• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҲАБИБА ДАВЛАТОВА ДАР ТУРКИЯ ВА ДУБАЙ БУДАМ

Хабиба Давлатова

Хабиба Давлатова

Ҳабиба Давлатова яке аз бонуҳои чеҳракушоди эстрадаи тоҷик аст, ки бо назокати худододу садои ҷаззобаш дили пиру барноро тасхир намудааст. Заҳмати беандозааш дар ҷодаи санъат ӯро машҳур намудааст ва акнун Ҳабибаи дилу дилҳо натанҳо дар барномаҳои дохилӣ, балки берун аз марзи ҷумҳурӣ низ ҳунарнамоӣ мекунад.

—  Салом, Ҳабиба, шунидем, ки дар арафаи Наврӯз сафари Маскав доштед. Шуморо даъват карданд  ё ихтиёран рафтед?

— Ба муносибати ҷашни фархундапайи баҳорӣ дӯстонам, ки муқими Русия ҳастанд, даъват карданд, ки ба муҳоҷирони тоҷик барнома пешкаш намоям. Сафар хеле хотирмон гузашт. Ман хеле хушҳолам, ки бо таронаҳои тоҷикӣ хотири ҳамватанонамро шод гардонидам.

— Боз дар кадом давлатҳо будед?

— Ба Туркия ва Дубай низ сафар доштам. Акнун орзу дорам, ки дар саҳнаҳои Амрикову Аврупо ҳам баромад кунам.

— Барои идомаи зиндагӣ ба хориҷа рафтан мехоҳед?

— Ман танҳо барои пешбурди фаъолияти эҷодӣ ба мамлакатҳои ҷаҳон сафар мекунам, зеро сайқал додани ҳунар ва муаррифӣ намудани таронаҳои зебои тоҷикӣ қарзи санъаткори асил аст. Ман бе Тоҷикистон нафас кашида наметавонам. Ҳатто дар сафарҳои кӯтоҳмуддатам зуд боду ҳавои ватан ва сӯҳбати дӯстону оилаамро пазмон мешавам.

— Хуб, замоне бо Сӯҳроби Сафарзод ҳамкорӣ доштед ва  дуэти шуморо дар расонаҳо танқид карданд. Хабар доред?

— Айни замон кори ман зиёд аст, Сӯҳроб низ ба корҳои хеш банд ва аз ин лиҳоз фурсати якҷоя рӯйи саҳна баромадан нашудааст. Ҳамзамон барои ҳамкорӣ намудан суруду оҳанги мувофиқ лозим аст. Баробари таронаи табъи дил ёфтан бо рӯйи саҳна мебароем. Бобати танқид гуфтаниам, ки мо аз танқидҳо бехабарем, баръакс таъриф шунидаем.

— Ба танқидҳо одатан чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

—  Алҳол бо чунин вазъят рӯбарӯ нашудаам. Вале тахмин мекунам, ки агар танқид бомаврид бошад, бо ҷону дил хатогиамро ислоҳ мекунам.

— Шумо тарроҳи либос доред?

— Не, барои иштирок дар консертҳо худам пироҳани мувофиқ интихоб мекунам. Макияж ҳам аз дасти худам меояд, лекин аксар вақт ба машшотахона меравам.

— Ҳабиба, намехоҳед, ки духтаронатон пайрави модар шаванд?

— Духтарони ман аллакай касби ояндаи худро интихоб намудаанду ба санъаткорӣ майлу рағбат надоранд. Онҳо мехоҳанд, ки дӯзанда бошанд ва аз ҳозир дар назди устодон нозукиҳои ин касбро меомӯзанд.

— Дар оянда либосҳои саҳнавии модарашонро медӯзанд, гӯед…

— Худо хоҳад, ман онҳоро дастгирӣ мекунам. Ҳунаромӯзӣ дар раванди зиндагии ҳар як бонуи оқилаву соҳиби хонаи обод лозим меояд.

— Бо кадом шоирону оҳангсозон ҳамкорӣ доред?

— Бо Сироҷиддин Фозилов, Бахтиёри Бегиҷон, Давлати Нур, Ҳасани Чилла ва Садриддини Наҷмиддин… Бо ҳамаи инҳо кор кардан бароям хуш  аст.

— Ҳабиба, шунидаед, ки Парвина Шукруллоева ба шавҳар баромадааст?

— Бале, шунидаам, хеле хурсанд шудам, ки Парвина бахти худро ёфт. Ба ӯ тавассути рӯзномаи шумоён хонаободӣ ва тавлиди фарзандони  дӯстрӯйро таманно мекунам.

— Чун ҳамкасби Фарзонаи Хуршед мебошед, дар мавриди қазияи ба сараш омада чӣ андеша доред?

— Ман бо оилаи Фарзонаино муносибати хуби дӯстона дорам. Аз он, ки ӯро ба додгоҳ кашиданд, маҳзун шудам. ӯ ҳунарманде буд, ки новобаста аз ҷавониаш дар кишварҳои хориҷ низ маъруфият ёфта буд. Орзу мекунам, ки Фарзона аз қайди тӯҳмату зиндон раҳо шуда зудтар ба назди пайвандону оилааш баргардад.

— Мегӯянд, ки дар байни бонувон нисбат ба мардҳо рақобат зиёдтар аст. Оё шумо инро ҳис мекунед?

— Бовар кунед, кор бе рақобат намешавад, чунки ҳама мехоҳад, ки дар мақоми аввал қарор гирад. Агар рақобат набошад ҳам, шахс танбал мешавад, барои пешравӣ кӯшиш намекунад. Рақобат натанҳо дар байни  занон, балки дар миёни мардон низ мушоҳида мешавад. Майдони муборизаву рақобат ин саҳнаи консертҳо аст.

— Ҳабиба, аз миёни журналистон бо киҳо дӯстӣ доред?

— Бо апаи Сабоҳат аз ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» ошноӣ дорам. Як мухлиси ҷавони ҳамаи сарояндаҳои эстрада Муҳаммадҷонро низ нағз мешиносам.

— Шуморо барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват кардаанд?

— Бале, ман аллакай дар филми «Тақдир» образ офаридаам.

— Чӣ гуна мошинро меписандед?

— Барои ман тамғаи мошин роли муҳим намебозад, зеро он барои худнишондиҳӣ нест, балки воситаи осон кардани кор аст. Ҳар мошине, ки коршоям бошад, ба табъи дили ман аст.

— Медонем, ки дар ресторани «Бохтариён» фаъолият мебаред. Сабаби ба ин даргоҳ рӯй оварданатон чист?

— Ман дар аввал дар ансамбли «Насими кӯҳсор»-и Филармонияи давлатӣ фаъолият мекардам. Он ҷо апаи Сафаргул роҳнамоям буданд. Худатон медонед, ки бо маоши давлатӣ зиндагӣ пеш намеравад ва ҳамин тавр бо пешниҳод ба «Бохтариён» омадам. Ба ин ҷо вақтҳои холигӣ омада меравам, зеро намехоҳам, ки аз фишори зиёд овозамро гум кунам.

— Садоятонро бо ягон воситаҳои махсус нугоҳубин мекунед?

— Не, ба овозам ғамхории ҷиддӣ зоҳир намекунам. Вале шукри Худо, ки то ҳанӯз садоям шираи худро аз даст надодааст. Лекин дар мавриди вазн ба низоми муайяни хӯрокхӯрӣ риоя мекунам, зеро фарбеҳ шудан намехоҳам.

— Чанд килограмм вазн доред?

— Ҳозир дар вазни 65 кг қарор дорам. Баъзан лозим меояд, ки ба диета риоя кунам.

— Ташаккур барои сӯҳбат, Ҳабибабону!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s