• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

БИПАША БАСУ ДАР ДУБАЙ МАРО ҲАБС КАРДАНД

Бипаша Басу

Бипаша Басу

Ин духтараке, ки дар бисёр рекламаҳои ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ иштирок карда, баробари ин дили мухлисони олами синаморо тасхир кардааст, сазовори бисёр унвонҳои баландмартаба ва ҷоизаҳо гардидааст. Дар синни 16-солагӣ аллакай дар озмуни модели «Godrej Cinthol» ҷойи аввалро гирифтам. Дар синни 17-солагӣ дар Флорида дар озмуни байналмилалии моделҳо ба гирифтани мақоми саввум сазовор шудам.


— Бипаша, номатон чӣ маънӣ дорад?

— Ба фикрам, «хоҳиши чуқур доштан».

— Каме дар бораи оилаатон нақл мекардед…

— Ман дар Деҳлӣ ба дунё омадаам, вале баъдтар оилаи мо ба Калкутта кӯчид ва маҳз дар ин ҷо ман қадамҳои бобарорамро дар ҷодаи моделӣ гузоштам. Чун бо забонҳои ҳиндӣ, англисӣ ва бенгалӣ озодона сӯҳбат карда метавонистам, дар синамо ҳам комёб гардидам.

— Орзуи ҳунармандиро аз овони хурдӣ дар дил мепарваридед?

— Дар давраи мактабхонӣ ба варзиши баскетбол шавқу завқи беандоза доштам, вале табиб шудан мехостам. Ҳангоме ки мактабро хатм кардам, қарор баровардам, ки дар маркази савдо ба кор даромада муҳосиб мешавам. Ҳатто дар Калкутта ба омӯхтани асосҳои кори менеҷментӣ шурӯъ намудам, вале қисмат роҳамро ҷониби дигар тоб дод.

— Яъне чӣ тавр?

— Дар синни 16-солагӣ аллакай дар озмуни модели «Godrej Cinthol» ҷойи аввалро гирифтам. Дар синни 17-солагӣ дар Флорида дар озмуни байналмилалии моделҳо ба гирифтани мақоми саввум сазовор шудам. Он ҷо ман мошини тамғаи «Форд»-ро реклама кардам ва пасон ба Ню-Йорк даъват шуда, бо аксам муқоваи бисёр журналҳоро зеб додам. Ҳатто дар Флорида чемодани маро дуздиданду ман бе ягон либоси иловагӣ мондам, аммо сарпарастони озмун маро ба пуррагӣ таъмин карданд.

— Агар ба синамо омада наметавонистед, кӣ мешудед?

— Шояд муҳосиб… Гумон мекунам, ки дар ин пайроҳа қобилиятам басанда аст, зеро математикаро хуб мефаҳмам.

— Аз оилаатон алоҳида зиндагӣ мекунед?

— Ман инсони оиладӯстдорам, аз волидонам ҷудо буданро намеписандам. Барои ҳамин орзу дорам тақдирамро бо касе пайвандам, ки як умр дар паҳлӯям истода тавонад.

— Дар бораи номзадатон гап задан намехоҳед?

— Медонед, ману Ҷон Абраҳам якдигарро дӯст медорем, вале матбуоти даврӣ дар бораи бевафоии мо нисбати якдигар гумонҳояшро ба табъ расонда, моро безор кардааст. Мо танҳо аз он ҷиҳат азият мекашем, ки ҳамеша дар сафарему ба дидори ҳам кам мерасем. Бисёр овозаҳо паҳн карданд, ки гӯё мо ҷудо шудем, лекин ба ростӣ, ҳангомаҳоро шунида хандаамон меояд.

— Мегӯянд, ки шумо дар ҳабс ҳам будед…

— Медонед, кори моделӣ бе ҷангу ҷанҷол пеш намерафт. Боре ман дар расонае, ки дар Дубай нашр мешуд, бо даҳшат хондам, ки гӯё барои вайрон намудани меъёрҳои ахлоқӣ ҳабси кӯтоҳмуддат гирифтаам. Ҳамзамон матбуот муносибати ману Карина Капурро нодуруст шарҳ дода, аз мо душманони ҷонӣ сохтаанд. Гӯё ман дар ким-кадом расонаи хабарӣ гуфта бошам, ки Карина ба ман ҳасад бурда, фишорам меоварад.

— Асрори зебоиятонро шарҳ дода метавонед?

— Агар табъам болида бошад, ба назар дилкаш менамоям. Аммо андӯҳ чеҳраамро бенуру тароват карда метавонад. Аз ҷиҳати тану андом ба пайи волидонам рафтаам. Организмамро бештар бо афшураи мевагӣ ва оби оддӣ тоза мекунам.

— Ба варзиш машғул мешавед?

— Дар як ҳафта фақат ним соат вақтамро ба варзиш мебахшам. Вақтам намерасад, баробари ба хона расидан мехоҳам, ки зуд ба бистар дароям.

— Барои хароб ё фарбеҳ шудан парҳез намедоред?

— Медонед, як сол пеш маҷбур будам, ки бо сабаби зиёд шудани вазнам ҳар рӯз бо Ҷон Абраҳам ба толори варзиш равам ва диетаи ҷиддиро риоя кунам. Харобшавӣ ба хотири иштирок дар филми «Dhoom» буд.

— Муносибати ошиқонаи шумо чанд сол аст, ки идома меёбад?

— Мо аз соли 2002 инҷониб вомехӯрем, лекин барои издивоҷ саросема нестем. Дар чанд филм ба монанди «Jism», «Madhoshi», «No Smoking», «Dhan Dhana Goal» ва «Mad in Love» якҷоя будем ва ин муносибатҳоямонро қавӣ гардонид.

— Ошхонаи дӯстдоштаатон кадом аст?

— Ман муддати зиёд дар Лондон зиндагӣ кардаам, ғизоҳои онҷоро дӯст медорам.

— Худатон дар кадбонугӣ ҳунар доред?

— Ба ҳар ҳол, агар модарам дар хона набошад, худам таом мепазам, шумо гумон накунед, ки ҳунармандони машҳур дар масъалаи пухтупаз бе дасту поянд.

— Оё орзуе доред, ки то имрӯз амалӣ нашудааст?

— Аз давраи кӯдакиам бисёр орзу мекардаму вале он орзуҳо ҳанӯз амалӣ нагардида, хоҳишам дар дил хомӯш мегардид. Вале ба баъзеи он муваффақ гардидаму ба баъзеашон, ки зуд фаромӯш мекардам, ҳатто афсӯс намехӯрам. Орзу ширин аст. Новобаста аз он ки ман барои ба даст овардани он ҷиддиям ё не, ҷаҳони хаёламро бо орзуҳои рангин оро медиҳам.

— Хуб, Бипаша, дар бораи мухлисони ашаддиатон чӣ гуфта метавонед?

— Ҳамаи нафаронеро, ки ба ҳунарам эҳтиром мегузоранд, ҳурмат мекунам. Новобаста аз он ки баъзе мухлисонам медонанд, ки ман бо Ҷон муносибати ошиқона дорам, ба ман ошиқ шуда, ба дилам роҳ ҷустан мехоҳанд. Мекӯшам ба онҳо ҷавоби бародарона диҳам, лекин дар охир онҳо дилозурда мешаванд.

— Аз кадом шампун истифода мебаред?

— Аз маҳлулҳое, ки дар таркибашон витаминҳои мевагӣ доранд. Аллакай мӯйи ман ба он одат кардааст ва дар сурати ҳатто як маротиба иваз кардани шампунам, мӯйи сарам ба назарам баднамо мешавад.

— Ҳангоми навор аз гримм бисёр истифода мебаред?

— Истифода мебарам, аммо ба худам тамоман писанд нест. Вале талаботи кори синамо гримм кардан аст ва аз ин кор, ҳатто агар ман зид бошам ҳам, имкони саркашӣ нест.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: