магар намехоҳед, ки филм дар давлатҳои ҳамсоя низ шӯҳрат ёбад?

— Барои ман камтар вақт лозим аст. Мехоҳам, ки филм аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ паҳн шавад, то бубинем, ки мардум ба чӣ хулоса меоянд. Бигзор ҳамаи ҳамватанони мо тамошо намуда, дарси ибрат гиранд. Баъд он тарафашро фикр мекунем.

— Ёфтани сарпараст душвор набуд?

— Ягон филм бе маблағ намешавад. Ман орзу дорам, ки барои дастгирӣ намудани чунин лоиҳаҳои фарҳангӣ ҷавонмардони саховатпеша бештар бошанд, чунки чунин филмҳо пеш аз ҳама барои фарзандони онҳо ибратомӯзанд. Натанҳо Талабшоро, балки дигар коргардон ё маҷаллаи шуморо низ дастгирӣ намоянд.

Сарпарастони филми мазкур ба ман занг зада гуфтанд, ки мо аз ҳамон маблағи сарфкардаи худ пушаймон нашудем, баръакс, фахр кардем, ки ба сабти он саҳм гузоштем. Яке аз сарпарастони филм раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин буданд, ки хароҷоти ҳамаи лаҳзаҳое, ки дар деҳаи Симиганҷ шуда гузашт, таъмини хӯрду хӯрок ва ҷойи хоби ҳунармандонро бар ӯҳда доштанд. Дуввум директори корхонаи истеҳсолии «Ремстройдормаш» Нурматов Бекмурод мебошанд, ки камбудиҳои молиро рафъ намуданд.

Сеюм раиси ширкати «Муҳаммад-А» Абдулло Каримов ҳастанд, ки кӯмакҳои аввалиндараҷаи тиббиро расониданд ва як қисми маблағи ғизоро ба зимма доштанд. Қатори инҳо боз ҷавонмардоне буданд, ки барои ба сомон расонидани наворбардорӣ кӯмаки худро дареғ надоштанд. Ҳамаи сарпарастон ба мо хуб мадад карданд. Ба онҳо миннатдории худро баён медорам.

— Мегӯянд, ки ӯзбекфилмҳо аз филмҳои тоҷикӣ сатҳи баландтар доранд…

— Ман аз миш-миши бозори «Корвон» ва гуфтугӯи занҳое, ки аз бозори «Саховат» занг мезананд, инчунин суханҳое, ки дар дигар вохӯриҳо мешунавам, фаҳмидаам, ки ба фикри бинандагон филми «Беҳуда хорам мекунӣ» аз филмҳои ӯзбекӣ боло меистад.

— Ҳангоме ки худро дар экрани телевизион мебинед, чӣ гуна эҳсосот фарогиратон мешавад?

— Пештар, ҳангоме ки худро дар экран медидам, рӯҳбаланд мешудам. Ҳоло одат кардаам, дидани худам бароям ба чизи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Акнун вақте ки барномаам дар телевизион пахш мешавад, аҳамият намедиҳам, мисли он ки каси дигар бошад.

— Аз назари баъзеҳо шумо, Орзу Исоев, Субҳони Ҷалил, Комилҷон Холов тавонистед худро ҳамчун ситора дар соҳаи журналистикаи телевизион ва радио муаррифӣ кунед. Ба ин андеша розӣ мешавед?

— Аз шӯҳрате, ки имрӯз дорам, қаноатмандам. Аммо ҳанӯз гуфта наметавонам, ки аз шахсони дар боло номбаршуда касе ситора ҳаст. Мо ситора нестем, чунки моро фақат дар ҳудуди ҷумҳурӣ мешиносанд. Бояд Орзу Исоев қобилияти худро дар ҷаҳон нишон диҳад, зеро қудрат дорад. Субҳони Ҷалил низ истеъдоди хуби ровигӣ дорад, ӯро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки бояд дар хориҷа низ гӯш кунанд. Агар яке аз моро дар дигар давлатҳо бишиносанд, қабул кунанд, ман ҳамон нафарро ситора мешуморам.

— Худро дар кадом ҷода комилтар эҳсос мекунед: актёрӣ ё рӯзноманигорӣ?

— Дар ҳарду, зеро дар телевизион ҳам бо барномаи нахустинам, ки «Паймон» ном дошт, шӯҳратёр шудам. «Паймон» ба дили ҳама наздик гардид. Дар ҷодаи филмоварӣ низ муваффақ гардидам.

— Соли равон кадом нақшаҳои худро амалӣ кардан мехоҳед?

— Ният дорам, ки қисми панҷуму шашуми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро сабт кунам. Ғайри ин се сенарияи нав дорам, ки мехоҳам дар соли 2010 рӯйи навор ояд.

— Мошини шахсӣ доред?

— Не.

— Тамғаи  мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

— Ҳамаи мошинҳои замонавиро дӯст медорам. Орзу дорам, ки соҳиби мошин шавам. Имкониятҳои иқтисодиам хуб шаванд, ҳатман соҳиби мошин мешавам.

— Оилаатон чӣ аҳвол дорад?

— Оилаам хуб аст. Ба наздикӣ соҳиби духтарча шудем, завҷаам дар хона ба нигоҳубини тифл машғул аст.

— Намехоҳед, ки ҳамсаратон ба ягон мактаби олӣ дохил шавад?

— Ман розӣ ҳастам. Чанд маротиба гуфтам, ки агар розӣ бошӣ, ба риштаҳои писандидаат дохил мекунам, то маълумоти олӣ гирифта, дар ягон ҷо кор кунӣ. Ман рашк надорам ва идомаи таҳсил ба хоҳиши ӯ вобаста аст. Вале ҳамсарам мегӯяд, ки беҳтараш дар хона ба тарбияи фарзандон мешғул мешавам.

— Талабшо, боз бисёр чизҳоро аз шумо пурсидан мехостам, аммо аз лутфи шумо сӯистифода карда, вақти гаронарзишатонро зиёд банд кардан аз рӯи одоб нахоҳад буд. Шояд худи шумо дар хотима чизе гуфтан хоҳед?

— Ман маҷаллаи шуморо чандин маротиба дастрас кардаам. Мутолиа кардам, ба ман писанд омад. Аз ҳама муҳим сканвордҳои шавқовар дорад, саволҳои бамаврид омадааст. Хоҳиши онро дорам, ки теъдоди нашраш зиёд шавад ва сафи хонандаҳои маҷалла афзояд. «Дилкушо» бигзор дар байни дигар расонаҳои ҷумҳурӣ шӯҳрати зиёдро соҳиб шавад. Ба хонандагони маҷалла саломи хосаи маро расонед.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s