• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ҲАБИБ ҲАКИМОВ БО МАНИЖА КЛИП МЕСОЗАД? Ў БО МАНСУР БАРОДАРХОНД АСТ?

Хабиб Хакимов

Хабиб Хакимов

Ҳабиб Ҳакимов ба саҳнаи калон дер-дер мебарояд, лекин бо як таронае баромад мекунад, ки мазмуни баланд ва оҳанги шӯх дорад. Шояд шиораш «Шакарро камаш хуб» бошад. ӯ яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи овозадори «Фарзин» аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ шӯҳрат ёфтааст. Ин ҳафта мо хоҳиши хонандагони маҷалларо ба инобат гирифта, бо сарояндаи номӣ Ҳабиб Ҳакимов дар тамос шудем.

— Ҳабиб, шумо дар ҷараёни хомӯшии тӯлонии Манижа аввалин сарояндае ҳастед, ки бо ӯ дуэт сароидед. Ин тарона бо ҷаззобияти махсус сабт шудааст. Оё ният надоред, ки бо Манижа онро клип созед?

— Бовар кунед, ман он қадар ба клип ва дабдабаҳои он шавқу рағбат надорам. Пеш аз ҳама барои ман муҳим аст, ки таронаро бо махсусияти том сароям. Агар матн ва оҳанг ба таври бояду шояд бошад, ҳатман мақому манзалати худро меёбад ва барои шунаванда фарқ надорад, ки он клип аст ё сабти овозӣ. Таронаи хуб харидори худро дар бозор меёбад.

— Мехостем донем, ки дар фаъолияти эҷодии шумо чӣ навгониҳо зуҳур намудааст…

— Ҳозир каму беш ба эҷоди таронаҳои нав машғул ҳастам ва аллакай ду-се сурудро сабт кардам. Соли гузашта албоме бо номи «Сояҳо» сабт карда будам, имсол алҳол дар тараддуди баровардани албом нестам.

— Чаро шумо чун дигар ҳунармандон ҳар сол консерти худро баргузор намекунед? Умуман сабаби камнамоиятон чист? Шояд аз муҳити шеъру оҳанг дилгир шудед?

— Медонед, барои барпо намудани консерти шахсӣ бояд ҳамаҷиҳата омода бошӣ, то сурудҳо талаботи тамошобинонро қонеъ кунанд, дархӯри дард бошанд. Аз ин лиҳоз ман дар бораи ташкили консерт фикр намекунам. Лекин агар сафари ҳунарӣ бошад, бо ҷону дил меравам.

— Як таронаи шумо бо номи «Аҷаб, аҷаб нози ту…» муҳаббати зиёди мухлисонро ба даст овардааст. Моли кист он?

— Таронаро ба ман оҳангсоз Давлат Раҳматов пешниҳод карда буд. Дар ҳақиқат ман сурудро рӯйи сабт оварда, дар интихоб хато накардаам. Тарона шӯҳрати зиёд дорад.

— Мо метавонем гӯем, ки гурӯҳи «Фарзин» имрӯз ҳам арзи вучуд дорад?

— Ман соли 2004 аз ҳайати даста рафтам ва то имрӯз ба фаъолияти инфиродӣ машғулам. Дар мавриди он, ки «Фарзин» имрӯз фаъолият дорад ё не, чизе гуфта наметавонам.

— Овозхонҳои мо ба Аврупову Амрико озодона рафта меоянд ва барои ҳунарнамоияшон дар хориҷа ягон монеае нест. Шумо чунин ният надоред?

— Ман ба Амрико аз соли 1997 инҷониб боз сафар карда меоям. Дар он ҷо рафиқони зиёд дорам. Сафарҳои ман ба хотири рушди ҳунарам буд, ман дар он ҷо сурудҳоямро низ сабт намудаам. Вале ягон бор консерт барпо накардаам. Ба наздикӣ бо продюсер Зарина Болтуева нақша дорем, ки дар Амрико барномаи ҳунарӣ омода сохта барои форсизабонони кишварҳои гуногун пешкаш созам.

— Аксатонро бо Мансур дар сомонаи «Одноклассники» дида будам. Оё бо Мансур робита доред?

— Бо касе ҳамкорӣ надорам. Вале дӯстии устувор байнамон ҳукмфармоӣ мекунад. Аз ҷумла бо сарояндаи машҳури Эрон Мансур рафиқу бародарони ҷонием, ҳар гоҳ тавассути зангҳои телефонӣ аз аҳволи якдигар воқиф мешавем.

— Ба назар чунин мерасад, ки вақтҳои охир ҳунармандони ҷавон ба хотири дарёфти шӯҳрат бо лаҳҷаи эронӣ суруд мехонанд. Ба фикри шумо ин падидаи хуб аст ё …

— Ман байни лаҳҷаи эронӣ ва дигар лаҳҷаҳо фарқ намегузорам ва дар ин бобат андешаи манфӣ низ надорам. Тарзи эҷоди матн сарояндаҳоро водор месозад, ки ба лаҳҷаҳои гуногун суруд сароянд. Овозхон хоҳишу ҳуқуқи интихоб дорад. Ман низ бо лаҳҷаи форсӣ чанд тарона сабт кардаам, ки инро шеър тақозо мекард. Агар касе бо лаҳҷаи эронӣ рӯйи саҳна барояд, қабул мекунам.

— Хуб, Ҳабиб, мегузарем ба бахши саволҳое, ки шахсияти шуморо ба мо бештар муаррифӣ мекунанд. Бигӯед, ки агар як бори дигар таваллуд мешудед, кадом касбро интихоб менамудед?

— Шояд духтур мешудам… барои он ки дар хурдиам ба илми тиб таваҷҷӯҳи зиёд доштам ва фикр мекардам, ки дар оянда ҳатман табиб мешавам. Лекин бо мурури замон нисбат ба забонҳои хориҷӣ рағбат пайдо кардам. Ҳамин муҳаббати забономӯзӣ маро сароянда кард ва водор намуд, ки чанд забони давлатҳои дӯсту бародарро омӯзам.

— Забондонӣ ҷаҳондонист гуфтаанд. Бо кадом забонҳо озодона гап зада метавонед?

— Бо забони англисӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, русӣ.

— Дар ҷамъяит хеле кам аст, ки сароянда донандаи чанд забон бошад. Ихтисоси шумо чист?

— Ман факултаи иқтисодро ба итмом расондаам.

— Ҳабиб, ягон маротиба эҳсос кардаед, ки ба ронанда ва ҳимоягар эҳтиёҷ доред?

— Ростӣ, аввалҳо аз чунин намуди хизматрасонӣ истифода мебурдам, вале ҳозир эҳсос мекунам, ки ба ронандаву ҳимоягар эҳтиёҷ надорам. Замона тағирёбанда аст ва ҳама чиз вақту соати худро дорад.

— То имрӯз аз ягон нафар мухлисатон тӯҳфаи қимматбаҳо гирифтаед, ки истифодаи он бароятон лозим шудааст?

— Соли 2003 як нафар мухлисам дар рӯзи ҷашни зодрӯзам соати гаронбаҳое тақдим намуда буд ва онро чанд муддат мавриди истифода қарор додам. Лекин муттаассифона, баъдан соатро гум кардам.

— Мошини орзуҳоятон кадом аст?

— Бароям фарқ надорад, ки савори кадом мошин ҳастам. Мошин нақлиётест, ки кори инсонро осон мекунад, яъне дар муддати зуд шахсро аз як ҷо ба ҷои дигар бурда мерасонад. Шояд сабаби шавқу ҳавас надоштанам буд, ки то имрӯз танҳо ду маротиба мошинамро иваз намудаам.

— Китоби рӯимизии шумо…

— Асарҳои классикон, ба монанди А. Ҷомӣ, Ҳофизу Саъдист ва боз бештар ҳафтаномаҳои хабарӣ мутолиа мекунам.

— Барори кор, Ҳабиб!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s