• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ЁДГОРАИ СУННАТЗОД СУРУДУ ОҲАНГ — МАЪНИИ ҲАЁТАМ

Ёдгораи Суннатзод

Ёдгораи Суннатзод

Ёдгора дар саҳнаи мусиқии тоҷик шахсияти шинохта аст ва мухлисони худро дорад. Моҳи феврали соли гузашта нахустконсерти вай доир гардид, ки дар он гурӯҳи хаҷвии «Ғарибшо» ва Зиёвуддини Нурзод низ ширкат варзиданд. Худ шоҳиди он будам, ки ҷойҳои нишасти толор аз мухлисон пур буд. Боз тамошобинон пас аз анҷоми консерт изҳори норозигӣ баён мекарданд, ки Ёдгора кам суруд сароид. Айни замон бошад, Ёдгораро барои таҳияи барномаи ҳунарӣ ба давлати ҳамсояи Афғонистон даъват карда истодаанд. Мо хостем аз ҳаёти шахсии Ёдгораи Суннатзод як сӯҳбати кӯтоҳеро пешкаши хонандагон гардонем.

— Салом Ёдгора, чӣ ҳолу аҳвол доред? Ба назар чунин мерасад, ки вақтҳои охир дар барномаҳо иштирок намекунед…

— Ташаккур, ки суроғамон мекунед. Сиҳат ва саломатам. Барои чӣ мегӯед, ки камнамоям? Охирин маротиба дар консерти наврӯзӣ иштирок намудам будам. Ҳоло чун фасли шукуфоии табиат ва баҳори фархундапай аст, истироҳат мекунам.

— Дар куҷо истироҳататонро мегузаронед?

— Дар манзили модарам, ки берун аз шаҳр воқеъ гардидааст. Табиати ҳавлӣ баҳри дили инсонро мекушояд. Баҳор ба ҳар кас таъсири гуногун мерасонад: баъзеҳоро хоболуд мегардонад, дигарҳоро хастаҳол мекунад ва умуман дар ин айём истироҳат намудан аз манфиат холӣ нест.

— Шунидед, ки ҳамкасбатон Парвина Шукруллоева ба шавҳар баромад?

— Не, нашунидам. Вале тавассути рӯзномаи шумо ба ӯ хушбахтӣ, сарбаландӣ ва барори кори эҷодӣ мехоҳам. Ташаккур барои хушхабар! Мавҷудияти ҳафтаномаҳо хеле муфид аст. Чун рӯзномаҳо дар шакли электронӣ ҳам ба мардуми дар хориҷабуда мерасанд, дӯстонам занг зада мегӯянд, ки ин ё он мусоҳибаатро хондем.

— Ёдгора, барои ба муҳаббати мухлисон сазовор шудан хизмати онҳоро кардан мебояд. Оё шумо маъракаи касеро бепул обод кардаед?

— Медонед, на танҳо ман, балки дигар санъаткорон низ бе ҳаққи хизмат маъракаеро обод кардаанд. Хурсандии мухлисон хурсандии сароянда низ ҳаст, пас барои чӣ ба хотири пул аз хизмат даст кашем? Ғайр аз ин ҳамеша омодаам, ки дар шабнишиниҳои ёру дӯстонам тарона хонам.

— Хушбахтиро дар чӣ мебинед?

— Ман дар суруду оҳанг маънии ҳаётамро дарёфтам ва ин хушбахтии маро ҳузури духтарчаи ягонаам пурра мегардонад. Инсоне, ки касбашро дӯст медорад, маҳсули заҳматаш маблағи кофӣ наорад ҳам, фаъолиятро идома медиҳад. Ман аз тавлиди ҳар таронаи нав рӯҳбаланд мешавам ва ҳамеша ба ҳама кор омодаам, ки суруд бо шакли дилхоҳ ба дасти мухлисон расад.

— Мабодо нияти сафар кардан надоред?

— Таклифҳо зиёданд, аммо дар ин бобат ҳанӯз ҷавоби мусбат надодаам. Чун ба сафари ҳунарӣ меравӣ, бояд кӯлбори таронаҳои нав ҳамроҳ бошад. Табъи баланди мардуми хориҷро ба инобат бояд гирифт. Агар мо бо таронае, ки мардум аллакай тавассути диску телевизион шунидаанд, ба саҳна бароем, барнома дилгиркунанда мегузарад.

— Клипу сурудҳои худро гӯш мекунед?

— Бале, вале ин на ба он хотир аст, ки аз дидани баромади хеш завқ барам, балки барои ёфтани камбудиву иштибоҳи рухдода аст, ки барои ислоҳи кор дар оянда кӯмак мерасонад.

— Дар кадом мавзӯъҳо суруд хонданро дӯст медоред?

— Санъаткор танҳо як мавзӯъро интихоб намуда, хатои маҳз содир мекунад. Матн бояд фарогири мазмуну мӯҳтавои гуногун бошад, зеро шунавандаи ҳунармандро одамони синну соли гуногун ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз таваҷҷӯҳи шунавандаро ба ин ё он мавзӯъ бояд ба инобат гирифт. Ба як мавзӯъ қаноат карда, саҳна баромадан хоси овозхони асил нест.

— Боре ҳам аз иҷрои ягон тарона пушаймон шудаед?

— Не, ҳатто агар таронаҳоям камбудӣ дошта бошанд ҳам, пушаймон нашудаам. Интихоби матну оҳанг ду-серӯза нест, балки ҳафтаву моҳҳои дарозро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ҳунарманд оромона метавонад оҳанги мувофиқи дилашро пайдо созад. Суруд ба монанди тавлиди фарзанд аст ва чӣ хеле инсон ба ҳамаи кӯдакони худ муҳаббати якхела мепарварад, овозхон низ ба таронаҳояш чунин робитаи наздик дорад.

Ҷисматон хеле нафису нозук аст. Чӣ сиру асрор доред? Шояд ба ягон намуди варзиш машғул мешавед?

— Не, ман табиатан чунин ҳастам. Ба ягон намуди варзиш машғул намешавам. Чунки бо сабаби беморӣ табибон иҷозат намедиҳанд.

— Барои нигоҳдории таровати рӯй чӣ гуна ниқобҳоро истифода мебаред?

— Бовар кунед, ягон намуди ниқобҳоро истифода намебарам. Чунки рӯям тоза аст. Гумон намекунам, ки пӯстам ба истифодаи ҳар гуна воситаҳои зебоӣ ниёз дорад. Ҳангоми ба саҳна баромадан аз маҳсулотҳои ороишии Мarry Кaу истифода мебарам.

— Шампуни дӯстдоштаатон…

— Аз шампунҳои гуногун истифода мебарам. Бисёриҳо мегӯянд, ки агар одам аз шампунҳои гуногун истифода барад, мӯи сараш мерезад. Лекин ман аҳамият додам, ки агар шампун ба мӯй мувофиқ ояд, баръакс мӯй инкишоф меёбад. Ин вобаста аз организми инсон аст.

— Чун зан ҳастед, табиист ки бо ошхона сарукор доред. Мехостем ба хонандагони мо дастури ягон ғизо пешниҳод кунед…

— Чун фасли баҳор айни пухтупази меваҳост, истеъмоли салати мевагӣ айни муддаост. Барои салат аз ҳама гуна меваҳои дилхоҳ ба монанди банан, себ, лимон, нок гирифта майда реза мекунанд. Пасон як пиёла сметанаро илова мекунанд.

— Ёдгора, шояд саволеро интизор будеду ман надодам…

— Не, танҳо дар фарҷом ба идораи ҳафтанома ва хонандагони он пайғом мефиристонам. Ба ҳамаи шумоён барори кору тансиҳатӣ орзумандам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. салом ёдгора ма шуморо дуст медорам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s