• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

АЛБОМИ НАВИ ҶОНИБЕК МУРОДОВ БАРОМАД!

Чонибек Муродов

Чонибек Муродов

Ҷонибек Муродов дар ҳисобаш аллакай се албоми бобарор дорад. Лекин пайдоиши албоми навро — «Ман на манам, на ман манам» дӯстдорон бо бетоқатии махсус интизор буданд — ба ҳар ҳол шӯҳрати ҳофиз беҳад зиёд гашт. Ба албоми нав таронаҳои аз ҳама машҳури ҳофиз дар солҳои 2009-2010 дохил гаштанд, дар баробари ин аксарияти таронаҳо дар оҳанги қатъиян нав ва ғайриоддӣ пешниҳод шудааст.

Ба қатори таронаҳои албом навгониҳое, ки аллакай дар радиоэфир муваффақ гаштанд, — сурудҳои «Пир манам, ҷавон манам» ва «Хазонрез» дар дуэт бо артисти мардумии ИҶШС Ҷурабек Муродов, дохил шуданд. Ҳамчунин ба албом таронаҳои «Дилбар», «Нигорам», «Дурӯғгӯ», «Хоҳад шуд», «Биё», «Биё ёр», «Дона-дона», «Замона ҳастӣ», инчунин 3 таронаи русӣ дохил гаштанд: «Песни для любимой», «Глаза» ва «Забери».

Ҳар як тарона — таронаи билқувва машҳуртарин ва ҳунарнамоии ҳақиқист, ҳар як сония — пур аз лаззат ва овози зиндаст. Ҳама чиз хушоҳанг аст. Бе ягон зиёдатӣ ва бе ягон норасоӣ. Ҷонибек ҳофизест, ки худро содиқона ба мардум мебахшад. Вай ба мисли ҳаёт ба ҳайрат меандозад ва мафтун месозад, дар як ҷо намеистад, қуллаҳои навро фатҳ мекунад. Вақт чӣ арзиш доштани Ҷонибек Муродовро нишон дод, ва албоми нави «Ман на манам, на ман манам» исботи олии он мебошад.

Лекин овозхон вақти шараф доштанро надорад, ва ҳозир бо тамоми қувваташ тайёрӣ барои ба навор гирифтани клипи наваш тайёрӣ дида истодааст. Ба кадом суруд тааллуқ доштани видео, сюжет ва макони амал ҳоло махфӣ мебошад. Аз мағозаи наздиктарин харидани албомро фаромӯш насозед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: