• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМИ ТОҶИДДИН ҲОЛО ШАВҲАР НАКАРДААМ

Шабнами Точиддин

Шабнами Точиддин

— Санъат канор надорад. Ҳунарманд бо кадом забоне, ки насарояд, ифтихори худаш бештар мегардад. Шахсан ман низ ба маданият ва урфу одати мардуми Ҳинд таваҷҷӯҳ дорам ва орзуеро дар дил мепарварам, ки баробари даст додани имконият ҳатман ба Ҳиндустон сафар кунам.

— Шабнам, мегӯянд, ки шумо муддате дар Русия будед. Оё рост аст?

— Не, ман аз ҳудуди Тоҷикистон берун набаромадаам, ин гуна овозаҳо асосе надоранд.

— Мегӯянд, ки сатрпӯш шудаед, вале ҳоло шуморо бесатр мебинам…

— Бовар кунед, ки ин ҳам аз ҳангомае беш нест. Овозаҳо суханони хушку холиянд.

— Миш-мишҳоеро, ки дар атрофатон паҳн мешаванд, чӣ гуна таҳаммул мекунед?

— Агар ҳангомаҳо ҷиҳати хубӣ дошта бошанд, албатта, барои ҳар инсон рӯҳбаландӣ меорад. Вале ба ҳар ҳол санъаткорон худро бояд ба пайдошавии ҳангомаҳо мутобиқ созанд, зеро ин талаботи касб аст. Шахсан ман аз он шод мешавам, ки мухлисоне дорам, ки дар ҷустуҷӯям ҳастанд, нисбати зиндагию фаъолияти ман бетараф нестанд.

— Шабнам, бисёриҳо тарҳи чеҳраатонро ба Манижа монанд мекунанд. Аз ин хабар доред?

— Бале, ман аз бисёр мухлисон ва аҳли санъат шунидаам, ки ба Манижа монандӣ дорам. Ростӣ, аз ин хушҳол мешавам. Ногуфта намонад, ки ман бо Манижа робитаи дӯстӣ дорам, мо бо ӯ доир ба масъалаҳои ба санъат вобаста бисёр маслиҳатҳо мекунем.

— Бори охир кай бо ӯ дидор доштед?

— Шаш- ҳафт моҳ мешавад, ки ҳамсӯҳбат нашудаем.

— Мухлисонатон дар ташвишанд, ки чаро Шабнами Тоҷиддин вақтҳои охир кам баромад мекунад?

— Ин тавр гумон намекунам, ман ҳамеша дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳукуматӣ ширкат меварзам. Танҳо дар маъракаҳои солинавӣ баромад накардам. Умед дорам, ки акнун дар ҷашни Наврӯз бо таронаҳои тоза хотири мухлисонамро болида мегардонам. Аслан ман фикр мекунам, ки дар ҳар як консерт баромад кардани ман шарту зарур нест. Медонед, мухлисон дилгир мешаванд.

— Яъне шумо «Дур — пурнур» гуфтаниед?

— Бале, агар сароянда ба саҳна дер-дер барояду таронаҳои нав офарад, ба манфиати кор аст.

— Шумо боре ягон таронаи падаратонро сароидаед?

— Медонед, то ҳамин муддат ман аз оҳангсозону шоирон матну оҳанг харида, корбаст менамудам. Аммо ба наздикӣ хоҳиши модарамро ба инобат гирифта, як таронаи қиблагоҳамро дар Рӯзи милиса рӯйи саҳна овардам.

— Номи тарона чӣ аст?

— «Ба нӯги панҷа мезанад».

— Магар ин тарона, ба қавли баъзеҳо, «духтарона» аст?

— Ҳангоме ки бобати рӯйи сабт овардани тарона бо ҳамкасбонам маслиҳат кардам, онҳо оид ба ибораи «дилбар» ибрози назар намуданд, ки суханони мазкур ҳам номи духтар асту ҳам маънои бурдани дил, яъне ошиқ шуданро дар назар дорад. Ба фикрам агар ин таронаро бону иҷро кунад ҳам, кори ғалат нест, чунки ифодаи «дилбари ҷон» маънои дил рабуданро дорад.

— Моҳи август озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» шуда гузашт. Андешаи шумо бобати озмун чӣ гуна аст?

— Озмуни мазкур барои кашфи истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекунад ва иштирок дар он барои ҳар ҳунарманди навраҳ имтиҳон аст. Тавассути чорабинӣ бо санъаткорони дигар давлатҳо шинос шудан мумкин аст. Ман аз он шодам, ки дар озмуни охирин маротиба баргузоршуда овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова мақоми аввалро гирифт.

— Чаро номзадии худро ба он нагузоштед?

— Ростӣ, он қадар ҳавас ҳам надоштам, ки дар он иштирок кунам. Озмун аслан барои муаррифӣ намудани чеҳраҳои нави боистеъдод аст. Бигзор ҷавонон дар он ширкат варзанд. Боз ҷояш меояд, ки мо ҳунарнамоӣ мекунем.

— Ҳангоме ки баромади шуморо тариқи телевизион нишон медиҳанд, хиҷолат мекашед ё баръакс ифтихор мекунед?

— Ҳаргиз шарм намекунам, балки эҳсоси ифтихору хушҳолӣ вуҷудамро фаро мегирад.

— Бисёр ҳунармандон ба санъати Ҳинд таваҷҷӯҳ доранд. Баъзеҳо инро бегонапарастӣ медонанд. Шумо чӣ?

— Санъат канор надорад. Ҳунарманд бо кадом забоне, ки насарояд, ифтихори худаш бештар мегардад. Шахсан ман низ ба маданият ва урфу одати мардуми Ҳинд таваҷҷӯҳ дорам ва орзуеро дар дил мепарварам, ки баробари даст додани имконият ҳатман ба Ҳиндустон сафар кунам.

— Тӯҳфаи гаронарзиштарине, ки аз мухлисонатон гирифтаед, кадом аст?

— Ҳадяи беҳтарине, ки аз тамоми мухлисонам доимо мегирам, дастаҳои гул ва мактубҳои пур аз лутфу меҳр аст.

— Агар имконият медоштед, дар кадом давлати дунё зиндагии якумраро ихтиёр менамудед?

— Дар назари ман барои зистан аз Тоҷикистон дида бароям давлати мувофиқтаре пайдо намешавад. Шояд муддати як-ду моҳ дар мулки бегона зиндагӣ ба сар бурда тавонам, лекин истиқомати якумраро ҳаргиз тасаввур карда наметавонам.

— Мабодо шавҳар накардаед?

— Не ҳоло.

— Писарчаатон чӣ ҳол дорад?

— Хеле хуб аст, дар синфи панҷуми мактаби миёна таҳсил дорад.

— Аз пайи касби бобоӣ рафтан намехоҳад?

— Айни замон дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона ширкат мекунад, суруд мехонад. Аз фанни тарбияи ҷисмонӣ ва суруд ҳамеша баҳои панҷ мегирад. Ростӣ, намедонам, ки ба вай чӣ гуна касб писанд аст. Агар ба сарояндагӣ истеъдоду шавқ дошта бошад, марҳамат, ман дастгирӣ мекунам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. оё ба бачаи кишлок шавхар баромадан мехохед?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s