• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ДАЛЕРИ ХАЙРИДДИН ҲУНАРРО ХОР НАКУНЕД

Далери Хайриддин

Далери Хайриддин

Дастаи овозадори «Дарё» баробари ҳунармандони маъруф ба монанди Малика Саидова, Қурбони Абдулло, Муҳаррамаву боз дигарон ҷавонони соҳибистеъдодеро ба мисли Нигинаву Далер низ ба оғӯши худ гирифтааст. Ҷавонони ин даргоҳ дар паноҳи устодони мусиқии тоҷик зуд нумӯ ёфта мақоми худро дар ҷомеа меёбанд. Далери Хайриддин аз хурдӣ ба санъат дилбастагӣ дорад. Хатмкардаи коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов мебошад. Айни замон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар курси саввум таҳсил мекунад. Чандест хонандагони «Дилкушо» хоҳиш мекунанд бо ӯ сӯҳбате омода ва пешкашашон кунем. Ҳоло ин дархостро ба ҷо меорем.

— Далер, чанд муддат аст, ки дар ансамбли «Дарё» кор мекунед?

— Аз соли 2006 инҷониб аъзои ин дастаи овозадор ҳастам. Имрӯз «Дарё» хонаи дуввум ва таронаҳояш пайванди ҷонам гаштаанд. Ифтихор дорам, ки дар назди устодони беҳтарини санъати тоҷик илми мусиқӣ меомӯзам, аз таълими онҳо бархурдор мешавам ва бо оҳангсозони ботаҷриба ҳамкорӣ дорам. Ҳар маслиҳату роҳнамоии онҳо ба ман нерӯву тавон мебахшад.

— «Дарё» дастаи машҳур асту ба он роҳ ёфтан мушкил. Чӣ гуна шумо ба кор қабул шудед?

— Тавассути озмуни тақдирсозе, ки дар он баробари ман тахмин сад-яксаду панҷоҳ нафар довталабон иштирок доштанд, ба ансамбл ба кор даромадам. Пушаймон нестам, ки дигар дастаро неву «Дарё»-ро интихоб намудам. Аз рӯйи мушоҳидаҳоям медонам, ки дар ҳайати ансамбли мазкур беҳтарини беҳтаринҳо фаъолият мекунанд. Ҷавонони лаёқатманд ҳам зиёданд.

— Саидқул Билоловро устоди сахтгир мегӯянд. Шумо кадом хислатҳои он касро арзёбӣ мекунед?

— Охир роҳбар бояд сахтгир бошад, зеро масъулияти калон ба дӯшаш аст. Устод сахтгирӣ кунанд ҳам, бо мақсади пешравӣ аст. Масалан, агар ба кор бе омодагии ҷиддӣ биёем, ҳатман танбеҳ мешунавем. Бо вуҷуди ин дар замири он кас меҳрубониву ғамхорӣ нисбати аъзоёни ансамбл нуҳуфтааст. Ҳар таронаи мо аз дили устод сарчашма мегирад.

— Аз ҳунармандони эстрада эҷодиёти киро меписандед?

— Ба ҳунари Аҳмад Зоҳир, Кароматуллоҳи Қурбон ва Тоҷиддини Муҳиддин таваҷҷӯҳам зиёд аст.

— Барои чӣ шумо дар консертҳои тиҷоратӣ иштирок намекунед?

— Ба он хотир, ки дар чунин барномаҳо ҳаққи хизмати ҳунарманд пардохт намешавад. Аниқ аст, ки ташкилкунандагони консерт аз баромади ҳунармандони сершумору тамошобинони бисёр даромад ба даст меоранд, вале сарояндаро бо дасти холӣ мегузоранд. Овозхон бояд ҳамеша ҳаққи хизматашро гирад, чунки таронаи вай ҳам бе хароҷоту ташвиши кам сабт намешавад.

— Сарпараст доред?

— Ман таронаҳоямро бо кӯмаки волидон ва кӯшиши худам рӯйи сабт меорам. Дар ин замон ёфтани сарпарастоне, ки дар ҳақиқат ҳам мехоҳанд санъату фарҳанги тоҷик пеш равад, кори душвор аст. Бе дастгирӣ ҳунарманд рӯҳафтода ва ҳунараш хор мешавад.

— Ба фикри шумо шахси боистеъдод, вале бепул, метавонад шӯҳрат ёбад?

— Саволи бомаврид додед… Ба андешаи ман истеъдод бошад ҳам маблағ ҳатман лозим мешавад. Баъзе нафарон бо сабаби надоштани маблағи кифоя тарки саҳна кардаанд. Баъзан худи сарвари давлат чеҳраҳои соҳибистеъдодеро, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастанд, дида барои идомаи фаъолият ба ин ё он ансамбл тавсия менамоянд. Ба шарофати таваҷҷӯҳи президентамон Эмомалӣ Раҳмон бисёр сарояндагон ба пойтахт омада, дар ансамблҳои номдор кор мекунанд ва дар ҷашну чорабиниҳои давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд.

— Як худатон тани танҳо метавонед маъракаеро обод созед?

— Ман ҳанӯз аз замони дар синфи ҳаштум хонданам ба тӯйҳо мерафтам. Он замон бо як гурӯҳ бачаҳо бо номи «Авҷи Зуҳал» дастае доштем. Имрӯз ҳам шукронаи дари мардум, ба тӯйҳо меравам ва аз ин ҳисоб ҳунарамро ҳам пеш мебарам.

— Аз таваҷҷӯҳи мухлисонатон хаста намешавед?

— Ҳаргиз! Ҳузуру дастгирии онҳо маро водор месозад, ки бештар ҳунарамро сайқал диҳам. Мухлисон ҳунарманди худро машҳур менамоянд. Мехоҳам, ки бо вуҷуди серкорӣ дили онҳоро наранҷонам ва бо ҳамаашон баробар муомилаи хуб дошта бошам.

— Пас аз бист сол худатонро дар кадом сатҳ тасаввур мекунед?

— Бист сол умри дарозест ва Худо медонад, ки дар ин муддат андешаҳои инсон чанд маротиба тағйир меёбанд. Мехоҳам, ки дар ин муддат нозукиҳои жанри интихобнамудаамро аз худ кунам ва мақоми худро дар ҷомеа пойдор гардонам. Дар оилаи мо қариб ҳама санъаткоранд. Шояд муҳити созу наво ва сурудхонии падару амакҳоям буд, ки муҳаббати мусиқӣ дар дилам чуқур маскан гирифт.

— Оё аз нафаре аз мухлисон тӯҳфаи гароннарх гирифтаед?

— Ба нархи тӯҳфа нигоҳ намекунам, муҳимтар он аст, ки мухлисонам маро ҳурмат карда, наздам меоянд.

— Оиладор ҳастед?

— Ҳоло барои барпо намудани оила вақти зиёд дорам. Ҷавонмардон бояд, ки аввал дар зиндагӣ комил шаванд, соҳиби хонаву кор шуда пасон оиладор гарданд. Аз нигоҳи ман 25-солагӣ барои ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштан синни мувофиқ аст.

— Бисёриҳо намехоҳанд, ки ҳамсарашон маълумоти олӣ дошта бошад. Шумо чӣ?

— Ман мехоҳам, ки ҳамсафари ояндаам аз илмҳои замона бохабар бошад. Як мисоли оддӣ орем, ки ман бо тақозои касбу кор ба сафар мераваму тарбияи фарзандон боз ба дӯши зан мемонад. Масъулияте, ки зан ба дӯш дорад – тарбияи фарзандон, масъулияти азим аст.

— Як ҷаҳон ташаккур барои сӯҳбат. Ба шумо роҳи дурударозу пур аз комёбиҳоро дар ҷодаи санъат таманно мекунем.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: